Интишори бахшҳое аз филми амрикоӣ дар бораи Муҳаммад (с), паёмбари Ислом чанд рӯз аст мӯътаризони хашамгинро дар чанд шаҳри Ховари Миёна равонаи консулагриҳои Амрико кардааст.
Ба гузориши хабаргузории “euronews”, дар Теҳрон ҳудуди 500 нафар, ки хабаргузориҳои Эрон онҳоро донишҷӯ номидаанд, муқобили сафоратхонаи Швейдсария ба унвони ҳофизи манофеъи Амрико дар Теҳрон гирди ҳам омаданд.
Тазоҳуркунандагони яманӣ, ки дар баробари сафоратхонаи Амрико дар Санъо ҷамъ шуда буданд вориди сохтмони сафоратхона шуданд. Нерӯҳои полис талош карданд бо гази ашковар ва тирпарронӣ ба ҳавотазоҳуркунандагонро ҷудо кунанд.
Дар Қоҳира ҳамонанди рӯзи гузашта мӯътаризон хиёбонҳои муқобили сафоратхонаи Амрикоро ишғол карда эътирози худро нисбати филми тавҳиномез нишон доданд.
Лозим ба ёдоварист, ки то имрӯз тамоми кишварҳои исломӣ ва мусалмоннишин дар дунё нисбати ин амали тавҳиномези бозигарон ва филмсозони амрикоӣ нисбати Паёмбари Ислом эътирозҳои худро нишон додаанд.
Ҳамзамон ин эътирозҳо дар аксар кишварҳои дунё идома дорад.