Михаил Горбачев, раисҷумҳури шӯравии собиқ эълом кард, номзадии Владимир Путин дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳури Русия як иқдоми нодуруст ва иштибоҳ аст.
Ба гузориши хабаргузории “Ирна” Горбачев дар гуфтугӯ бо як радиои русӣ гуфт, Путин набояд барои интихоботи Ҷумҳурии Русия номзад мешуд. Вай афзуд, ба салоҳи Путин он буд, ки мақоми худро тарк мекард, зеро дар ин сурат корномаи вай метавонист тарафҳои мусбати зиёде барои чомеа дошта бошад. Раисҷумҳури собиқ шӯравӣ хотирнишон кард, ки агар Путин бори дигар раисҷумҳури Русия шавад, бояд ба ислоҳот дар Қонуни асосӣ бипардозад. Горбачев аз ин ки ҳудуди як сол аст бо Путин дидор надошта, ибрози таассуф карду гуфт, вай ваъдаи чунин дидореро дода буд, аммо ҳанӯз фурсате пеш наёмадааст.
Раиси собиқи ин кишвар ҳафтаи гузашта ҳам дар бораи оқибатҳои интихоби нави Путин ба раёсати Ҷумҳурии Русия ҳушдор дода буд. Вай гуфт, Агар пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ вазъияти кишвар тағйир накунад, шоҳиди эътирозҳои хиёбонӣ хоҳем буд ва бояд аз вуқӯъи чунин вазъияте пешгирӣ шавад. Ӯ мӯътақид аст, ки системаи сиёсии Русия бояд тағйир кунад ва бардоштани чанд гоме дар ин замина кофӣ нест.