Categories Uncategorized

«Реал» мунтахаби Кувайтро мағлуб сохт

Абдулатифи  Ҳаммод

Nahzat.tj

Дирӯз 17 майи соли равон, мусобиқаи дустона байни дастаи машҳури Испания «Реал Мадрид» ва тими мунтахаби Кувайт сурат гирифт, ки «Реал» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Голҳоро Де Мария дар дақиқаи 27 ва Кристияно Роналдо дар дақиқаи 32 ба самар расонд.

Лозим ба ёдоварист, ки  рӯзи 16 май, дастаи «Реал» бар як ҳавопаймои шоҳие, ки амири  Кувайт ба Испания равон карда буд, дар фурудгоҳи ин кишвар фуруд омаданд.

«Реал» бо 75 нафар омад, ки 23 нафари онҳоро футболбозон ташкил медоданд ва ҳамаи бозингарони машҳури ин даста дар ин бозӣ ширкат карданд.

Дар фурудгоҳ ин дастаро мухлисон пешвоз нагирифтаанд, зеро тибқи қарордод, мухлисон набояд дар омадан ва рафтани ин дастаи машҳур онҳоро музоҳим шаванд.

«Реал Мадрид» дар ин бозӣ бо либоси хоссе ки ба муносибати ба даст овардани  Лигаи олии Испания омода шудааст вориди бозӣ шуд.

More From Author

You May Also Like