Categories Ахбори рӯз

Туркия аз Эрон ҳимоят мекунад

Вазири умури хориҷаи Туркия гуфт, дар сурати ҳамлаи Исроил ба Эрон, Туркия яке аз кишварҳоест, ки дар муқобили ин ҳамла пуштибонии Эронро мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Туркия, Аҳмал Довуд Уғлу, вазири умури хориҷаи Туркия дар як барномаи телевизионӣ дар посух ба саволе дар мавриди ҳамлаи эҳтимолии Исроил ба Эрон изҳор дошт, ки Туркия дорои равобити бисёр наздик бо Эрон аст ва ду кишвар ҳамвора дар ҳоли тамосу гуфтугӯ бо якдигаранд.

Вай афзуд, бархе аз гурӯҳҳо талош доранд, то фитнаеро байни Туркия ва Эрон эҷод кунанд. Аммо ин гурӯҳҳо наметавонанд нақши муҳим дар равобити Туркия ва Эрон таъсире гузоранд. Вай хотирнишон кард, ки ҳар чанд байни ду кишвар дар мавриди таҳаввулоти Сурия ихтилофи дидгоҳ матраҳ аст, вале Туркия яке аз аввалин кишварҳое хоҳад буд, ки дар баробари ҳар гуна ҳаракатҳои низомии Исроил алайҳи Эрон меистад. Довуд Уғлу таъкид кард, ки Туркия ҳаргиз чунин ҳамлаи низомиеро дар минтақа қабул надорад ва ба чунин ҳаракатҳо вокуниши манфӣ низ нишон хоҳад дод.

More From Author

You May Also Like