Categories Ахбори рӯз

Убайдуллоев аз таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия интиқод кард

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мулоқот бо Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия гуфтааст, ки мардуми Тоҷикистон омода ҳастанд, ки маҳсулоти кишоварзии бештаре ба бозорҳои Русия ирсол намоянд.

“ВВС” аз торнамои Думаи давлатии Русия навиштааст, ки дар ин мулоқот Убайдуллоев аз ҷумла гуфтааст, ки мардуми Тоҷикистон ба таври комил бо мавзеъгирии Русия мувофиқ ҳастанд ва сиёсати таҳримҳо алайҳи ин кишварро маҳкум мекунанд.

Ӯ иброз дошта, ки ҳеҷ кишваре ҳақ надорад, ки назари худро бар кишвари дигаре дикта кунад ва ҳар кишваре ҳаққи интихоби сиёсати худро дорад.

Ҳамчунин Убайдуллоев дар дидор бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсия ё маҷлиси суфлои Русия низ ҳамин гуфтаҳоро таъкид кардааст. Матвиенко зимни таъкидҳо ва маҳкумҳои Убайдуллоев Ғарбро гуфта, ки Тоҷикистон дар оянда ба Иттиҳодияи Авруосиё, ки аз се кишвар Русия, Белорус ва Қазоқистон ташкил шудааст, хоҳад пайваст.

Лозим ба ёдоварист, ки мақомҳои парлумони Русия ва Тоҷикистон гуфтаанд, ки як гурӯҳи корӣ барои таъмини маҳсулоти кишварзии Тоҷикистон дар бозорҳои Русия таъиси хоҳад шуд.

More From Author

You May Also Like