Бақияи умумии қарзҳои бонкӣ дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон, дар моҳи июли соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2013, ба ҳаҷми 32,1% афзудааст, навиштааст маркази матбуотии БМТ.
Чунончи маркази матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ҳаҷми бақияи қарзҳоро 8,8 млрд. сомони, ё 1,7 млрд долларро ташкил медиҳанд.
Аз рӯи иттилои манбаъ, зиёда аз 3,8 млрд. сомониро аз маблағи нишондодашуда қарзҳои дарозмӯҳлат ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2% афзудааст.
Ҳарчанд ки сари ҳар чанд вақт дар бозорҳои дохилӣ сӯхтор ба вуҷуд меояд ва аз оқибатҳои он чандин молу матоъҳо ба коми оташ кашида мешаванд, вале қарзгириҳову судсупориданҳо дар миёни соҳибкорони хурду миёна кам нашудааст. Чунончи «дар марҳилаи қайдгардида зиёда аз 29,1% бештар қарзҳои хурд пешкаши мизоҷон гардидаанд», менависад манбаъ.
Дар ҳоле, ки ба гуфтаи бархе соҳибкорони маҳаллӣ аксарияти тоҷирон дар бозорҳои кишвар бо қарзи бонкӣ ё пули шахсони алоҳида тиҷорати худро пеш мебаранд ва шароит тавре аст, ки соҳибкор тавони ҷамъоварии сармояи шахсиро надорад. Соҳибкорон махсусан аз ворид шудани тоҷирони чинӣ ба бозор ва монополияи бархе маҳсулот низ шикоят доранд. Аз тарафи дигар ҳуҷатгузории бозорҳои кишвар низ мояи нигаронии соҳибкорон аст.