Categories ҶОМЕА

Тоҷикистон фақиртарин кишвари Осиёи Миёна

СММ дар гузорише таҳти унвони “Шохиси тавсеаи инсонӣ дар соли 2013”, Тоҷкистонро фақиртарин кишвари минтақаи Осиёи Миёна эълом кард.

Ба гузориши “Ирна”, бар асоси ин таҳқиқот 3.1 дарсад аҳолии Тоҷикистон, ки дар як шабонарӯз камтар аз як доллар даромад доранд, дар фақри мутлақ ба сар мебаранд ва беш аз 47 дарсади аҳолии кишвар, ки даромади рӯзонаашон аз 2 доллар ва 15 сент камтар аст, ба камбизоатии сахт гирифторанд.

СММ дар гузориши худ, ки имрӯз чоршанбе дар расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон интишор ёфтааст, мизони фақри Тоҷикистонро болотар аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ эълом кардааст.

Дар ин феҳраст тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон дар мақоми 69, Туркманистон дар мақоми 102, Ӯзбакистон дар мақоми 114 ва Тоҷикистону Қирғизистон, ду кишвари кӯчаки ин минтақа низ дар рутбаи 125 қарор доранд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ахиран дар парлумони ин кишвар гуфта буд, ки аз соли 2003 то соли 2007 мизони камбизоатӣ дар ин кишвар 23 дарсад коҳиш ёфта ва дар чор соли баъд мизони фақр дар ин кишвар беш аз як дарсади дигар коҳиш ёфт.

Бар асоси гузориши интишорёфта мизони фақр дар миёни аҳолии шаҳру русто ва ҳамчунин манотиқи Тоҷикистон бо ҳам мутафовит аст. Бо ин тартиб мизони фақр барои шаҳрҳои Тоҷикистон беш аз 36 дарсад ва барои манотиқи рустоӣ бештар аз 50 дарсад эълом шудааст.

Ҳамзамон бештарин мизони фақр мабут ба устонҳои Суғд ва Хатлон эълом шудааст, ки ба тартиб беш аз 52 ва 50 дарсад ҷамъияти ин ду устон зери хати фақр ба сар мебаранд.

Пажуҳишгарон нархи болои бекорӣ, тахриби беш аз 90 дарсади захоири зеризаминӣ, камбуди дастрасӣ ба неруи барқ, набуди оби ошомидании солим ва сатҳи поёни таҳсилотро аз авомили асосии бурузи фақр дар Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд.

More From Author

You May Also Like