Categories Ахбори рӯз

Таҳқиқи фаъолияти ширкати «Мовароунаҳр»

Оҷонсии мубориза бо фасод дар Тоҷикистон таҳқиқи фаъолиятҳои ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр»-ро ба итмом расонидааст. Фаттоҳ Саидов, раиси ин Оҷонс ба «Азия Плюс» гуфтааст, ин таҳқиқот бо супориши додситонии кулли Тоҷикистон сурат гирифт. Гуфта мешавад, ки раиси ин ширкат Ҷӯрабек Охунов дар моҳи ноябр бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуд. Вай дар пайи шикоёти мардуми ҷабрдида аз сӯи мақомоти қудратӣ боздошт гардид. Иттиллоъ дода мешавад, ки шумори онҳое, ки дар «Мовароуннаҳр» навбати хона мепоянд, 450 нафар будааст.

More From Author

You May Also Like