Categories Ахбори рӯз

Тақаллубкориҳо идома доранд

Имрӯз субҳ аз номи Маҳмудҷон Файзраҳмонов сухангуи ҲНИТ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук изҳороте пахш шуд, ки ҳамаро ба ҳайрат гузошт. Чанде пештар саҳифаи шахсии Маҳмудҷон Файзраҳмоновро шикастанд ва ҳоло аз номи вай изҳорот пахш мекунанд.

Агар интихобот бетақаллуб ва шаффоф гузашта бошад, барои чунин амалҳои дуруғину найрангҳои интернетӣ чӣ ҳоҷат мондааст? Аммо худи ин амал ҳам нишондиҳандаи тақаллуб аст. Аз ҳамагон хоҳиш мекунем, ки ба ин дуздони интернетӣ бовар накунед. Натиҷаҳои интихобот бошад имрӯз мушаххас мешаванду изҳороти ҲНИТ ро Шӯрои Сиёсӣ ва ё РО пахш мекунад ва мисли дигарон як нафар ба ҷои ҳама тасмим намегиранд.

Бинобарин аз ҳамагон хоҳиш мекунем, ки ба ин тақаллубҳо ва навиштаҳои дуздони интернетӣ бовар накунанд.

More From Author

You May Also Like