Categories Uncategorized

«Тоҷикхориҷакор» муҳоҷиратро расмӣ мекунад?

Аъзамшоҳ Қуқаншоҳ

29.04.2012, 16:30


Тибқи иттилои хабаргузории  REGNUM дар Федератсияи Русия аз намояндагии Хадамоти Муҳоҷирати Тоҷикистон дар ин кишвар нақли қавл карда, менависад, ки намояндагии КВД «Тоҷикхориҷакор» ба фаъолият шурӯъ карда, ҳадафи он муташаккилона равона кардани муҳоҷирини тоҷик ба Русия мебошад.

Тибқи иттилои манбаъ, Палатаи давлатии ба қайдгирии ФР шаҳодатномаи «Иҷозатнома дар бораи сабти ном кардани ташкилоту филилалҳои шахсони ҳуқуқӣ ва иҷозати фаъолияти онҳо дар ФР»-ро ба намояндаи ХМТдар ин кишвар супурд.

Чанд рӯз пеш ин ташкилот намояндагии худро дар шаҳри Санкт Петербург низ кушода шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола наздик ба як миллион тоҷик барои дарёфти кор ба Русия сафар мекунад ва тибқи мушоҳида беш аз 90 дарсади онҳо беомодагии пешакӣ ва бидуни бастани шартномае сафар мекунанд.

«Тоҷикхориҷакор» ният дорад, ки ин равандро ба танзим дароварда, муҳоҷирини тоҷикро бо бастани шарномаҳои расмӣ ба кор таъмин намояд.

Бояд гуфт, ки тайи солҳои ахир чандин созмону диаспораҳои давлативу хусусӣ барои беҳтар кардани шароити муҳоҷирин ташкил шудаанд, вале то ба ҳол вазъи муҳоҷирини тоҷик дар Русия беҳтар нагаштааст.

Аз нирӯҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, бахусус аҳзоби сиёсӣ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нисбат ба шароит ва авзоъи муҳоҷирони корӣ таваҷҷӯҳи бештар намуда, қариб ҳар сол ҳайатҳои хосси худро барои аз наздик ошно шудан аз вазъи эшон ба Русия равон мекунад.

Тавре, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва вакили МН дар суҳбат бо Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфт, ӯ зимни сафарҳои вакилон барои вохурӣ бо интихобкунандагон ният дорад, ки баъди вохуриҳо дар Суғд, барои дидор бо муҳоҷирон дар аввали моҳи май ба Русия сафаре хоҳад кард.

More From Author

You May Also Like