Ҳарчанд соли нави милодиро ҷашни таҳмилӣ ва бегона мегӯянд, аммо мардуми Тоҷикистон барои таҷлили он ва бо шукӯҳӯ шаҳомати зиёд баргузор карданаш омодагӣ мегиранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки қарори шаҳрдории Душанбе барои баргузории ҷашни соли нави милодии 2012 шароитҳои фарҳангиву фароғатии солинавиро барои сокинони шаҳр ба масъулин аз ҷумла баргузории барномаҳои идонаи солинавӣ, ороиши майдонҳо, боғу гулгаштҳо, фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон амр кардааст.
Ҳарчанд ин ҷашнро аз як тараф анъана ва русуми замони шӯравӣ ҳадс мезананд, аммо бархеи дигар мегӯянд, Тоҷикистон солшумории масеҳиро пазируфтааст, ин ид ба сифати фарорасии соли нав бояд таҷлил шавад. Солҳои охир аст, ки баъзе аз хонадони тоҷик хусусан, мардуми мусалмони Тоҷикистон иди соли нави масеҳиро таҷлил намекунанд, зеро ба гуфтаи онҳо ин ид ғайриисломист ва таҷлили он барои фарҳанги мардуми тоҷик бегона аст.
Ҷашнгирии ин ид аз надоштани режимии сиёсии исломист
Зайниддин Орифӣ, рӯзноманигор аз шаҳри Санкт- Петербург мегӯяд, бо вуҷуди арзи эҳтиром ба дини мубини Ислом доштанаш, таҷлили ҷашни соли нави мелодиро зарур медонад. Ба гуфтаи ӯ мардуми тоҷик аз салтанати Шӯравӣ ин анъанаро мерос гирифтаанд ва як рукни давлати дунявӣ низ ҳамин аст, ки пуштибони ин ҷашн буд.
«Бубинед, мо ҳарчанд режими сиёсии исломӣ надорем, давлат расман идҳои мусулмони Рамазон ва Қурбонро рӯзи истироҳат эълон кардааст ва имрӯз дар кӯчактарин деҳа мардум ба намози ҷумъа дар масҷид ҷамъ меоянд. Ба хотирам ҳаст, солҳои Шӯравӣ тақрибан 1975 сол бобоям мулло Ориф барои адои намози ҷумъа ба масоҷиди шаҳри Хуҷанд ва ё Қуқанд мерафтанд, ки масофаи онҳо аз мо 60-80 километр дӯрӣ дошт. Барои пурра аз байн бурдани ҷашни мелодии соли нав моро тақвими нав мебояд, ки расман рӯзи ҷумъаро чун рӯзи истироҳат қабул намуда, солшумориро аз 21 март оғоз намоем. Дар он сурат кӯдакон бештар Наврӯзу рӯзи Одинаро интизор мешаванд на Бобои барфиро, ки аслан ба суннати бобоии мо хос нест».
Ба қавли ҳамсӯҳбатам ҷашни соли нави мелодӣ дар Русия , Аврупо ва Амрико бо шукӯҳи хоса таҷлил мегардад, вале ҷашнгирии ин ид дар Тоҷикистон танҳо як тақлид ба истиқболи соли нави мелодӣ аст.
Иди «Каду» ва иди «Солинавӣ» ба ҳам тавъаманд?
Хилватшоҳи Маҳмуд, сардабири хабаргузории «Озодагон» худро зидди хеҷ гуна ҷашну идҳои бегона намедонад ҳатто зидди «Иди Каду» ва «Ҷашни Боимҷон» низ. «Аслан банда мухолифи таҷлили ин ё он ид ва ё маърака набудаму нестам. Яҳудон Шаббат доранду мусалмонон Рамазону Қурбон, насрониён Рождествову буддоиҳо ким-чизи дигар. Ин дунёро Худованди якто барои бандагонаш офарида ва онҳо ҳақ доранд, ҳар амали некеро, ки барояшон хурсандиву фараҳ меорад,ҷашн бигиранд. Ман ҳатто зидди «Иди Каду» ва «Ҷашни Боимҷон» ҳам нестам, аммо ҳар чиз ҳадду андоза ва меъёри муайян доштагист.
Дар мавриди таҷлили Соли Нави Мелодӣ ва ё рӯзи мавлуди Исои Масеҳ, ки ба рӯзи 1-январ рост меояд ҳам ба ҳамин назарам. Шурӯъ аз солҳои 20-уми асри 20 дар Тоҷикистони азизи мо ҷашнгирии «Соли Нав» ба қавле «мӯд» шуда, инак 90 сол боз онро таҷлил мекунанд. Рӯшан аст, ки идкунии «Соли Нав» аз бародарони бузургамон, ки як ҷо дар як кишвари ба ном СССР мезистем, ба мо мардуми Осиёи Марказӣ гузаштааст. Ривоятҳои таърихиву асотирӣ ҳам дар ин маврид зиёданд, ки сари онҳо намеистем. Аммо ин ки оё зарурати таҷлили «Соли Нав» дар Тоҷикистони навин ҳаст ва ё не, ин нуктаро таъкид намудан ба маврид аст, ки таҷлили он на манфиат дораду на зарар. Хуб мешуд, инро ҷомеъа ва мардум ба таври худ ва сарфи маблағҳои ҳангуфт ҷашн бигиранд ва агар таҷлил накунанд, боз беҳтар.
Паҳлӯи дигари масъала он аст, ки мо соли нави аҷдодии худ- Наврӯзро дорем ва солшуморӣ ва тақвимҳисобамон аз 21-уми март шурӯъ мешавад. Пас, беҳтар аст, ки дар як сол, 1 соли нав дошта бошем, он ҳам дар баҳору вақти зебоии табиат. Дигар қазоват аз худи мардум аст»
Маҳмудҷони Файзраҳмон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ мегӯяд, дар таҷлили соли нав чанде мулоҳизаҳое ҳастанд, ки бояд болои он таваққуф кард ва фоидаву зарарҳояшро омӯхт. Вай мегӯяд: «аҷдоду гузаштагони мо то ду қарни ахир соли навро ҳамчун ид намешинохтанд ва ҷашнгирии ин рӯз дар Осиёи Марказӣ бо омадани русҳо дар авохири қарни 19 ва авоили қарни 20-ум рост меояд. Агар ба таърихи ин ҷашн нигоҳ кунем, мебинем, ки он на моли Масеҳият буда, балки он пеш аз милоди Ҳазрати Масеҳ (а) дар байни аврупоиҳои бутпараст таҷлил мешуд. Масалан, Румониҳо дар қарни саввуми пеш аз милод рӯзшумории худро аз якуми январ шурӯъ мекарданд ва инчунин Ҷулюс Сезари машҳур (вафот 44 пеш аз Милод) тақвими хешро ки тақвими Ҷилюсӣ ном дошт аз ҳамин рӯз сар кардааст. Вале, вақте ки Масеҳият дар қарни 4-уми милодӣ баъди гаравидани импротури румонӣ Константини Бузург ба Масеҳият дар қорраи Аврупо паҳн шуд, аврупоиҳо ҳамон иди миллии зимистонаи худро ранги динӣ андохтаанд.
Пас, соли нав як иди дахил ва бегона мебошад. Вале суол ба миён меояд, ки агар ин ид як иди бегона бошад ва бо назардошти он, ки 95 фоизи ҷамъияти Тоҷикистон мусалмон аст, чаро идҳои Рамазону Қурбон, ки қарнхост аз онон таҷлил мекунанд ва ҷӯзъе аз фарҳанги миллиямон шудаанд дар ҳаҷми соли нав ҷашн гирифта намешаванд? Бале, баъди истиқлол дар ҷашнгирии идҳои Рамазону Қурбон баъзе ислоҳоти косметикӣ ва хело ҷӯзъӣ, мисли табрикоти расмӣ сурат гирифтааст, вале бояд қабул кунем, ки ҳамон сиёсати шӯравии собиқ дар қиболи иди Рамазону Қурбон то ҳол пой барҷост. Охир чаро шабакаҳои телевизонӣ ва радиоҳои расмӣ чанд рӯз пеш аз соли нав тайёриҳо мебинанд ва барномаҳо тақдим мекунанд, вале дар рӯзҳои иди Рамазону Қурбон чизе дида намешавад? Ин далолат бар он мекунад, ки шабакаҳову радиоҳои расмии мо аз дарду хӯшиҳои мардум хело дуранд. Аммо дар кишварҳои ғайриисломии собиқ шӯравӣ, барномаҳои рангорангро чанд рӯз пеш аз ин идҳо тақдими шаҳрвандонашон мекунанд, ки боз ин рӯзҳои хӯшро хуштар мегардонад».
«Солинавӣ» дар Тоҷикистон худнамоист?
Ёдовар мешавем, ки қаблан ба дунболи қабули Қонун «дар бораи танзими расму ойин ва маросимҳо» Ҳукумати Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати зиёд аз таҷлили соли нави милодӣ нигаронӣ карда буд, вале бо гузашти солҳо нигарониҳо нисбати бо дабдаба гузаронидани ин рӯз аз байн рафт. Ҳамин аст, ки М. Файзраҳмон бо дабдаба гузаронидани соли нави милодиро ҷӯз зоҳирпарастӣ дигар чизе намедонад. Ӯ мегӯяд, мутаасифона ҷашнгириҳои пӯрхарҷу бодабдаба дар Тоҷикистон сарфи назар аз зарарҳои иқтисодияш ба як падидаи манфии зоҳирпарастӣ мубаддал гаштааст. Ман ба шоираи шинохтаи тоҷик Гулрухсор Сафиева мувофиқам, ки замоне гуфта буд, ин ҷашнҳои пурдабдаба дар Тоҷикистон зиёдтар барои худнамоӣ таҷлил мешаванд. Аз як тараф қонуни танзими ҷашну анъана ба тасвиб мерасонему аз тарафи дигар барои ҷашнҳои мухталиф маблағи ҳангуфте ҷудо мекунем, оё ин таноқуз нест?
Агар як инсон соли навро таҷлил кунад, кофир мешавад ё хайр?
Дар идомаи андешаҳояш М. Файзраҳмон мегӯяд, «дирӯз як ҷавони тоҷик бароям имейл карда мепурсад, ки агар як инсон пурра соли навро таҷлил кунад, кофир мешавад ё хайр? Ва хоҳиш кардааст, ки мушаххас бигӯям, бале ё на. Ман бо ҳарфи калон навиштам: НА! Воқеан, ин як навъ ифрот аст. Наход барои ҷашнгирифтани соли нав тарафи муқобилро ба марзи куфр бирасонем? Дуруст аст, ки баъзе ашхос дар рӯзҳои соли нав ба арақнушиву дигар корҳои ношоям даст мезананд, аз нигоҳи шариъат гуноҳи сахте мекунанд, вале набояд онро ба такфир бирасонем. Хоссатан, бояд дар назар гирифт, ки мо дар як кишваре зиндагӣ мекунем, ки солҳои дароз аз ин ид таҷлил мекард ва як қишри ҷомеа ба соли нав таваҷҷӯҳи хос дорад. Устод Рошид Ал-ғаннушӣ раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тунис баъди гирифтани аксари овозҳо дар интихоботи ахир эълон кард, ки мо бо духтароне, ки либоси ғайри исломӣ мепушанд мушкил надорем, зеро пушидани ҳиҷоб ихтиёрист на маҷбурӣ. Пас, хуб мешуд, ки қишрҳои мухталифи ҷомеа таҳаммулпазир бошанд ва аз таҳмили фикр болои якдигар канораҷӯи кунанд. Ба фикри ман, байни исрори ин ҷавони тоҷик ки чашни соли нав инсонро ба марзи куфр мерасонад ва байни манъи ҷавонони то 18-сола аз рафтан ба масҷид фарқеро намебинам, зеро агар аввалӣ ифроти динӣ бошад дуввумӣ ифроти дунявист ва ҳар ду мехоҳанд фикрҳои худро таҳмил кунанд»
Ҳамзамон бархеҳо бар он назаранд, ки 98 фисади мардуми тоҷик аз лиҳози дину ақида ва арзишҳои динию мазҳабӣ худро мусалмон меҳисобанд, пас ба таҷлили ин идҳо зарурат нест. Зеро ҳар қавму миллат арзишу анъанаҳои миллии худро доранд ва тавассути он худро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд.
Ҷ. Ҳокӣ