Categories Uncategorized

Тоҷикистон аз Ирон нафт мехарад?

Nahzat.tj

19.03.2012, 16:10

Оё хариди нафти Ирон дар мулоқоти сарварони ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд?

Коршинос: Хариди нафти Ирон як иқдоми таблиғотӣ аст

Сафири Ирон: Ҳамкории Ирон бо Тоҷикистон рӯз ба рӯз меафзояд

215 миллион доллар ҳаҷми умумии муомилоти ду кишвар

Бобоҷони Қаюмзод: Баргаштан ба хати ниёкон равобитро бештар мекунад

Оё хариди нафти Ирон дар мулоқоти сарварони ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд?

Ба гуфтаи масъулини вазорати умури хориҷаи кишвар, раиси Ҷумҳури исломии Ирон барои ширкат дар таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Тоҷикистон сафари расмӣ хоҳад дошт. Коршиносон бар ин боваранд, ки дар баробари ҳалли масоили фаъолияти соҳибкорони иронӣ дар мулоқоти сарварони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод дар Душанбе, ҳамзамон фурӯши нафти Ирон ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.

Дар робита ба ин мавзӯъ масъулини Вазорати корҳои хориҷии кишвар мегӯянд, ки дар мулоқоти сарони кишварҳои Ирону Тоҷикистон масоили фаъолияти соҳибкорони иронӣ ва баҳси минтақа баррасӣ мегардад, аммо масъалаи хариди нафти Иронро рад карда мегӯянд, ки чи гуна паҳн шудани ин хабар маълум нест. Ин манбаъ мегӯяд, ки мо агар нафтро ворид созем, чӣ кор мекунем, зеро феълан полоишгоҳи муқтадире, ки нафтро коркард намояд, надорем, пас барои мо нафти Ирон чӣ лозим аст?

Аббос Баёнӣ, масъули бахши иқтисоди сафорати ҶИИ дар Тоҷикистон гуфт: мо танҳо фаҳмидем, сафири Тоҷикистон дар Ирон гуфтааст, ки мо омодаем нафти Иронро харидорӣ кунем, вале мушкилӣ дар интиқоли нафт аст, зеро Тоҷикистон проблемаи сарҳад дорад. Ба ҳар ҳол ҷониби Ирон омодааст дар ин соҳа бо Тоҷикистон ҳамкории судмандро ба роҳ монад», меафзояд Баёнӣ.

Давлаталӣ Ҳотамов, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Ирон ахири моҳи гузашта гуфта буд, бо вуҷуди он ки нафт аслан аз Русия ба мо ворид мегардад, Тоҷикистон ин имконро дорад, ки нафти Иронро харидорӣ намояд.

Коршинос: Хариди нафти Ирон як иқдоми таблиғотӣ аст

Аммо Зулфиқори Исмоилиён, шореҳи масоили иқтисодӣ мегӯяд, ки хабари харидории нафт аз Ирон барои Тоҷикистон танҳо як иқдоми таблиғотие беш нест ва ҳукумат мехоҳад бо ин роҳ мардумро каме ором намояд.  Ӯ мегӯяд, ки худи Ирон ҳам бештари маводи сӯзишвории ниёзи мардумашро аз Туркманистон ва Русия ворид мекунад. Номбурда суол мегузорад: «Ҳукумат Тоҷикистон нафти Иронро оварда, чи гуна мавриди истифода қарор медиҳад, дар ҳоле, ки ба истиснои як корхонаи хурди коркарди нафт дар вилояти Суғд дигар користони полоишӣ дар кишвар вуҷуд надорад?»

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи расонаҳо, фишори Иттиҳоди Аврупо ва Амрико болои Ирон сарозер аст. Ба гуфтаи коршиносон, Душанбе дар мавриди харидории нафт аз Ирон эҳтимол мавриди ғазаби Иттиҳоди Аврупо ва шарикони он гардад. Коршиносон бар ин назаранд, дар ҳоле, ки муносибати кишварҳои ғарбӣ бо Ирон дар ҳоли сардшавӣ аст, маълум аст, ки Ирон барои пайдо намудани харидорони нафт кӯшиш хоҳад кард. Пеш аз он ки кишваре барои харидории нафти Ирон талош варзад, бояд як нуктаро мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳад, ки аз тарафи давлатҳои Ғарб чи гуна қабул мегардад.

Сафири Ирон: Ҳамкории Ирон бо Тоҷикистон рӯз ба рӯз меафзояд

Алиасғар Шеърдӯст, сафири Ирон дар Тоҷикистон дар робита ба масоили ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик мегӯяд, ки рӯз ба рӯз ҳамкории тарафайн зиёд шуда истодааст. Сафири Ирон мегӯяд: «Дар ҳоли ҳозир байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Ирон лоиҳаи даҳ мактабу донишгоҳ ба нақша гирифта шудааст. Ва барои сохта ба истифода доданаш ҷониби ҶИИ омодааст. Барои мисол мадрасаи (мактаб) байналмилалии муштараки байни Ирон ва Тоҷикистон бо номи «Рудакӣ» дар ҷараёни сохтмон мебошад. Ин мадраса ҳудуди се гектар заминро дар бар мегирад. Дар соли оянда ин мадраса ба истифода дода мешавад».

Шеърдуст зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки бинои пештараи «Тоҷикатлас», ки дар пушти «Сирк»-и давлатӣ ҷойгир мебошад, ҳоло номи «Хонаи фарҳангу ҳунари Ирон дар Тоҷикистон»- ро гирифтааст. Аз соли 2000-ум ин бино аз фаъолият боз истода, ба як харобазоре табдил ёфта буд. Дар доираи хусусигардонӣ ба бахши хусусӣ фурӯхта шуд. Мо ин биноро харидорӣ карда, нақшаи бузурге дар ин бино кашидем, ки фарҳанги муштараки Тоҷикистон ва Иронро дар он ҷо ба намоиш бигузорем. Дар атрофи ин бино чанд толори сарпӯшида ва чанд нигорхона барои намоишгоҳи осори фарҳангу ҳунари Ирон сохта мешавад. Ва инчунин ороишот ва як боғи зебои иронӣ дар назар аст. Боғҳои Иронӣ аз нигоҳи шинонидани бо тартиби дарахтон, навъи ҷараёни обҳо, навъи рангомезӣ ва порчаҳои шеърие, ки дар васфи биҳишт суруда шудааст, дар ҷаҳон машҳур мебошад. Дар ин макон барномаҳои дигар барои кӯдакон низ дар назар аст.

Аммо ин ҳамкорӣ бе монеа ҳам нест. Дар масъалаи интиқоли маблағ аз Ирон ба Тоҷикистон, Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, ки фишори ғарб алайҳи Ирон ба сармоягузории ин кишвар ба Тоҷикистон халал ворид карда, барои ҳамкории ширкатҳои ду кишвар монеъа эҷод мекунад. Ӯ гуфт: «Феълан тоҷирон аз Ирон тавассути бонкҳои иронӣ ба Тоҷикистон наметавонанд, ки маблағ интиқол намоянд, зеро интиқоли доллар ва евро тавассути Амрикою Иттиҳоди Аврупо сурат мегирад, ки ин иҷозатро надода истодаанд».

215 миллион доллар ҳаҷми умумии муомилоти ду кишвар

Дар конфронсе, ки моҳи гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар, Ҳамидуллохон Фақиров гуфт, ки соли гузашта ҳаҷми умумии муомилоти молии Тоҷикистону Ирон 215 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, Ирон аз рӯйи ҳаҷми додугирифти молӣ бо Тоҷикистон баъд аз Русияву Чин ҷои саввумро ишғол менамояд. Дар ин конфронс ҳамзамон масъалаи сохтани шаҳраки саноатӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Ирон баррасӣ шуда буд, ки ҷониби Ирон омодагии худро барои сохтани ин шаҳрак баён кард.

Гуфта мешавад, ки баъди ба мувофиқа расидани ҷонибон Ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди нахустин шаҳраки саноатӣ дар кишвар 100 гектар замин ҷудо карда, сохтмони он пас аз баррасии ҳуҷҷатҳо шурӯъ мегардад. Тибқи нақша бояд дар муддати се сол ин шаҳраки саноатӣ бунёд гардад.

Бобоҷони Қаюмзод: Баргаштан ба хати ниёкон равобитро бештар мекунад

Бобоҷони Қаюмзод, раиси шӯъбаи таҳлил ва барномарезии ҲНИТ бар ин назар аст, ки равобити Тоҷикистону Ирон дар ин рӯзҳо дар сатҳи хуб қарор дорад. Ӯ меафзояд: «Ин гармӣ дар равобити ду кишвар чанд омил дорад. Агар яке аз онҳо фарҳанг, забон ва дини муштарак аст, дигаре метавонад ҳамон решаи пешинаи хешовандии ҳарду миллат бошад. Аммо нақши дигар омилҳоро ҳам наметавон нодида гирифт, бахусус ниёзи Тоҷикистон ба сармояи ҶИИ- ро. Дар чанд соли охир бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти энержӣ ва сармоягузории Ирон дар ин замина сатҳи равобити ду кишвар беҳбуд ёфтааст. Дар ҳоле, ки аксарияти кишварҳо бо пайравӣ аз Ғарб Иронро таҳрим карданд, Тоҷикистон ҳамчун як кишвари ҳамзабон ба ин раванд ворид нашуд.»

«Агар мардуми мо ба омӯзиши хатти ниёкон оғоз намоянд, ворид ба манобеъи илмии Ирон мегарданд, зеро дар интернет бо ҳуруфи сирилик ва забони мо ин гуна манбаъ вуҷуд надорад. Истифода аз манобеъи илмӣ ва фарҳангӣ дар интернет метавонад бар равобити ду кишвар асаргузор бошад. Ба ҳар ҳол, бо вуҷуди бархе чолишҳо заминаҳои рушду густариши равобит бештаранд.»

More From Author

You May Also Like