ё раванди давлатсозӣ ва рушди кишвар аз нигоҳи муҳаққиқи хориҷӣ
Дар шаҳри Маскав, китобе таҳти унвони “Таджикистан, трудный путь развития” ё “Тоҷикистон, роҳи душвори рушд” аз ҷониби Марта Брилл Олкотт, ходими илмии Бунёди Карнегӣ аз дасти чоп раҳо шуд. Интишороти “Время” онро бо теъдоди 1000 нусха ба нашр расонида, ки аз 460 сафҳа: муқаддима, 9 боб ва охирсухан иборат аст. Пешгуфторашро Ҷессика Т. Мэтюз, президенти Бунёди Карнегӣ барои сулҳи байналмилал хеле фишурда навишта, ба муаллиф баҳои баланд қоил мешавад. Ҳамчунин ба авзоъ ва фазои умумии Тоҷикистон муруре сурат гирифта, ки дар он ба усулу шеваҳои авторитарӣ майл пайдо кардани идораи кишвар ишора шудааст. Яъне идораи давлат аз сӯи як оила, бахусус дар соҳаи иқтисодиёт тасаллути комил пайдо кардан. Аз ин ҷост, ки навиштааст Ҷессика Т.Мэтюз, ислоҳотҳои баргузоршаванда бесамар анҷом мегиранд ва ба “ҷалби таваҷҷуҳ ва озодии иқтисод мусоидат намекунанд. Барои ширкати аҳли ҷомеъа дар низоми сиёсӣ шароиту имконият фароҳам нест, баръакс роҳбарияти кишвар афзалият ба он дода, ки атбои кишварро ба зиндагии хушбахтонаи хаёлӣ дилгарм созанд”.
Муаллифи пешгуфтор мегӯяд: “Баъди хатми ҷанги дохилӣ ва имзои созишномаи сулҳ, Тоҷикистон кӯмакҳои фаровоне аз муассисаҳои байналмилалӣ дарёфт кард. Ин маблағҳо дар асоси қарордодҳои дуҷониба ва чандҷониба бо Сандуқи байналмилалии пул, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии бозсозӣ ва тараққиёт, Барномаи рушди СММ, ҳамчунин маблағҳое аз ИМА, Иттиҳодияи Аврупо, Швейтсария, Жопон, Чин ва Русия ворид гардиданд. Аммо ҳама талошу заҳамоти донорҳо барои татбиқи ислоҳот ба иллати тавзеъи нодуруст ва номуассири сармоя зоеъ шуд ва адами иродаи сиёсӣ дар роҳбарият низ боис шуд, ки ислоҳоти демократӣ доир нашавад”.
Дар китоби “Тоҷикистон- роҳи душвори рушд”, ки дар заминаи пажӯҳишу таҳқиқоти хонум Марта Брилл Олкотт навишта шудааст, дар маҷмӯъ тамоми ҷанбаҳои зиндагии Тоҷикистон, аз лаҳзаҳои касби истиқлолият мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтаанд. Ба ақидаи муаллиф, айни замон роҳбарияти Тоҷикистон дар муқобили интихоби билодиранг қарор дорад: ё ба таври ҷиддӣ дар пайи пиёда кардани ислоҳоти фарогир мешавад ё бо идома додани сиёсати кунунӣ кишварро ба бунбаст мерасонад.
Китоби мазкурро Юрий Фокин ва Марина Барнетт аз инглисӣ ба русӣ баргардон кардаанд ва аз манобеъу сарчашмаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ВАО-и он маълумоти фаровоне истифода шудааст. Тавре дар боло ишора кардааст, китоб 9 боб дорад: “Муқаддима, кишвар зери хатар”, “Сиёсат ва дин дар Тоҷикистон”, “Оё роҳбарияти Тоҷикистон ирода ба ислоҳот ва тағйиротро дорад?”, “Авзоъи иқтисодӣ”, “Ислоҳоти арсаи кишоварзӣ”, “Саноати Тоҷикистон”, “Бӯҳрон ё инқирози энержӣ ва инфрасохторӣ дар Тоҷикистон”, “Зану кудакон, озуқа ва ҳифзи иҷтимоъӣ” ва “Нигоҳе ба оянда”.
Ҳоло ба боби аввали китоб, “Муқаддима, кишвар зери хатар” мурур мекунем, ки то андозае моҳияти ин асарро бармало ва рушан месозад ва бо ин ҷумлаҳо оғоз меёбад: Тоҷикистон “кишвари камбағалтарини Осиёи Марказӣ буда, даромади солона ба ҳар сокини он ба ҳисоби миёна 780 долларро ташкил медиҳад, ки пасттарин нишондод дар кишварҳои пасошӯравист. Аз рӯи ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистон дар заминаи даромади солонаи аҳолӣ дар соли 2010 миёни 213 кишвар мақоми 183-ро ба худ ихтисос дод. Хонум Олкотт ишора бар он мекунад, ки амвоҷи нооромиҳоро дар оғози истиқлолият пуштибонии Қаҳҳор Маҳкамов аз “ГКЧП”-и Маскав асос гузошт. Ҳамин буд, ки Р. Набиев, собиқ котиби аввали КМ ва депутати Шӯрои Олӣ талоши гирифтани қудрат кард ва дар ин роҳ аз доираҳои нави сиёсӣ ва коммунистон истифода бурд. Яъне се гурӯҳ: Набиев ва коммунистони пешини дар вазифа буда, нерӯҳои демократӣ, ки пуштибонии зиёиёнро доштанд ва исломиҳо бо пуштибонии аксарияти мардуми деҳот аввалин президент, Қаҳҳор Маҳкамовро ба истеъфо фиристоданд. Набиев сари кор омад, аммо дере нагузашта миёни ӯ ва ду гурӯҳи дигар: демократҳо ва исломиҳо фосила афтод, ки ба тадриҷ рақиби ҳам шуданд. Моҳи марти соли 1992 тазоҳурот муқобили ҳукумати Набиев шурӯъ шуда, ба бархӯрдҳои мусаллаҳонаи моҳи май овард ва ӯ маҷбур шуд Ҳукумати мусолиҳаи миллиро ташкил диҳад, вале умри ин ҳукумат ҳам дер накашид. Моҳи ноябр дар Хуҷанд тарафдорони Фронти халқӣ ва депутатҳои Шӯрои Олии вилояти Суғд Эмомалӣ Раҳмонов, депутати на он қадар намоёнеро, ки ду ҳафта пеш аз курсии раисии совхоз ба раисии вилояти Кӯлоб бурда буданд, раиси Шӯрои Олӣ интихоб карданд. Ҳамин тавр низоми президентӣ барҳам хурда, ҷанги шаҳвандӣ алангаи тоза гирифт. Ду тараф: Фронти халқӣ бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов ва мухолифини тоҷик бо роҳбарии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ 5 сол бо ҳам ҷангиданд. Ба навиштаи муаллиф ҷангҳои шадид асосан соли 1993 рух доданд, ки то 100 ҳазор кушта ба ҷой гузошта, беш аз 1 миллион нафар ба Афғонистон, ИДМ ва дар дохили Тоҷикистон гуреза шуданд.
Моҳи апрели соли 1994 бо миёнаравии Русия ва Ирон музокирот миёни ҳукумати Раҳмонов ва мухолифинаш шурӯъ шуда, то июни соли 1997 давом кард. Бо тақсими қудрати сиёсӣ ва додани 30%-и курсиҳо ба мухолифин созишномаи сулҳ ба имзо расид, инчунин ҲНИТ, ягона ҳизби мазҳабӣ иҷозаи фаъолият пайдо кард.
Хонум Брилл Олкотт менависад, ҳукумати Раҳмонов дар оғози марҳалаи сулҳу оштӣ то андозае ба самти мардумсолорӣ ҳаракат кард. Аммо баъдан масири сиёсат иваз шуда, кишвар ба самти авторитаризм майл кард. Мақоми президент бо суръати баланд боло рафта, парламент ба як ниҳоди маргиналӣ табдил ёфт, ки аслан баёнгари воқеъии қувваҳои сиёсӣ нест. Наҳваи интихоботҳо ба шиддат латма диданд, озодиҳои мазҳабӣ ва сухан то рафт маҳдуд гардид. Ислоҳоти низоми судӣ ба кундӣ пеш меравад, фасоду ришват кишварро ба дод овардааст. Назорати ҷомеъаи шаҳрвандӣ амалан вуҷуд надорад Ҳарифони сиёсӣ ҳабс ё кушта ва ё фирорӣ мешаванд.
Муаллиф роҷеъ ба вазъияти иқтисоду молияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ карда, бо истифода аз далелу рақамҳои баргирифта аз манобеъи муътамад, чун Бонки ҷаҳонӣ, Созмони байналмиллалии пул (СБП) ва ғайра манзараи кишварро дар ин маврид тасвир месозад. “Дар имтидоди солҳои 90-ум ҷомеъаи байналмилал, ба хусус муассисаҳои молиявии он иқтисоди ин кишварро сари по нигоҳ дошта тавонистанд. Аммо шароит тавре пеш рафт, ки дигар Тоҷикистон гаравгони сиёсатҳои ин гуна муассисаҳо шуд. ВА дар 15 соли ахир роҳ ва заминаву шароитро барои мудохилаи тамом ва ҳузуру ширкати бемайлон ба иқтисоду молияи кишвар роҳ дод. Ҳоло тобеъи иродаи Сандуқи байнулмилалии пул, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар ниҳодҳои молии байналмиллал ва кишварҳои алоҳида қарор дорад. Бо изофа, иқтисод ва буҷаи давлат аз пули муҳоҷирон вобастагии калон дорад, аслан ин масъала ба як таҳдиди ҷиддӣ табдил шуда, ки ояндаи кишварро матрук кардааст”.
Муаллиф ба арсаи кишоварзӣ ҳам назари ҷолиб дорад, ки “ислоҳоти нофарҷоми ин соҳа кишвари қашшоқро сахт осебпазир кардааст…. Пахта асосан ба тиҷорати хонавода ва афроди наздик ба роҳбари кишвар табдил шуда, заводҳои коркарди он асосан дар дасти наздикони президент мебошанд. Соҳаи энержӣ низ, дар баробари ба фасод ғӯтавар будан, сахт зиёнбор аст. ТАЛКО, ки зери назорати давлат ва афроди наздик ба роҳбарияти кишвар мебошад, нерӯи барқро нисбат ба мардум ба маротиб арзон истифода мекунад, дар ҳоле ки ин ширкат яке аз қарздорони асосии “Барқи тоҷик” аст. Идораи ин ду ширкати бузург: ТАЛКО ва “Барқи тоҷик” ба усули мудирияти матлуб наздикӣ надорад. Илова бар ин, СБП соли 2007 дар ҳаҷми 500 миллион доллар қарзи пинҳонкардаи Тоҷикистонро ошкор кард, ки боиси шармандагии калони давлатӣ шуд. Бонки миллӣ изҳор дошт, ки ин маблағро ба арсаи пахтакорӣ, ба ташкилотҳои хусусӣ додааст, аммо ин далел боваркарданӣ набуд. СБП давлатро муваззаф ба пардохти қарз бо фоидааш кард, ки ноилоҷ ин кор анҷом гирифт, дар ҳоле ки маблағ аз тарафи афроди алоҳида ба масраф расидааст.
Муаллиф менигорад, зимистони сарди соли 2007-2008 ҳукуматро ғофилгир кард ва кишвар 250 миллион доллар зарар дид. Тоҷикистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ кӯмак хост, ки қисман онро пазируфтанд ва 28 миллион доллар кӯмак расид. Аммо ин кӯмакҳо мисли қабл ба сирқат рафта, ба афроди ниёзманд нарасиданд. Ҳамзамон бо сардии бесобиқа нархи маводи аввалияи ғизоӣ дар бозорҳо ба маротиб боло рафт.
Муаллиф бо истинод ба маълумоти Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ менависад, 1,5 миллион сокини Тоҷикистон аз камбуди ғизо танқисӣ кашиданд, ки 650 ҳазори он дар вазъияти тамоман буҳронӣ қарор доштанд. Аммо “ин буҳрон, ҳатто мижаи раҳбариятро хам накард ва боз ҳам сиёсати иштибоҳиву барномаҳои бесамару нокоми иқтисодиашро таҳриру бознигарӣ накарда, идома дод. Ҷомеъаи байналмилал ҳам наззора накард, ки ин ҳама кӯмакҳои вофири дуҷонибаву бисёрҷониба куҷо шуданд. Беш аз пеш фазо ва муҳити сиёсии кишвар ғайридемократӣ мешавад”, чунки давлат бо бӯҳрони машрӯъият мувоҷеҳ шудан дорад.
Ба навиштаи муаллиф, муқобили аъзои калидии тими иқтисодии президент дар робита ба ҷиноятҳои иқтисодӣ иттиҳом зада мешавад ва худи Раҳмонро бошад ба он муқассир медонанд, ки ҳукуматро ба ҳукумати хонаводагӣ табдил додааст ва бештари аъзои хонавода дар мансабҳои давлатӣ ворид шудаанд. Ба гуфтаи Transparency International ва созмони байналмилалии “Шаффофият” фасод дар ҳоли густаришёбист ва Тоҷикистон миёни 182 кишвар дар ҷои 152 қарор дорад.
Хатари дигари таҳдидкунандае низ ҳаст, он ҳам ҳамсоя будан бо Афғонистон. Маводи мухаддир аз он ҷо ба Тоҷикистон сарозер мешавад ва баъд аз рафтани НАТО вазъи марз номаълум мемонад.
Муаллиф меафзояд, басо мушкил аст гуфтан, ки президент Раҳмон фишори иҷтимоъиро кай ба таври ҷиддӣ эҳсос мекунад, то барои роҳандозии тағйироту таҳаввулот иқдом намояд. Дуруст аст, ҳанӯз ҳам биму ҳарос аз ҷанги шаҳрвандӣ боқӣ мондаву ба як омили амну субот ва боздоранда аз таҳаррукоти иҷтимоъӣ табдил ёфтааст. Аммо сол ба сол шумораи ҷавонҳо зиёд шуда, талабот афзоиш меёбад.
Хонум Олкотт арқоми назарсанҷиеро зикр карда, ки бар пояи он танҳо 30%-и сокинони кишвар аз зиндагии хеш қаноъатманданд, боқӣ дар ҳоли камбағаливу ноумедӣ ба сар мебаранд ва ин ноумедӣ боиси фирори “мағзҳо” шудааст. Хеле аз афроди мутахассис кишварро ба қасди ҷойи беҳтар тарк мекунанд.
Ба ақидаи ин хонум, шахспарастии Э. Раҳмон аз И. Каримов ҳам гузаштааст, баръакс дувумӣ ба тадриҷ қисмате аз ваколатҳояшро ба ихтиёри сарвазир мегузорад, аммо сарвазирӣ дар Тоҷикистон ба ном вуҷуд дорад. Доираи салоҳият ва ваколатҳои парлумон ҳам бар фоидаи президент коҳиш меёбанд. “Аз соли 2007 ба ин тараф Э.Раҳмонро Ҷаноби Олӣ садо мезананд, ҳатто худаш ҳам дар ҷаласаҳо ҳамин тавр мегуяд, аксҳояш фарогир. Ишон ҳамчун як мутафаккири умури динӣ матраҳ шуда, худро ба ҷилва мегузорад.
Яке дигар аз масъалаҳое, ки ин пажӯҳишгар рӯи он тамаркуз кардааст, масоили интихобот мебошад, қонунҳои интихоботӣ, ки ба мавозини байналмилал муғойират доранд, мавриди интиқод қарор гирифтаанд. Нуқсонҳои дар қонуни интихоботи президентӣ ба мушоҳида гирифтаро ба таври алоҳида зикр карда, ки ба шеваи пешбарии номзадҳо марбутанд, аз ҷумла набудани меъёри “худпешбарӣ”-ро. “Ин гуна маҳдудиятсозӣ нақзи ошкоро ва хилофи конвенсиони Копенҳаҳен аст, ки САҲА соли 1990 қабул ва давлати Тоҷикистон онро эътироф кардааст”.
Бахше аз китоби пажӯҳишгар ба масоили муносибати дин ва давлат бахшида шудааст. Яъне давлат дар 3-4 соли ахир, ҳатто бо нақзи қавонине, ки худ қабул кардааст, даст мезанад, аз ҷумла қонунҳои ба тасвиб расонида, ки дин ва руҳониёнро ба инзиво мекашонанд. 1310- солагии Имоми Аъзамро ба таври васеъ ва бо иштироки олимони дохилу хориҷ таҷлил кард, аммо на рӯҳониёни машҳур ва нафаре ҳам аз ҲНИТ-ро даъват накард. Тайи 2-3 соли ахир шумори зиёде аз ҷавононро, ки барои таҳсили улуми дин ба мадориси мӯътабари исломӣ ба берун рафта буданд, ба зӯр ва аз роҳи тарс додани падару модар ба ватан баргардонид. Вале онҳоро ба ҳеҷ машғулияте фаро нагирифту ҳаволаи сарнавишт кард.
Китоб натиҷаи мушоҳида ва таҳқиқоти 25 -солаи муаллиф аст, он гуна, ки худаш менависад, аз соли 2005 то 2010 борҳо ба Тоҷикистон сафар карда, маводди зиёдеро гирд овардааст.
P.S. Марта Брилл Олкотт, ходими пешбари илмии барномаи Русия ва Авруосиёи Бунёди Карнегӣ дар Вашингтон, ҳаммудири Барномаи Ал-Форобии Карнегӣ дар Осиёи Марказӣ. Мутахассис дар робита ба масоили давраи гузариш дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, ҳамчунин дар умури амниятии минтақаи Каспист. Беш аз 25 сол роҷеъ ба масъалаҳои муносибатҳои байниқавмӣ дар Русия ва дигаре аз ҷамоҳири пасошуравӣ тадқиқот анҷом додааст. Муаллифи китобҳои “Шанси дувуми Осиёи Марказӣ”, «Қазоқистон, ваъдаҳои ноиҷро?” ва “Дар вихри ҷиҳод” мебошад.
“Наҷот”