Имрӯз дар қароргоҳи ҲНИТ мизи мудаввар дар мавзӯи “Никоҳи хешутаборӣ аз назари Ислом” баргузор гардид, ки дар он олимону донишмандон ва масъулини шуъбаҳои ҲНИТ иштирок ва дар ин мазӯъ баҳс намуданд.
Мо яке аз суханрониҳои ҷолиб ва ҳадафрас, ки аз Абдулло Мукаммилов, корманди Академияи исломии ҲНИТ мебошад, пешкашатон менамоем:
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон. Сипосу ситоиш Офаридгореро, ки бо фуруд овардани китоби осмонӣ, ҳама хушиҳои дунё ва охиратро ба инсони роҳгумкарда ҳадя намуд, саодати ду оламро ба итоат аз фармудаҳояш алоқаманд сохта гуфт: “…Пас ҳар касе аз роҳнамоии ман пайравӣ намояд, пас ҳаргиз (дар дунё) гумроҳ ва (дар охират) бадбахт намешавад ва ҳар касе аз зикри ман (дине, ки Паёмбарон онро овардаанд) рӯй метобад, пас дар ҳақиқат ҳаёти танге (ҳаёти пур аз дарду ғам) аз ӯст.” (Сураи Тоҳо, 123,124)
Дуруду салом ба Паёмбари акрам (с), ки масъулияти сангини ҳидояти инсониятро ба дӯши худ гирифта, ба таври аҳсан онро иҷро намуданд.
Саломи самимӣ ба ҳама ёрони бовафо ва ҷоннисорашон, ки ҳастии худро фидои роҳи Худо ва нашри хайру дифоъ аз муқаддасоти Ислом намуданд.
Баъд аз ҳамду сано ва дуруду салом, ҳузури яко яки шуморо дар ин машварати илмӣ хуш омадед мегӯям.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, тӯли чанд рӯзи охир сару садоҳо оиди мамнӯъ эълон намудани никоҳи хешу таборони наздик зиёд гашта аст.
Маълум аст, ки аввалин шахсе, ки ин масъаларо ба майдони баҳсу мунозира кашид, вакили Парлумон, Саодат Амиршоева мебошад. Номбурда никоҳи хешутабориро ба саломатии фарзандон зиёновар дониста, хостори он гаштаанд, ки он ба таври расмӣ ва қонунӣ мамнӯъ эълон карда шавад.
Пӯшида нест, ки аксари кулли шаҳрвандони ҶТ тобеият ва мансубият ба дини мубини Ислом доранд. Дар чунин ҳолат барои ҳама соҳибмақомон, хусусан вакилони Парлумон, лозим ва зарур аст, ки ҳолати динӣ ва эътиқодии мардумро ба инобат гиранд. Ҳол он ки зиёновар будани никоҳи хешутаборӣ аз нигоҳи тиб як эҳтимоли илмие беш нест. Аз ин рӯ, беҳтар мебуд, ки ин масъла дар қолаби тавсия ба мардум пешкаш гардад, на ин ки қонунан манъ карда шавад. Ғайр аз ин метавон гуфт, ки маъюбу маслуқ ба дунё омадани тифл танҳо ба никоҳи хешутаборӣ рабт надорад, балки садҳо сабаби дигар метавонад боиси сар задани чунин ҳолатҳо шавад. Аз ҷумла, нӯшидани машруботи масткунанда, истифодаи ҳашиш, героин, ҳолатҳои равонии модар ва ғайра.
Ҳама омилҳои дар боло зикргашта боиси он гардид, ки Академияи ҲНИТ ҳам мавқеи худро вобаста ба масъалаи матраҳшуда баён намояд.
Ҷойи басҳ нест, ки такягоҳи асосии ҳар як шахси мусалмон ҳангоми сар задани ихтилофот ин муроҷиат ба сарчашмаҳои асосии шариъат, Қуръону суннат аст.
Дар робита ба ин гуфта Худованд фармуда аст: “Эй муъминон, Аллоҳ таоло, Паёмбар ва амирони бо ҳақ мувофиқи худро итоат кунед. Пас агар дар чизе бо якдигар хархаша намудед, пас онро ба Худо ва Паёмбараш баргардонед, агар шумо ба Худо ва рӯзи охират имон дошта бошед. Ин амал бароятон аз нигоҳи оқибат беҳтар ва зеботар аст.” (Сураи Нисо, ояи 59).
Ояи боло ва дигар фармудаҳои Илоҳӣ ба мо тавсия дода аст, ки дар сурати сар задани низоъ ва ихтилоф ба сарчашмаҳои аслии шаръӣ – Қуръону суннат-муроҷиат намоем.
Навъҳои таҳрим: абадӣ ва муваққатӣ
Сабабҳои таҳрим: насаб, домод шудан (хешӣ карданд) ва ширхорагӣ.
Худованд дар ояи 23-и сураи Нисо занони шаръан никоҳнораворо чунин оварда аст: “Барои шумо никоҳи модарон, духтарон, хоҳарон, аммаҳо, холаҳо, духтарони бародар, духтарони хоҳар, модарони разоӣ, хоҳарони разоӣ, модарарӯсон, духтарони заноне, ки бо модаронашон ҳамбистар шудаед, ҳаром гардонида шуда аст, пас агар бо модаронашон ҳамбистар нашуда бошед, пас дар издивоҷ бо онҳо гуноҳе нест. Ва инчунин никоҳи ҳамсарони писаронатон ва издивоҷи ду хоҳар дар як ақд ҳаром аст. Магар он чи (дар даврони ҷоҳилият) гузашта аст. Дар ҳақиқат, Аллоҳ таоло бахшандаи меҳрубон аст.”
Сипас дар ояи минбаъда омада аст: “Ва занони шавҳардор ба шумо ҳаром шуда аст, магар он заноне, ки моликашон гаштаед. Ин фаризаи Илоҳӣ бар шумо аст. Ва барои шумо ғайр аз занони номбаршуда ҳалол карда шуда аст, ки бо моли хеш барои покдоманӣ, на шаҳватронӣ талаби никоҳ кунед. Пас аз ҳар зане, ки (тариқи никоҳи шаръӣ) баҳра бурдаед, пас маҳрашонро ба унвони фариза бипардозед. Ва бароятон дар он чи баъд аз маҳри муқаррар ба тавофуқ расидаед, гуноҳе нест. Дар ҳақиқат, Аллоҳ таоло доно ва ҳаким аст.”
Тавре аз ояҳои боло маълум мегардад, ғайр аз заноне, ки шаръан никоҳ бо онҳо нораво аст, издивоҷ бо ҳама занон ҷоиз мебошад.
Инчунин дар сураи муборакаи Аҳзоб чунин омада аст: “Эй Паёмбар, мо барои ту ҳамсаронатро, ки маҳрияашонро пардохтаӣ, ҳалол кардаем ва инчунин канизонеро, ки Худованд дар ҷанг ба ту насиб карда аст, духтарони амӯят, духтарони аммаҳоят, духтарони тағоят, духтарони холаҳоят, ки бо ту ҳиҷрат кардаанд ва зани муъминае, ки нафси худро ба Паёмбар (с) бахшида бошад, агар Паёмбар хоҳиши издивоҷашро дошта бошад, ҳалол кардаем. Ин (ҳукми ахир, ки зане нафси худро бидуни маҳр ба касе бибахшад) хоси ту аст, на ҳамаи муъминон. Мо худ медонем, ки ба души муъминон нисбат ба ҳамсарон ва канизонашон чӣ ҳукме муқаррар намоем, то (баъзе аз аҳкоми хусусӣ) барои ту дилтангие наорад. Ва Аллоҳ таоло ҳамеша бахшанда ва меҳрубон аст.”
Ҳикмати мамнӯъ будани никоҳи наздикон (модар, хоҳар, хола, амма ва ғайра) дар заъиф гаштани насл аст. (Ниг: 2/85 бо нақл аз Рашид Ризо, соҳиби тафсири “ал-Манор”)
Баъд аз муроҷиат ба китобҳои муътабари ҳадис маълум мегардад, ки вобаста ба мамнуъ будани никоҳи хешутаборӣ ҳатто як ривояти саҳеҳ ҳам надорем. Он ривоёте, ки дар ин бобат ворид шуда аст, аз нигоҳи қавоиди илми ҳадис ва баҳогузории мутахассисони соҳа ғайри қобили қабул аст.
Ривояти якум: “Хешу таборони наздикро ба ақди никоҳ надароред, зеро фарзанд заиф ба дунё меояд.”
Зайнуддини Ироқӣ дар тахриҷи аҳодиси “Эҳё-ул-улум”-и Ғаззолӣ вобаста ба ривояти зикршуда чунин оварда аст: “Ибни Салоҳ гуфта аст, ман барои ин ривоят асли муътамад пайдо накардам.” Ниг: Ҳамон манбаъ, 3/447.
Ибни Ҳачари Асқалонӣ дар китоби “Ат-талхис-ул-ҳабир” аз Ибни Салоҳ айнан сухани болоро нақл карда аст. Ниг: Ҳамон манбаъ, 4/256.
Аллома Муҳаммадтоҳир ибни Алии Ҳиндии Фатанӣ дар китобаш “Тазкират-ул-мавзуот” навишта аст: “Ривояти (мазкур) марфуъ нест.” Ниг: Ҳамон манбаъ, 1/127.
Шайх Рашид Ризо дар тафсираш “Ал-Манор” баъд аз овардани ривояти боло гуфта аст, ки он саҳеҳ нест. Ниг: Ҳамон манбаъ, 5/27.
Ривояти дуюм: “Бо бегонагон ақди никоҳ бандед ва лоғар нашавед.”
Ин ривоятро Ибни Қутайба дар китобаш “Ғариб-ул-ҳадис” ва имом Мовардӣ дар китоби “Адабу-д-дунё ва-д-дин” нақл намуда аст, вале ривояти саҳеҳ нест. (Исламвеб)
Илова ба заиф ва беасл будани санади ин ду ривоят, бо чанд тараф мухолифат дорад:
- Бо ояҳои сареҳи сураи Нисо ва Аҳзоб;
- Бо дигар ривоёти саҳеҳи Ибни Масъуд аз Паёмбар (с) ривоят карда аст, ки гуфтанд: “Аллоҳ таоло ба ман фармон дода аст, то Фотимаро ба ақди никоҳи Алӣ дарорам.” Ривояти Табаронӣ бо нақл аз китоби “Ал-Ҷомеу-с-сағир”-и имом Суютӣ.
- Бо таҷрибаҳои таърихӣ. Издивоҷи Алӣ (р) бо Фотима (р), издивоҷи Паёмбар (с) бо духтараммаашон Зайнаб.
Доктор Ваҳбаи Зуҳайлӣ дар китоби “Ал-фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатуҳ” гуфта аст: “Издивоҷ бо духтарони амма ва амӯ (амак), хола ва тағо раво аст. Зеро дар зери маънои умумии ин оя “…Ва ғайр аз ин занони номбаршуда бароятон ҳалол аст…” дохил мебошад.” Ниг: Ҳамон манбаъ, 9/121.
Дар фиқҳи исломӣ никоҳ бо бегонагон дар қатори одоби издивоҷ оварда шудааст. Ниг: Ваҳбаи Зуҳайлӣ, Ал-Фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатуҳ, 9/8.
Доктор Муҳаммад Саид Ҳаво, устоди фанни Қонун дар донишгоҳҳои Иордания, гуфтаанд: “Дар бобати манъи никоҳи хешутаборӣ аслан санади саҳеҳ пайдо карда намешавад ва ҳадиси дар ин бобат воридшуда саҳеҳ нест.” (Алқудс)
Дар ивази мамнӯъ гардонидани никоҳи хешутаборӣ, беҳтар буд, ки муоинаҳои тиббиро қабл аз никоҳ фаъол мекарданд.
Дар моддаи 15-и Кодекси оилаи ҶТ, банди як омада аст: “Муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, инчунин додани машварат доир ба масъалаҳои тиббию генетикӣ ва масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустии маҳалли истиқоматии онҳо ба таври ройгон (бепул) ва танҳо бо ризоияти шахсони никоҳкунанда анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с. №791)
Дар ин маврид Оиша (р) аз Паёмбар (с) ривоят кардаанд, ки барои нутфаҳои худ мавриди хуб интихоб намоед, пас бо шахсони сазовор издивоҷ кунед ва (духтарон ё писаронатонро) ба ақди никоҳи онҳо дароред. Ривояти Ибни Моҷа.
Ин ҳадис маънои онро дорад, ки қабл аз издивоҷ бояд муоина ва машваратҳои тиббӣ сурат гирад.