Тирҳои заҳрогини туҳмат

Кулсуми Ҳасанзода

Инсон
мавҷуди иҷтимоӣ аст ва зиндагии мардум дар иҷтимоъ ва дар канори якдигар
ниёзманди қавонинест,ки равобити байни афродро танзим ва аз ба вуҷуд омадани ошӯб ва бурӯзи анвоъи офоти рафторӣ ҷилавгирӣ мекунад. Қуръони карим ба унвони барномаи ҷомеъ ва комил ин барномарезиро дар ихтиёри
мусалмонон қарор дода ва бо амр бар анҷоми бархеи умур ва наҳй аз бархеи дигар низоми идеал барои инсон бино ниҳода аст. Қуръон инсонро ба дӯстӣ доштан ва муҳаббат ба ҳамдигар, ба ҳамкорӣ ва кӯмаки
ҳамдигар, ба
ҳамдилӣ ва ҳамзистӣ ва ба зебо зиндагӣ кардан амр мекунад. Ва аз душманию
кинатӯзӣ ва озор
ва азияти ҳамдигар наҳй фармуда аст. Инсон мавҷуди азизест, ки лаёқати беҳтаринҳоро дорад. Муддати кӯтоҳ, ки дар ин олам ба сар мебарад, шойистагии зиндагии саршор аз оромиш ва саъодатро дорост. Пас чаро бо бурӯзи бархе рафтори
ноҳинҷор сабаби аз
байн рафтани оромиши ҳамдигар шуда ва зиндагиро ба
коми ҳам талх мекунанд дар ҳоле ки
метавонанд бо кӯмаки ҳамдигар ва бо ҳамдилӣ ва муҳаббат ба ҳам биҳишти кӯчаке дар дунё бисозанд.

Корҳое ҳастанд, ки асароти мусбате бар шахс ва кулли ҷомеъаи гузошта ва дилҳоро ба ҳам пайванд мезананд. Кирдоре, ки Худованд
моро бар анҷоми онҳо ташвиқ карда ва виҷдон низ онро тасдиқ мекунад. Афъоле ҳамчун эҳтиром, садоқат, дилсӯзӣ, ҳамкорӣ, кӯмак, муҳаббат ба ҳамдигар ва ғайра, ки дар партави онҳо ҷомеъҳои саршор аз оромиш
падид меояд. Дар муқобили чунин афъоле зишт ва харобкунанда вуҷуд доранд, ки
натиҷае ҷуз тахриби шахсияти инсон ва
дарҳам рехтани ниҳоди хонаводаҳо ва
ниҳоятан ҷомеъа надоранд. Афъоле зишт
монанди суханчинӣ, ғайбат , туҳмат, бадгумонӣ, бадзабонӣ ва ғайра, ки Худованд низ онҳоро ба шиддат
накӯҳиш мекунад. Афъоле, ки инсоният аз он безорӣ карда ва поконро аз дарун хароб мекунад.

Яке аз зишттарин ин афъол туҳмат ва дурӯғ
бофтан ба афроди
поксират мебошад. Агар мардум ба воқеъияти чунин афъоле пай бурда таъсири манфӣ ва харобкунандаи онро бар ҷомеъа мадди
назар қарор диҳанд, ҳар инсоне ки заррае виҷдон ва инсоният дар дил дошта бошад , даст ва
забони худро ба чунин аъмоли зиште олӯда намекунад. Ҳатто агар наҳии шаръии онро низ дар назар нагирад ва ба
кайфар ва уқоби ухравӣ имон надошта бошад ва танҳо заррае аз инсоният дар вуҷудаш монда бошад, ҳаргиз ба тахриби
шахсият ва барбод додани обрӯи инсоне
даст намзанад. Чаро ки ҳади ақал
ба ин фикр мекунад, ки худаши низ як инсон аст ва инсон махлуқе азиз ва қобил
тақдир аст, пас метавон гуфт, касе ки инсонеро нодида бигирад ва бераҳмона
ҳайсият ва обрӯи нексиратонро бо тирҳои заҳролуда нишона бигирад, дар воқеъ ӯст
ки аз инсоният бӯе набурдааст. Ҳар чанд, ки барои як мусалмон дар анҷом ва
адами анҷоми ҳар коре авлавияти аввал қасд ва нияти он мебошад, ки танҳо дар ҷиҳати
ризояти Худовандӣ бошад.

More From Author

You May Also Like