Categories Uncategorized

Убайдуллоев мавқеъи ташхисгарони «Роғун»-ро ба пойтахтиён расониданист

Шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон ба қарор омада, ки вохӯрии мушовири ширкати “ПомирЭнерҷӣ”-ро бо намояндагони ҷомеъа дар шаҳри Душанбе доир карда шавад.
Коршиносони ин ширкат, ки бо дастури Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи «Роғун»-ро аз нигоҳи фаннӣ, иҷтимоъӣ ва зистмуҳитӣ ташхис кардаанд, бояд ҷомеъаи шаҳри Душанбе ҳам ба диду назари онҳо ошноӣ пайдо намояд, чун ҳарф дар мавриди бунёди як тарҳи азим аст.
Таври маълум, чунин як мулоқот рӯзи 16 август дар пойтахт доир мегардад ва барои анҷоми муваффақонаи ин вохӯрӣ Ҷ.Мансуров ва Ф.Улмасов, муъовинии раис ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр супориш гирифтаанд, ки иҷроли ин қарорро назорат баранд.
Ҳамчунин раёсатҳои шаҳрии КДАМ ва ВКД амнияти баргузории ин мулоқотро ба зима доранд.

More From Author

You May Also Like