Categories СИЁСАТ

Тимошенко дар интихобот ширкат хоҳад кард

Тибқи қарори палатаи болоии Рада, интихоботи президентии Украина 25 майи соли равон баргузор хоҳад гашт. Дар қарор сабаби пеш аз муҳлат доир гаштани интихоботи Украина истеъфои Виктор Янукович, президенти ин кишвар гуфта мешавад.
Ин ҳам дар ҳолест, Рада талаботи дигари муътаризини Украина, раҳоии Юлия Тимошенкоро дар амал татбиқ кардааст.
Юлия Тимошенко, собиқи сарвазири ин кишвар, ки пушти панҷараи зиндон буд, бо раҳо шудан, ҳанӯз зимни парвоз аз Харков ба Украина гуфтааст, дар интихоботи президентии 25 май ширкат хоҳад кард. Ҳамин тариқ, гуфта мешавад, сарвазири собиқи Украина 2 соат баъд аз раҳоӣ дар «Майдон» ширкат ва суханронии доштааст, ки ин амал ва умуман, раҳоии ӯ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо мавриди истиқбол қарор гирифтааст.
Кэтрин Эштун, кумиссари олии Иттиҳодияи Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ гуфтааст, «ман аз раҳоии Юлия Тимошенко, собиқи сарвазир истиқбол менамоям». Ҳамчунин ӯ раҳоии собиқ сарвазирро иқдоми муҳиме дар ростои адолати интихоботӣ донистааст. Ба қавли Эштун, «Иттиҳоди Аврупо омодааст, чунин як раванди сиёсиро дастгирӣ намуда, ҷиҳани хунсо кардани вазъ ва ҳамкорӣ барои роҳандозии ислоҳот дар кишвар кӯмак кунад». «Ман ҷонибҳоро ба муколамаи созанда даъват менамоям, то талоши мардуми Украина бобати роҳандозии демократияи қонунӣ таҳаққуқ ёбад. Иттиҳоди Аврупо интизор дорад, ки ҷонибҳо масъулият эҳсос намуда, ягонагӣ, истиқлол ва якпорчагии Украинаро ҳифз менамоянд. Ман даъват менамоям, ки ҳама муқаррароти қонуни олӣ – Конститутсияро риоя намоянд. Ҳамзамон Вазорати умури хориҷии Фаронса низ аз гуна рӯйдод – озодии Тимошенко дастгирӣ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, Вазорати умури дохилӣ қарори озод намуни 64 боздоштшударо судур намудааст. Арсен Аваков, вазири умури дохилии ҷадиди Ураина имрӯз, 23 феврал дар сафҳаи фейсбукияш навиштааст, ҳанӯз дар рӯзи аввали корияш тасмим гирифтааст, то боздоштшудаҳоро раҳо намояд.

More From Author

You May Also Like