Categories Ахбори рӯз

Торонто: Осорхонаи Оғохон ҳамчун мероси тамаддуни исломӣ

18-уми август осорхонаи Оғохон дар Торонто, ки барои муаррифӣ кардани тасаввуроти умумӣ оиди саҳми ҳунар, ақл ва илми тамаддуни исломӣ дар мероси ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст, дари худро барои мардум боз кард.
Номгӯи ашё ва дигар чизҳои доимии осорхона беш аз 1000 мебошанд, аз ҷумла шоҳкориҳоеро, ки доираи васеи ҳунарҳои гуногун ва маводҳоро инъикос мекунанд. Инҳо тасвир ва корҳои бофандагиву миниатюрӣ, дастхату ҳунарҳои кӯлолгарӣ, сафолу матнҳои тиббӣ, китобу асбобҳои мусиқии беш аз даҳ садсолаи таърихи инсониятро аз минтақаи нимҷазираи Иберия то Чин дарбар мегирад.
Осорхона, ки аз тарафи меъмор Фумиҳико Маки тарҳрезӣ шудаст, 6,8 га заминро бо Маркази Исмоилияи Торонто қисмат мекунад. Боғи сарсабзи атроф, ки аз тарафи меъмор Владимир Журович тарҳрезӣ шудаст, як гӯшаи сарсабзи ҳаяҷоноварро барои шаҳри Торонто пешкаш хоҳад кард.
«Яке аз сабақҳое, ки дар солҳои охир ҷомеъаи ҷаҳонӣ омӯхт, ин аст, ки ҷаҳони Ислом ва ҷаҳони Ғарб бештар ба ҳамкории созанда ҷиҳати пайдо кардани ҳамдигарфаҳмӣ ниёз доранд, махсусан, вақте ин фарҳангҳо ба ҳам дар иртибот қарор мегиранд. Умед аст, ин осорхона ба дарки беҳтар аз пайравони Ислом дар мавриди тамоми ангезаҳои динӣ, қавмӣ, забонӣ ва иҷтимоии онҳо саҳмгузор хоҳад шуд», мегӯяд аълоҳазрат Оғохон.
Тамаддуни исломӣ аз давраҳои аввали пайдоиши худ бо гуногунии фавқуллодаи ҷуғрофӣ, забонӣ ва фарҳангии миллатҳо фарқ мекард. Торонто ва умуман Канада, дар сатҳи байналмиллалӣ барои фаро гирифтани чунин гуногунӣ эътироф шудааст. Ҳамин аст, ки ин шаҳр барои муассисае, ки баҳри баланд бардоштани ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва таҳаммулпазирӣ миёни фарҳангҳои ҷаҳонӣ талош меварзад, шароити хуберо фароҳам меорад.
«Осорхонаи Оғохон дурнамои байналмиллалӣ дорад, ҳамчун макони ҷамъоварии корҳои зебову шигифтангез ва намоиши дастовардҳои тамаддуни исломӣ аз Испаниё то Чин. Фикр мекунам, мардумони муқим ва меҳмонон аз гӯшаву канори олам амиқан дар шигифт хоҳанд монд, вақте дар мекунанд, ки то чӣ андоза санъати тамаддуни исломӣ қисмати мероси муштараки ҷаҳонӣ будааст», гуфтааст сарвари осорхонаи мазкур Ҳенри Ким.
Шурӯъ аз соли 2007 беш аз миллион нафар аз шукӯҳу шаҳомати маводҳои ҷамъоваришудаи осорхонаи Оғохон таҷриба кардаанд, ки аз осорхонаи Луври Париж, Эрмитажи Давлатии Саткт-Петербург, Осорхонаи Гулбенкиани Лиссабон, Осорхонаи Мартин-Гропиус-Бави Берлин, Осорхонаи Сакип Сабанчуи Истанбул, Осорхонаи санъати мусулмонони Малайзиё ва Осорхонаи тамаддунҳои Осиёи дар Сингапур барои намоишҳои муваққатӣ оварда шудаанд.
Осорхонаи Оғохон бо ташаббуси Бунёди фарҳангии Оғохон (БФО), ки яке аз созмонҳои Шабакаи Оғохон оид ба Рушд мебошад, таъсис ва ташаккул ёфтааст.

More From Author

You May Also Like