Categories Uncategorized

Боз як медали тиллоии Дилшод назаров

Ба иттилоъи Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, Дилшод Назаров гурзандози тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ аз силсилаи «IAAF World Challenge» дар шаҳри Галлаи Олмон медали тилло ба даст овард.

Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 80 метру 71 сантиметр ҳаво додааст.

Федератсияи варзиши сабуки Тоыикистон гуфтааст, ки то имрӯз дар силсилаи сабқатҳои Ҷоми даъвати ҷаҳонии варзиши сабук ин натиҷаи беҳтарин аст.

Дилшод дар ин мусобиқа баъди панҷ маротиба ҳаво додани гурз ба чунин натиҷа ноил гаштааст.

Ҷои дуввум дар ин мусобиқа насиби варзишгари олмонӣ Маркус Эссербо натиҷаи 77,86 метр ва ҷои саввум бо натиҷаи 77,07 метр насиби Сергей Литвиноваз Русия гардидааст.

More From Author

You May Also Like