Categories Ахбори рӯз

Боздошти 5 кг героин дар Хатлон

Кормандони оҷонсии мубориза бо маводи мухадир дар Хатлон як ҳалқаи ҷинойи интиқолдиҳандаи маводи мухадирро кашф намудаанд. Бахши русии сомонаи Бӣ Бӣ Сӣ иттиллоъ додаст, ки ҳангоми интиқоли 5 кг героин ба Русия ин гурӯҳи ҷинойӣ кашф карда шудааст. Маблағи маводи мухадир беш аз 20 ҳазор доллар арзёбӣ карда мешавад. Гуфта мешавад, ки дар ҳолати интиқол ёфтани ин бор ба Русия арзиши он чанд баробар афзоиш хоҳад ёфт .

More From Author

You May Also Like