Categories Мавқеъ

Таҷрибаҳо ва улгутарошиҳои бепоя

Таҷрибаҳо ва улгутарошиҳои бепояcolorstart:#000000

Ё нигоҳе ба буҳрони ҳуввият дар ҷомеъаи кишвар

Башар дар тӯли таърих ҳамеша дар ҳоли такомул будааст. Дар бархе мавориду шароит ин такомул суръати болотаре доштаву пешрафти фаровоне кардааст, вале дар бархе ҷавомеъи дигар тазоду таноқузҳо сабаби гир мондани ҳуввиятҳо дар як мақтаъи хос гардидаанд. Ҷомеъаи мо аз ҷумлаи ҳамонҳоест, ки тазоду таноқузоташ фаровон будааст. Замоне мардуми мо бо дониши аҷдодони худ ифтихор мекарданд ва Бухороро ҳамчун маркази тамаддуни исломӣ мешинохтанду бо ғурур аз он ёд мекарданд, ҳоло ҳам ҳастанд баъзеҳое, ки аз ин марказ ва ин тамаддун бо ғурур ёд мекунанд.

Аммо бо омадани идеологияи комунистӣ ба ин сарзамин, маркази тамаддуни ин миллат ба як доғи сиёҳи миллӣ табдил ёфт. Яъне як гурӯҳ тамоми мушкилоти иҷтимоъиву ақибмондагии иқтисодиро дар вуҷуди марокизи илмии Бухоро диданд. Ин ҷо аввалин тазоду таноқузҳо арзи вуҷуд пайдо карданд. Агарчи Шуравӣ ин сарзамини соҳибтамаддунро тасарруф кард, ҳатто хати миллатро аввал ба лотин ва баъдан ба сириллик табдил дод, аммо боз ҳам осори гузаштагони миллатро ба куллӣ аз байн бурда натавонист. Аммо бо барномаҳои «сеҳрангез» ба осори гаронбаҳои гузаштагон ҷомаи комунистӣ пушонд. Ин бор ҳам мардум гирифтори як таноқузу тазод байни арзишҳои воқеъии осори гузаштагон дар заминаи динӣ ва таъвили он аз дидгоҳи атеистӣ шуданд. Ба ибораи дигар, миллати тоҷик байни ҳуввияти динӣ ва атеистӣ саргардон монд ва ҳуввияти собити хешро шакл дода натавонист.

Як гурӯҳе аз ҳокимон ва иддаи дигаре аз таҳсилкардаҳои донишгоҳҳои олии Шуравӣ худро бо «ҳуввияти навпайдо» татбиқ намуданд. Аммо аксарияти мардуми оддӣ дар баробари надоштани тавони коркарди ҳуввияти динии худ, дар чорчубаи низоми ҷадид ҳам ин ҳуввият рушд дода натавонистанд.

Шояд баъзеҳо интиқод кунанд, ки миллати мо ҳуввияти динии худро ҳифз карда тавонист, вале бояд иқрор шуд, ки ин ҳифз карданҳо ҳамон гир мондан дар як мақтаъи замонии хос будааст, ки бо замони нав худро шукуфо карда натавонист. Чунки аз як тараф, дар китобҳои Тоҷикистони шуравӣ осори насриву назмии онҳоеро, мисли Рудакӣ, Сино, Сомонӣ ва Айнӣ мехонданд, ки парвардаи марокизи илмии Бухоро буданд. Аз тарафи дигар, ҳамин марокизи илмӣ ва низоми омӯзиширо дар ҳамон китобҳо ҳамчун зиддиинсонӣ ва ақибмонда муъаррифӣ мекарданд. Дар тамоми давраи таърихи даврони шуравии миллати мо шахсиятҳое ифтихорофарин буданд, ки ба гунае бо низоми омӯзишии Бухоро рабт доштанд, барои мисол, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ ва баътар Камол Айниву Муҳаммадҷон Шакурӣ бо Бухоро ва низоми омузиши он пайванд мехурданд.

Баъд аз фурупошии Шуравӣ ва бо иродаи дигарон зиндагӣ карданро барои миллат ошкор сохт, ки ҳатто нухбагони миллат дучори буҳрони ҳуввият шуданд. Фурупошии низоми 70- солаи комунистӣ дар зеҳни онҳо низ шакку тардидро нисбат ба идеологияи атеистӣ ба вуҷуд овард ва оҳиста-оҳиста аз он идеология фосила гирифтанд. Зеро нокоромадиаш барои ҳама ба исбот расид. Аммо дар муқобил ҳам намехостанд арзишҳои исломиро ҳамчун усулҳои иҷтимоъӣ қабул кунанд, зеро дар муддати 70 сол ҳамеша бо ин арзишҳо мубориза бурдаанд.

Бинобар ин, дар даруни худ дар ҷустуҷуи меъёру арзишҳое шуданд, ки битавонанд ба гунае худро бо он пайванд диҳанд. Ҳама гуна арзишу меъёрро қабул доштанд, муҳим дар муқобили дин будани ин арзишу меъёрҳо буд, зеро ин гурӯҳ шикасти идеологӣ ва ҷаҳонбинии худро аз тарафи дин мепиндоштанд. Аз ин хотир, дар зеҳни худ аз дин рақиб тарошиданд ва дар тули ин чанд сол тамоми талошҳоро ба харҷ доданд, ки аз таърихи 1500- солаи миллати худ гузар карда, низоми арзишӣ ва меъёрҳои иҷтимоъиро дар гузаштаи 2500 соли пеш ҷустуҷӯ намоянд, яъне аз партовгоҳи таърихи 2500 соли пеш чизе пайдо бисозанд. Шиъори ориёӣ буданро матраҳ карда, «бо миллигароӣ» худро дар муқобили арзишҳои динӣ устувор қарор доданд, аммо эҳсос карданд, ки ин меъёр тавони муқобиларо надоштааст. Дар пай рӯ оварданд ба Зардуш ва дини ӯ, хостанд динро дар муқобили дин қарор диҳанд, аммо ин бор ҳам муваффақ нашуданд. Зеро зардуштият дини замону макони хос буд ва тавони муқобиларо надошт, чун чандин дини осмоние омаданду онро мансух карданд. Роҳандозӣ кардани рақобати зардушт бо Ислом маъние надошт, зеро Ислом охирин дини осмонист ва тавони ба воқеъияти рӯз буданро ҳам дорад.

Ба ҳар ҳол, озмоишҳо болои миллатро идома дода истодаанд ва фазои идеологии кишвари мо ҳиҷ аз ҳолати озмоишӣ берун нарафтааст. Мисли дар озмоишгоҳ будан, сари ҳар чанде мехоҳанд болои ин миллат идеяи наверо озмоиш кунанд. Ҳоло бо тарҳи дубораи андешаҳои атеистӣ, вале бо номи “ҷаҳонбинии оянда” озмоиши дигареро роҳандозӣ карданианд. Дар ҳоле ки ин миллат на танҳо ба ин ҳама озмоишҳо ниёз надорад, балки аз онҳо безор ҳам шудааст. Ба ҷои фирор аз воқеъиятҳо, бояд байни арзишу шахсиятҳои мавриди ифтихор ҳамоҳангӣ эҷод кард. Намешавад, ки бо Синову Ғаззолӣ, Бухориву Рудакӣ, Абуҳанифаву Ҷомӣ ва Аҳмади Дониш ифтихор дошта бошему арзишҳои идеологии онҳоро душмани миллат муъаррифӣ намуда, алайҳи ин арзишҳо мубориза барем. То кай бо дуруғу найранг дар дохили осоре, чун Маснавӣ, Шоҳнома, Баҳористон, Наводир-ул-вақоеъ, девони Ҳофиз ва Гулистону Бустон андешаҳоеро меҷӯем, ки зиддидинии соҳибонашон бошанд?

То замоне байни шахсиятҳои таърихӣ ва арзишҳои динии онҳо робитаи дуруст барқарор намешавад, улгуи дурусте барои ташаккули ҳуввияти ҷавонон пешниҳод карда наметавонем. Намешавад ҳама чизро бо инкор ва мамнуъ кардан аз байн бурд ва чизи дигареро бо иҷбору таҳмил ба ҷои он ба вуҷуд овард!

Албатта ислоҳталабиҳои Синову Аҳмади Дониш ва дигаронро дар замони худ набояд инкор кард. Зеро онҳо низ дар он замон барои ислоҳи ҷомеъа талош карданд, вале талошашон барои ислоҳи арзишҳои динӣ буд, на азбайн бурдани онҳо. Ин ҳам мавзӯъи муҳим аст, вале баҳсашро ин ҷо лозим намебинем.

Хулоса вақте бар рӯи тамаддуни 1500 соли гузаштаи худ хати бутлон кашиданро идома медиҳенму идеяи миллиро дар қаъри таърихи 2000 соли пеш ҷӯё мешавем, танҳо тазод ва таъоруз дар арзишу меъёрҳои идеологиро бештар мекунему бас. Ҳамчунин агар дубора дар фикри афсонаи комунизм ё ҳоким кардани ҳуввияти атеистӣ дар ҷомеъа бошем, боз ҳам ин риштаи ғафлатро бояд аз гуш бикашем.

Ба ҷои ин ҳама «талошу заҳматкашиҳо» бояд дар фикри он буд, ки байни фитрат, воқеъият ва арзишҳо робитаи дуруст барқарор шавад. Инсон фитратан дар ҷустуҷуи дин мебошад ва воқеъият ин аст, ки аксарияти мардуми мо мусалмонанд. Пас бояд арзишҳо ҳам мутобиқ ба ин ду вижагӣ шакл бигиранд. Ҳаргоҳ байни ин ду асл ҳамоҳангӣ ба вуҷуд биёяд, ҳуввияти миллӣ ба зудӣ шакл гирифта, рушд хоҳад кард.

Дар ғайри сурат боз ҳам чандин соли дигар дар ҳолати ҳайрониву саргардонӣ боқӣ мемонем, махсусан насли оянда бо вуҷуди чунин тазодҳо наметавонад як ҳуввияти миллии собите барои худ пайдо намояд, ки ин аст хатари ҷиддӣ барои миллату кишвари мо дар дурнамои наздик.

Бобоҷони ҚАЮМЗОД/colorend

More From Author

You May Also Like