Мусалмонони Украина ва дигар кишварҳои аврупоии шарқӣ ва аврупоии миёна бо масъалаи Ҳаҷ таърих ва ҳикояти дерина доранд. Ин мардуми мусалмон дар тӯли зиндагии худ бо ҳодисаҳое рӯбарӯ буданд, ки онҳоро ба муддати як қарн аз анҷоми Ҳаҷ маҳрум сохт.
Ба гузориши як пойгоҳи хабарӣ, ба нақл аз хабаргузории “Алҷазира”, императори русӣ дар поёни қарни нуздаҳум бар 20 миллион мусалмоне, ки хоҳони анҷоми маносики Ҳаҷ буданд, доираи онҳоро танг кард ва иҷоза надод, ки озим ба сафари Ҳаҷ бошанд.
Ҳамзамон дар ин даврон Иттиҳоди шӯравӣ на танҳо мусалмононро аз адо маносики Ҳаҷ манъ кард, балки бо мақсад ва ҳадафҳои худ мехост, ки дар дин ва эътиқодоти ин мардум таъсир гузорад.
Вале бо истодагарии мусалмонҳо ва собит будан дар ақидаи худ соли 1991 дар аксар аз кишварҳои зери султаи Русия қарордошта истиқлол ба даст омад. Аз ин сол сар карда мардуми мусалмони ин кишварҳо тавонистанд, ки ба зиёрат ва адои фарезаи Ҳаҷ роҳ ёбанд.
Дар он солҳо Сабрӣ Эсанови 75 сола аз аввалинҳо буд, ки ба адои маносики Ҳаҷ мушарраф гардида буд. Абдуррашиди 77 сола нафари дигарест, ки дар ин сафар ба Ҳаҷ озим гардида буд ва мегуфт, ки сафари Ҳаҷ арзуи даврони кӯдакӣ буд, вале шукр дар охири ҳаёт онро ба даст овардам.
Вай он солҳо баён медорад, ки ман имрӯз метавонам муқаддасотро ламс карда ва достонҳои падару модарамро бо воқеъият татбиқ диҳам.
Бар асоси ин гузориш, имрӯз ҳар мусалмони украинӣ ба роҳатӣ метавонад барои адои фарезаи Ҳаҷ роҳии Макка шавад, ламси деворҳои Каъба барои онҳо ламси устураҳо бо тамоми вуҷуд аст. Устураҳое, к баъд аз эъломи истиқлоли кишварҳо ранги воқеъӣ ба худ гирифтанд.