nahzat.tj
Ба иттилоъи Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати кишвар, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумат ба иттилои шаҳвандони хориҷӣ мерасонад, ки «Дар бораи муқаррар намудани квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шуд:
«Шаҳрвандони хориҷие, ки фаъолияти меҳнатиро дар асоси санадҳои байниҳукуматӣ ё байнидавлатӣ амалӣ менамоянд, инчунин мутахассисони баландихтсоси хориҷие, ки барои рушди иқтисодиёти ҶТ ба ширкатҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ ҷалб гардидаанд ба квотаи мазкур дохил намешаванд».
Мутобиқи Сарқонуни ҶТ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои дахлдор кафолат дода мешавад.
Шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон барои иқомати муваққатӣ омадаанд, ба фаъолияти муайяни меҳнатӣ ба шарте машғул шуда метавонанд, ки он ба мақсадҳои ба Тоҷикистон омаданашон мувофиқ мебошад.
Шаҳрвандони хориҷӣ бо шаҳрвандони ҶТ дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои баробар доранд.
Саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иқтисодиёти ҷаҳон назаррас буда, аз он ҳам давлати содиркунандаи қувваи корӣ ва ҳам давлати қабул кунанда, манфиати калони иқтисодӣ ба даст меоранд.
Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои содиркунандаи қувваи корӣ ба хориҷа мебошад ва дар арафаи ворид шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) қарор дорад, ин иқдом саривақтӣ буда, ба ҷалби сармоягузорӣ ва инвеститсияи хориҷӣ дар ҷумҳурӣ кӯмак менамояд.