Масъулини Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабаргузориҳо гуфтаанд, ки аз 21 то 23 май дар манотиқи марказӣ ва ҷанубии кишвар тағйири вазъияти ҳаво ва резиши боронҳои шадид пешбинӣ шудааст. Эҳтимол омадани сел бештар ба ноҳияҳои марказии Тоҷикистон, минтақаи Рашт, ноҳияи Варзоб ва шаҳри Душанбе таҳдид мекунад.
Categories
Ахбори рӯз