Categories Мавқеъ

Ёқуб Салимов озодӣ мехоҳад

Ахиран ВАО-и электронӣ хабареро дар мавриди Ёқуб Салимов, як шахсияти хабарсози матбуъоти Тоҷикистон пахш карданд, ки гӯё ӯ тавассути мактуб аз Додгоҳи олӣ шартан озод шудани хешро хоҳиш кардааст. Вале Додгоҳи олӣ гуфта, ки аз Ёқуб Салимов номае нагирифтаанд.
Бале як мақом дар Додгоҳи олӣ гуфтааст, ки чунин мактуб ба ин ниҳоди олии додгоҳӣ ворид нашудааст. Аммо масъала ин аст, ки вакили мудофеъи ӯ шоҳиди он будааст, ки Ёқуб Салимов зимни дидори охираш бо ӯ, дар рӯзи 27 июн чунин як мактубро навишт ва дар он ду сабабро асосӣ гузошт: бад шудани саломатӣ, ба хусус аз бинои маҳрум шудан, фишори баланд, дарди гурда, дил ва устухон ва дуввум, боқӣ мондани камтарин муҳлати ҷазо. Ш. Қудратов, вакили мудофеъ иқрор аст, ки вазъи саломатии Ё. Салимов нигаронкунанда мебошад ва ҳарду чашмонаш қариб нобино шудаанд ва хеле ранҷур аст.
Аммо муовини сардори Раёсати зиндонҳои вазорати адлия гуфтааст: Саломатии Ё.Салимов хуб буда, қаноатбахш низ шуморидан мумкин аст. Вале дар навбати худ вакили мудофеъи собиқ фронтчии фаъол дар «барқарорсозии ҳокимияти конститутсонӣ» фикри мақоми додгоҳро рад мекунад ва тавре аз муҳтавои мактуби ӯ ишора меравад, генерал Ёқубов тули солҳои маҳбасиаш унвонии мақомоти зидахл беш аз 100 нома навиштааст.
Бале, фармондеҳи Фронти халқие, ки тибқи хидматҳояш раҳбарии вазорати кишварро сазовор гардид ва ҷавонмардии ӯро соли 1996 зимни наҷоти ҷони Э.Раҳмон дар Хуҷанд сифат мекарданд, бо ҳукми додгоҳ барои 15 сол пушти панҷара фиристоданд, он ҳам бо ҷурми хиёнат ба ватан, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа ва истифодаи он, инчунин сӯистифода аз мансаб.
Ҳоло аз ҳукме, ки дар заминаи он пушти панҷара қарор дошт каме бештар аз 1,5 соли дигар мондааст ва озод шуданаш қабл аз анҷоми ҳукм ба иродаи раҳбарияти кишвар бастагӣ дорад. Агарчи пушти панҷара боқӣ мондани ӯ кайҳо маънии худро гум кардааст, вале боз ҳам кадом нигарониҳое барои доираҳои алоҳида ҷой доранд, ки агар Ё.Салим озод шавад, бо онҳо чӣ бархурдеро раво медида бошад. Чун афроди зиёде ҳоло ҳам дар қудрат ё низоми давлатдории феълӣ мақомеро барои худ ҳифз карда тавонистаанд ва канор рафтанӣ нестанд. Дар ҳоле ки барои соҳиби курсӣ шудани иддае аз онҳо ҷонбозиҳои Ё.Салимов сабаб шуда буданд ва натанҳо аз ӯ, саҳми Ғаффор Мирзоев, дигаре аз генералҳои фронти хаплқӣ ҳам, ки имрӯз дар маҳбас ба сар мебарад, камтар аз Ёқуб Салимов нест….
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро Ё.Салимов маҳз дар ин марҳала бо паёме дар мавроиди озодии хеш муроҷиъат мекунад, агар ҳарфҳои боло комилан дуруст бошанд? Фикр мекунам, ин ҳама аз гумагуҳое маншаъ мегиранд, ки аз таҳия шудани қонуни афви навбатӣ хабар медиҳанд. Яъне ба хотири 20-солагии Сарқонуни кишвар, ки рӯзи қабули он 6-уми ноябр аст, ҷаноби Э.Раҳмон афви навбатӣ эълон мекунад ва онро «тилоӣ» ҳам мегуянд. Пас агар ин тавр бошад, аксари таҳлилгарон кайҳо боз ҳадс мезананд, ки Ё.Салимов бояд озод шавад ва дигар тамоми роҳҳо бозанд барои ворид шудани номи ӯ дар радифи озодшавандаҳо. Навиштани «номаи озодӣ» ҳам зарурат надораду далили зиёд овардан ҳам.
Вале боз ҳам навиштани паём аз сӯи Ё.Салимов ду маънӣ дошта метавонад. Аввалан, эҳтимол ба ӯ аз доираҳои зидахл ишораҳое фиристодаанд, ки чунин як муроҷиъатро ирсол бидорад, то қабл аз эълони афв озод гардида, саломатии хешро барқарор сохта, дар қатори барқарорсозандагони ҳокимияти конститутсионӣ дар рузи ҷашн қарор бигирад.
Дувум, эҳтимол ҳароси афв нашуданаш вуҷуд дорад ва ин дар баробари бемории ӯ метавонад зарбаи равоние дошта бошад, ки оқибаташ фоҷиъабор бошад. Ва паёми озодии ӯ маҳз ба ҳамин хотир бошад.
Ба ҳар ҳол, марҳалаи феълӣ ҳассосиятҳои худро дорад, ҳам дар долонҳои ҳукумат ва ҳам дар ҷомеъа. Суоли матраҳ ин аст, ки оё сарвари давлат ирода нишон дода, чунин афродеро мисли Ё.Салим афв мекунаду ҳассосиятҳоро барҳам мезанад ё ҳама чиз мисли имрӯза боқӣ мемонанд?

More From Author

You May Also Like