Иззат Амон, раҳбари созмони Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия бо унвони муроҷиати расмӣ дар саҳифаи фейсбукии худ ба Вазири Корҳои Дохилии кишвар, Рамазон Раҳимзода навиштааст, ки баъд аз нашри муроҷиаташ ба раисиҷумҳур, Эмомалӣ раҳмон оиди вохӯрӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар Маскав шахсони номаълум ба телефони дастиаш аз номи корманди ВКД таҳдидаш мекунанд. “Шахсони номаълуме ба телефони ҳамроҳи ман занг зада худро кормандони ВКД муаррифӣ карданд. Ҳини сӯҳбат ин шахсон бо таҳдид аз ман талаб карданд, ки матни муроҷиатномаро аз саҳфаи худ дар сомонаи фейсбук пок кунам. Гӯё ин ки ВКД кайҳо нисбати ман парвандаи ҷиноӣ боз кардаасту мунтазири бозгашти ман ба Ватан мебошад. Онҳо гуфтанд, ки замони бозгашт онҳо, (яъне кормандони ВКД) ҳатман ин дафъа маро боздошт карда, ҳабс мекардаанд. Мехоҳам тазаккур намоям, ки раисҷумҳур Раҳмон на фақат раисҷумҳури як гурӯҳ кормандони ВКД ва ё кадом ниҳоди дигар, балки сарвари давлат ва раҳбари тамоми кишвараст. Ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ новобаста аз пусту нажод ва мақоми доштааш дар ҷомеъа тибқи Сарқонуни кишвар ва дигар қавонини шаҳрвандӣ ҳуқу қдорад ба раисҷумҳур муроҷиат намояд. Раисҷумҳур ҳамчун як масъули давлатӣ ки барои чанд сол аз ҷониби мардуми кишвар интихобу таъин мешавад боз ҳам тибқи ҳамон Сарқонун ногузираст ба ин муроҷиат ҷавоб диҳад. Мо низ дар чаҳорчӯбаи ана ҳамон Сарқонун аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва шаҳрвандии худамон истифода бурда аз раисҷумҳури кишварамон хоҳиш кардем бо пайдо шудани вақт ва имконот бо муҳоҷирини кишвар вохӯрие гузаронанд. Бале, мо аз сафорату консулӣ низ дар муроҷиатномаамон ёд кардем”.
Ин дар ҳолест, ки дирӯз Иззат Амон ба раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ дар саҳифаи фейсбкиаш муроҷиати расмӣ карда буд, ки дар он навишта шуда буд: “Мӯҳтарам Президент аввалан Шумо ва дар ваҷҳи Шумо тамоми мардуми кишварро ба рузи иди ғалаба бар фашизм табрик ва муборакбод мегуям. Хушҳол аз онем, ки Шумо миллатро дар қатори намояндагони дигар кишварҳо дар Руссия намояндагӣ мекунед.
Бо истифода аз он имконоте, ки фароҳам гаштааст, мо як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кору фаъолият менамоем мехостем бо Шумо вохӯрие анҷом дода, аз мушкилоти муҳоҷирини тоҷик суҳбат намоем”.
“Ба самъи Шумо мерасонам, ки қабл аз расидани Шумо ба Маскав фашистон боз як шаҳрванди Тоҷикистонро бераҳмона қатл намуда, сарашро аз танаш ҷудо карданд. Мисли ин, дар хоки ин кишвар ҳама рӯза фишору таҳдиду куштор нисбати шаҳрвандон зиёд шуда истодааст.Пушида нест, ки қисмати зиёди будҷаи кишвар аз ҳисоби маблағи фиристодаи муҳочирин мебошад. Ва сабаби боло рафтани қурби доллар нисбат ба пули миллӣ низ кам шудани маблағи интиқоли муҳоҷирин ба Ватан мебошад. Мисли ҳамин як қатор мушкилоти дигар низ муҳоҷирини тоҷикро, ки дар ин кишвар кору фаъолият менамоянду оилаҳояшонро таъмин мекунанд думбол мекунанд.
-Бо пайдо шудани имконот ва вақт аз Шумо хоҳиш менамоем бо ноноварони кишвар вохӯрие г узаронед. Вале ин вохӯрӣ набояд бо рӯйхати сафорату консулгарӣ сурат гирад. Агар чунин шавад муҳоҷирони воқеӣ ҳеҷгоҳ имкони дар он лист қарор гирифтанашон пайдо намешавад.
Умедворемтаклифиморо рад намекунед”-омада буд дар муроҷиати раиси созмони Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, Иззат Амон.
Ҳамчунин дар муроҷиати имрӯзаи Иззат ба вазири корҳои дохилӣ омадааст, “ҳамарӯза дар назди бинои консулгарӣ садҳо нафар ба хотири ба даст овардани ин ва ё он ҳуҷҷат ҷамъ меоянд. Консули Тоҷикистон дар Русия, Ашраф Гулов ва сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Имомуддин Сатторов барои тағйири вазъ чора намеандешанд. Садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳои махсуси Руссия моҳҳо интизорӣ ба Ватан баргаштан мемонанд. Вазъ дар ин зиндонҳои махсус (спецприёмник) вахим аст. Теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ба шароити бади нигаҳдории зиндон тоб наоварда, ба касалиҳои гуногун гирифтор мешаванд. Бо ин ҳол, на сафорату консулгарӣ, на намояндагии хадамоти муҳоҷират дар Русия, на намояндагии ВКД дар ин кишвар дар ин самт, ки масъулияти асосии онҳо ҳисоб меёбад кор намебаранд”.
Оғои Иззат менависад, ки шумораҳои телефонии сафорату консулгарӣ дастнорасанд ва ҳангоми ғайриқонунӣ боздот шудани шаҳрвандони Тоҷикистон аз сӯи пулиси ин кишвар имкони занг задану хабар додан ба сафорату консулгарӣ вуҷуд надорад. Ва дар ҳолати тамос гирифтан бо ин ниҳод ҳеҷ вокунише аз ҷониби онҳо барои озод кардани шаҳрванди Тоҷикистон нишон дода намешавад.
Оиди намояндагии ВКД дар Русия низ Иззат Амон навиштааст, ки “намояндагии ВКД дар Русия ба ҷои адои вазифаҳои дар наздаш гузошта (ҳимояи шаҳрвандони Тоҷикистон ва расонидани кумаки ҳуқуқӣ) думболи донишҷӯёне мегарданд, ки дар ин ё он ҷо ҳарфе гуфтаанд. Масъулини намояндагии ВКД дар Русия донишҷӯёни тоҷикро дар Маскав даъват карда барои ин ё он корашон таҳдид кардаанд. Магар таҳдиди донишҷуён вазифаи кормандони ВКД аст???
Ҳадаф аз вохурии мо бо Раисҷумҳури кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ гуфтани ҳамин мушкилиҳо буд, на чизи дигар. Вале касоне аз ниҳоди зертобеи Шумо занг зада ба мо ва хонаводаи мо таҳдид мекунанд. Мо аз забони худи сарвари давлат чандин борҳо шунидем, ки мегуфт: “мушкилиҳоро бигӯед, аз ҳеҷкас натарсед”!!! Дақиқан ҳамингуна бархӯрди мақомоти давлатӣ аст, ки сабаб мегардад то ҷавонони тоҷик дилсард гашта, ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ бипайванданд. Яъне дар асл ҷинояткор анна ҳамингуна масъулони бемасъулият ҳастанд, ки миёни мардум ва ҳукумати кишвар рахна меандозанд. Сабаби талаби истеъфо ва бозхонди консули Тоҷикистон дар Русия Ашраф Гулов низ ҳамин мебошад, на чизи дигар. Маълум аст ки вазифаи аслии ниҳодҳои бехатарии кишвар ва хоссатан ниҳоди зертобеи Шумо таъмини бехатарии кишвар ва шахрвандон мебошад. Ман зимни муроҷиати худ Шуморо бохабар мекунам, ки касоне ва ё гурӯҳҳое дар кишвар мехоҳанд ба амнияти мо халал ворид намоянд. Ва низ хуб дарк менамоям, ки инҳо ҳеҷ рабте ба ниҳоди зертобеи Шумо надоранд. Аз кадом самт вазидани шамол барои мо маълум аст. Дар зимн бо тамоми масъулият эълом менамоям, ки агар манн ва ё аъзоёни ташкилоте, киман раҳбарии онро ба ӯҳда дорам кадом қонунеро аз қавонини кишвар вайрон карда бошем омодаем назди қонун ҷавоб гӯем. Билфарз, агар парвандае зидди мо ва кадом аъзои ташкилоти мо вуҷуд дошта бошад, мо омодаи посух гуфтан ҳастем. Умедворам муроҷиати моро ҷиддӣ қабул намуда, дар наздиктарин фурсат ҷавоби онро расман хоҳед дод”.