Categories Uncategorized

Теҳрон кушта шудани 3 тан аз шаҳрвандонаш дар Сурияро такзиб кард

Як мақоми масъул дар Вазорати хориҷаи Эрон, рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки ҳеҷ як аз 48 эронии рабудашуда дар Сурия кушта нашудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, Муҷтабо Фирдавсипур, раиси бахши ховари миёнаи Вазорати хориҷаи Эрон дар мусоҳиба бо телевизиони “Алолам” гуфтааст, ки ба хилофи иддаъои мухолифони низомии Сурия, ҳама афроди рабудашудаи эронӣ солим ҳастанд ва ҳеҷ кадом аз онҳо кушта нашудааст.

Мухолифони мусаллаҳи Сурия рӯзи душанбе эълом карда буданд, ки бар асари бамбборони сахти нерӯҳои Асад 3 тан аз гаравгонҳои эронӣ кушта шуданд.

Афроди эронии рабудашуда дар таърихи 04.08.2012 тавассути мухолифони низоми Башор Асад рабуда шуданд. Мухолифон мӯътақиданд, ки ин афрод ба мақсади кӯмак ба нерӯҳои давлатии Сурия ҷиҳати саркӯби эътирозҳо ба ин кишвар эъзом шудаанд.

Аммо дар муқобил мақомҳои эронӣ таъкид бар он доранд, ки ин афроди дастгиршуда аз тарафи мухолифони давлати Сурия шаҳрвандони оддӣ ҳастнад, ки барои зиёрати маконҳои мазҳабӣ ба Сурия рафтаанд.

More From Author

You May Also Like