Categories Ахбори рӯз

Теъдоди мақтулин дар Сурия ба 160 ҳазор расид

Маркази омӯзиши ҳуқуқи инсон барои Сурия гуфтааст, дар давоми се соли ҷанг дар ин кишвар 160 ҳазор нафар ба қатл расидааст.
Ба нишондоди ин марказ, ки дар Лондон қарор дорад, ин теъдодро шаҳрвандони мулкӣ, ходимони артиши Сурия, шибҳинизомиён, мухолифини режими Башор Асад дар бар мегиранд, ки дар давоми се соли ҷанг дар Сурия кушта шудаанд.
Бештари фавтидагон шаҳрвандони мулкӣ мебошанд ва теъдоди онҳо 54 ҳазор гуфта мешавад, ки 8 ҳазори онҳо кӯдак мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, бояд гуфт, моҳи июли соли гузашта СММ тайи як нимаомӯзишаш гуфта буд, 100 ҳазор нафар дар ин ҷанг қурбон шудааст, аммо бинобар адами шароити таҳқиқ онро қатъ намуда буд.

More From Author

You May Also Like