Бино ба гузориши сомонаи «Озодӣ» ва «Авесто» ки бо такя ба манобеъи хабарии худ аз даргириҳо дар ноҳияи Рашт хабар доданд. Гуфта мешавад, дар дараи Камароб мошини низомиёни мақомоти Тоҷикистон мавриди ҳамалаи гурӯҳи ношинос қарор гирифта, ки чанд сарбоз кушта ва захмӣ гардидаанд. Дар ҳамин ҳоло сомонаи «Озодӣ» теъдоди кушташудагонро 3 нафар ва захмиёнро ду нафар эълон кардааст. Аммо оҷонсии «Авесто» бо такя ба манобеъи хабарии худ теъдоди афроди кушташударо бештар аз даҳ нафар эълон намуд. Дар ҳамин ҳол аз ҷузъиёти ин амалиёт ҳеҷ иттилои расмие пахш нагаштааст. Дирӯз бар асари даргири миёни маҳбусони фирорӣ ва нерӯҳои давлатӣ дар Файзобод се сарбоз захмӣ гаштаанд. Ёдоваро бояд шуд, ки ҳадафи ҷамъ шудани нерӯҳои мусаллаҳи давлатӣ расман ба хотири боздошти афроди мутааллиқ ба Мулло Абдулло аз ҷониби мақомоти расмӣ эълон карда шудааст. Бо ин ҳол зимни як тамоси телефонӣ як манбаъи мӯътамад аз Ғарм иттилоъ дод, ки мардум аз бад шудани вазъ дар ин минтақа нигарон ҳастанд. Ҳамчунин дар ҳошияи бозҷуйии маҳбусини фирорӣ аз ин минтақа роҳбарияти ниҳодҳои қудрати кишвар бо фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифни собиқ Шоҳ Искандаров ва Мирзохӯҷа Аҳмадов музокиротеро анҷом дода буданд. Тавре дар поении ин музкоирот эълон гашт, ки роҳбарияти ниҳодҳои қудратии кишвар итминон доданд, ки ҳеҷ гунна амалиёт алайҳи қумондонҳои собиқ дар ин минтақа гузаронида намешавад. Вале гузоришҳо ҳокист, ки ба манзури тақвияти нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷилавгири аз нооромиҳои баъдӣ ба ин минтақа ду деҳа деҳоти Шулмак ва Шулеи дараи Камароби ноҳияи Ғарм нерӯҳои иловагӣ эъзом ирсол гаштаанд.
Categories
Ахбори рӯз