Чанде қабл аз тариқи барномаҳои хабарии шабакаҳои телевизионии ҳукуматӣ ба истилоҳ хабари фавриеро дар мавриди амалҳои ҷинояткоронаи Маҳмадулло Холов дар шаҳри Исфара гашт, ки манбаи хабар мисли ҳамешагӣ норӯшан боқӣ мондааст. Агарчи дар гузориши хабарӣ гуфта шуд, ки Маҳмадулло Холов гӯё ҳанӯз аз соли 1991 узви ҲНИТ будааст. Дар робита ба ин масъала ҳизб гурӯҳи кориро таъсис дод, то ҷанбаҳои норӯшани онро таҳқиқ намояд.
Ҷалолиддиии Маҳмуд, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ ва Муҳаммаднабӣ Бердиев, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҳисор талош ба харҷ дода ошкор карданд, ки шаҳрванд Маҳмадулло Холов, ҳамчунин сокини ноҳияи Ҳисор дар ягон давру замон узви ҳизб набуд ва низ дар рӯйхати аъзои ҳизб бо чунин ном касе вуҷуд надорад. Аммо Маҳмадулло Холов, дар воқеъ, зодаи деҳаи Обигармии дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор будааст ва соли 2003 ба Исфара рафта, бо шаҳрванд Мунира Тӯхтаева издивоҷ намуда, дар хонаи ӯ, ки дар Гузари Эшон (Ҷӯгимаҳалла)-и ин шаҳр, кучаи Ҷ. Лафизов- 205 зиндагӣ мекардааст. Аз ҳамсари баъдӣ ӯ писари 10- солае низ дорад.
Тавре ҳамсояҳои Мунира Тӯхтаева нақл кардаанд, шавҳари номбурда гоҳо ба хонаи ӯ меомадааст ва ҳамчун «табиби мардумӣ» дар Исфараву Конибодом ва дигар ноҳияҳои атрофи ин минтақа фаъолият доштааст.
Шаҳодатномаи №016473, ки бар асоси он Маҳмадулло Холов узви ҲНИТ гуфта мешуд, сохта ва тақаллубист. Чунки бо ин рақам шаҳрванд Азиза Солиева, сокини деҳаи Чоркӯҳи Исфара ҳамчун узви воқеъии ҳизб шинохта мешавад.
Масъули ташкилоти ибтидоии «Гузари Эшон»-и шаҳри Исфара Муҳаммаднабӣ Исомиддинов изҳор медорад, ки узверо бо номи Маҳмадулло Холов намешиносад ва ҳеҷ гоҳ чунин шахсе дар рӯйхати ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии онҳо қарор надоштааст. Умедҷон Маҳкамов, узви раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара ҳам ин гуфтаҳои М. Исомиддиновро тайид мекунад.
Тибқи таҳқиқотҳои анҷомшудаи масъулини ҳизб, замоне ки навори телевизиониро тамошо кардаанд, бо он намуди зоҳири (ришу муйлаб)- е, ки телевизон М. Холовро нишон додааст, ӯро нашинохтаанд, чунки дар асл ин айбдоршаванда риш надоштааст. Яъне навори мазкури саҳнасозишуда бо риши сунъӣ ҳамаро дар ҳайрат гузоштааст. Наздикони Холов гуфтаанд, ӯ заррае саводи динӣ надошт, ҳатто намоз ҳам намехонд.
Гуфта мешавад, чанд рӯз қабл аз пахши навори телевизионӣ Холовро аз манзили зисташ афроди ношиноси пустинпӯш ва ниқобдор ҳамроҳи худ бурда, ба ӯ сӯзандору гузаронида, дар ҳолати сархӯшӣ ин гуна саҳнасозиҳоро дар шаҳри Исфара ба навор гирифтаанд. Баъд аз анҷоми чунин саҳнасозиҳо Маҳмадулло Холов дар ҳолати зарби равонӣ ба ноҳияи Ҳисор меояд, ки дар баданаш осори латукӯб мушоҳида мешудааст. Баъди дидани навори телевизионӣ ва зоҳири сохтаи хеш зарбаи дигари равонӣ мебинад ва гӯё ба беморхонаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ интиқол ёфтааст.
Вақте ин матлаб омода мешуд, наздикони Холов аз «Кӯктош» хабар доданд, ки Маҳмадулло Холовро гурӯҳе ҳамроҳи хеш ба самти номаълум бурдаанд ва кадом иттилои дигаре дар даст надоранд. Тавре аз раҳбарияти ҲНИТ ба хабарнигори «Наҳзат» иттило доданд, тасмим гирифта шудааст, ки дар мавриди ҳодисаи тақаллубкории шаҳодатномаи ҳизбӣ ва пахши таҳқиромези навори телевизиониву равона кардани муҳтавои он бар зидди ҲНИТ дар наздиктарин фурсат ба суд муроҷиъат карда мешавад.
Categories
СИЁСАТ