Номзадии Шуҳрат Қудратов ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, ки дар рӯйхати ҳизбии ҲСДТ пешбарӣ шудааст, эҳтимол дорад, ки расман рад карда шавад.
Ба гузориши “news.tj”, ба нақл аз як манбаъ, айни замон мурофиа судӣ дар робита ба қазияи Шуҳрат Қудратов идома дорад, танҳо дар ҳолати ба таври пурра аз ҷониби суд бегуноҳ шуморида шуданаш метавонад ҳамчун номзад ба вакилӣ ба қайд гирифта шавад.
Ин дар ҳолест, ки агар Қудратов мутобиқ ба қонуни афв озод нашавад, дар ин ҳолат ӯ наметавонад ҳамчун номзад ба вакилӣ дар интихобот ширкат варзад.
Лозим ба ёдоварист, ки Шуҳрат Қудратов яке аз адвокатҳои маъруф дар кишвар ба шумор меравад, ки аз манфиатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ҳимоят мекард, аммо саннаи 21 июли соли равон аз тарафи кормандони Агентии низорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт гардид.