Categories Uncategorized

Соҳибкор: Дар кишварҳои пешрафта ҳукумат барои халқ хидмат мекунад, на халқ барои ҳукумат

Аминзода Шавкат 22 – июни соли 1962 дар деҳаи Чоркӯҳи вилояти Суғд чашм ба олами ҳастӣ кушода, соли 1976 ба макатаби таҳсилоти умумии №25 – и ҳамин деҳа дохил шуда, соли 1986 хатм намудааст. Баъд аз хатми мактаб ба Донишгоҳи миллии Тоҷикисттон дохил шуда, соли 1991 ин донишгоҳро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Аз соли 1998 то ба ҳол ба соҳибкорӣ машғул буда, ба мардумони зиёде кумакҳои башардустона намудааст.

Шавкати Амнизод, ки меҳмони идораи мо буд бо ӯ суҳбате оростем, ки пешкаши шумо менамоем.

Чун Шумо ба соҳибкорӣ машғул ҳастед, табиист ки аз кишварҳои зиёде дидан намуда бошед. Шумо то имрӯз аз кадом кишварҳо дидан намудаед?

Банда аз соли 1998 то имрӯз аз кишварҳои зиёде дидан намудам, аз ҷумла аз кишварҳои Олмон, Амрико, Ҷопон, Чин, Молдов, Корея ва Русия низ дидан намудам.

Чун шумо як нафари диндор ҳастед, дар он кишвархо аз ҷиҳати хурду хурок мушкилие надоред?

На. Аслан ин мушкилиҳо вуҷуд надоранд. Барои мисол, бори охир, ки дар Ҷопон ҳузур доштам ҳеч мушкилие дар онҷо вуҷуд надошт. Ба ҳар бозорҳое, ки мерафтем дар онҷо хурок барои мусалмонон ҷудо ва барои дигар динҳо ҷудо буд. Ҳамчунин ҳамаи бозорҳое, ки рафтем барои мусалмонон дар онҷо намозхонаҳо ва таҳоратхонаҳо сохта шудаанд.

Дар дигар давлатҳои сафаркардаам низ чунин мушкилиҳо вуҷуд надоштанд. Дар Корея низ гарчанде 99% – ашро ғайримусалмонон ташкил медиҳанд, аммо Ислом дар онҷо хеле озод аст.

Ба фикри шумо ин давалтҳо ба арзишҳои Исломӣ эҳтиром мегузоранд?

Бале, онҳо хеле як миллатҳои аҷоибанд. Масалан вақте ба Корея меравӣ, онҳо аз ҳолат пурсон шуда, агар мусалмон буданатро эҳсос намоянд, аз Ислом чизеро пурсон мешаванд. Онҳо хеле нисбати дини Ислом эҳтиром доранд.

Чуноне, ки медонем онҳо давлатҳои тараққикарда ба ҳисоб мераванд. Ба фикри шумо, сабаби ба чунин комёбиҳо ноил шудани ин кишварҳо дар чист? 

Ба фикри банда, пешравии ҳар як кишвар аз соҳаи маориф маншаъ мегирад. Соҳаи маорифи ин кишварҳо хеле олӣ буда, барои саводнокии мардумаш кушишҳои зиёде ба харҷ медиҳад.

Дар ин кишварҳо “либоси ягона” ва дигар чизҳо ҷузъӣ ба назар гирифта намешавад. Онҳо кушиш мекунанд, ки пушидани либос озод аст, вале саводи донишомӯзон баланд бошад.

Ҳамчунин қонун дар ин кишварҳо эҳтироми хос дошта, ҳамаи қишри ҷомеъа зери қонуни амалкунандаи кишварашон ба сар мебаранд. “Шоҳу гадо” дар назди қонун баробар аст.

Аз ҳама чизи асосӣ ин аст, ки дар ин кишварҳо ҳукумат барои халқ хидмат мекунад, на халқ барои ҳукумат. Шояд ҳамин чизҳо ин кишварҳоро тавонист ба як кишвари мутараққӣ бирасонад.   

Ташаккур барои суҳбат

More From Author

You May Also Like