Рӯзи 18 сентябр «Дастёрони Наҳзат» тибқи барномаи хеш нишасте доир карданд зери номи “Ҷойгоҳ ва аҳамияти фаъолияти аҳзоби исломӣ дар замони феълӣ”.
Бобоҷони Қаюмзод, узви Раёсати Олии ҲНИТ дар мавриди ҷанбаи ҳуқуқӣ ва равонии ин масъала ва воқеъияту бархурдҳои мухталиф нисбат ба ҳаракатҳои исломӣ диду назари хешро ироъа дошта, Ҷаннатуллоҳи Комил, масъули шӯъбаи НТМ ҷанбаи шаръии онро тавзеҳ дод.
Масъулини ҲНИТ фаъолияти аҳзоби исломиро пураҳамият шуморида таъкид болои он доштанд, ки дар асри ҳозир мавҷудияти фаъолияти ин гуна ҳизб як амри зарурист, бахусус дар чунин як марҳале, ки иддае аз ҷавонон ба гурӯҳу равияҳои тундрав ру меоранд. Вақте чунин ҳизбу ҳаркатҳои исломӣ дар чаҳорчубаи қонун фаъолият мекунанд, ҷавонони соҳибангезаи исломӣ дар доираи ин гуна ҳизб фаъолият дошта метавонанд, ки ба манфиъати миллату давлат аст.
Categories
Ахбори рӯз