Бино ба иттилои хадамоти марзбонии Тоҷикистон ахиран дар чанд нукоти сарҳадӣ нерӯҳҳои давлатӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд. Гуфта мешавад, ки ин тасмим дар пайи ошкор шудани теъдоди паноҳандагони толиб дар наздикии сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон гирифта шудааст. Ёдовар бояд шуд, ки моҳе қабл нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо куштани 20 толиб нерӯҳои марзшиканро маҷбур ба ақибнишинӣ карданд. Дар ҳамин ҳол расонаҳо хабар медиҳанд, км мақомоти марзбонии Тоҷикистон иттиллоъ дар мавриди убури марз аз сӯи ҷангиёни толибро рад намуданд. Президанти Тоҷикистон Э. Раҳмон дар Кобул зимни нишасти хабарие иброз дошт, ки вуруди ҷангиёни толиб ба Тоҷикистон «муболиға»-и расонаҳо мебошад. Вай афзуд, ки марзи Тоҷикистон ба хубӣ ҳифозат шуда, нигаронии расонаҳо дар ин маврид асоси воқеӣ надорад.
Categories
Ахбори рӯз