Идораи марказии футболи “Алвасл” рӯзи сешанбе эълом кард, ки Диего Марадона мураббии ин гурӯҳро пас аз як соли сармурабигарӣ барканор кардааст.
Ба гузориши “alarabiya”, Марадона соли гузашта дар пайи қарордоде, ки бо ин гурӯҳи маъруф дар Имоороти Муттаҳидаи Араб баст, кори мураббигарии тими футболи Алваслро барои муддати 2 сол ба ӯҳда гирифта буд.
Ба гуфтаи манбаъ, Идораи марказии “Алвасл” бо интишори ин хабар бар сафҳаи “Фесбук” хабари барканории Марадонаро таъйид кардааст. Барканории Марадона замоне ба тасвиб расид, ки пас аз омадани Марадона пешравие дар ин гурӯҳ дида нашуда ва ахиран дар мусобиқаи ахир ин гурӯҳ ҷойи ҳаштумро миёни гурғҳҳо ба даст овард. Бо ин далел масъулони Идораи марказии “Алвасл” пайи ҷаласа ва баррасии масъала, Марадонаро барканор кардаанд.
Ҳамзамон тими “Алвасл” замони роҳбарии Марадона номуваффақ буда, дар рафти мусобиқа миёни гурӯҳҳо ноком гардидааст. Коршиносони футбол мӯътақиданд, ки барои Марадона фурсати тиллоии беҳтаре барои тарки “Алвасл” он замоне буд, ки тими “Алвасл” бар тими “Муҳриқ” – и Баҳрайн дар хоки он кишвар пирӯз шуд. Аммо мутаассифона, тими Марадона натавонист ин имтиёзоти ба даст овардаи худро ҳифз кунад.
Марадона соли 2010 пас аз шикаст тими Аргентина аз Олмон, ки натиҷаи 4 бар сифр ба нафъи Олмон шуд, аз мурабигарии тими Аргентина барканор шуд.