Categories ҶОМЕА

Ярмаркаи ВУД “показуха” ё ҳақиқат?

Субҳи имрӯз, ба навиштаи торнамои ВУД, ин вазорат бахшида ба Рӯзи ваҳдат ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ баргузор намудааст.
Тавре Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин ярмарка ҳудуди 12 тона маҳсулоти полизӣ, 250 гк гӯшти гов, 4 – ҳазор дона тухм ба маърази харидорон гузошта шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ки дар ярмарка маҳсулоти хӯрокворӣ аз хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати умури дохилӣ, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба харидорон пешкаш карда шуд.
“Меваю сабзавоти тоза ва маҳсулоти полезӣ аз қабили тарбузу харбуза ва ҳандала оварда шуда, бо нархи хеле арзон ба харидорон пешкаш карда шуд. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ярмаркаи мазкур дар муқоиса бо нархи бозор аз 30 то 50 фоиз арзон буд. Ба гунаи мисол, нархи як килограмм гӯшт 25-28 сомонӣ, як дона мурғи кушташуда 10 сомонӣ, картошка 1,5 сомонӣ, пиёз 1 сомонӣ, помидор 2 сомонӣ, 1 дона тухм бошад, 50-дирамро ташкил медод”, омадааст дар торнамои ВУД.
Дар чунин ҳол, суол ин аст, иқдоми вазорат то куҷо барои ҷамъияти наздик ба як миллионнафараи шаҳри Душанбе кӯмак шуда метавонад ва оё ин арқоми овардашуда ҳақиқати воқеиянд ва ё як намоише қабл аз моҳи шарифи Рамазон?
Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили иқтисодии кишвар бар ин фикр аст, ки агар чунин иқдомот сурат мегирад, барои манфиати мардум аст, аммо дар ин ҷо бояд ҳақиқати воқеӣ ҷой дошта бошад.
Ӯ мегӯяд, мақомот бо чунин арқом бори аввалу дуввум нест, ки мардумро фиреб медиҳанд.”Ҳатто президент ҳам дар як суҳбаташ гуфта буд, ки чунин арқоми бардурӯғ ба мардум дода нашавад. Мақомот бо баргузории ярмаркаҳо мегӯянд, ки мо ярмарка баргузор ва маҳсулотро арзон кардем… Албатта, ташаккур ба ташаббускорони чунин ярмаркаҳо, ки маҳсулот нисбатан арзонтар ба фурӯш гузошта шудаанд. Вале ин кор ҳалли масъала нест. Ҳалли масъала бояд дар идораҳои масъул баррасӣ шавад, ки дурӯғгӯиро бас кунанд. Омори дурӯғро ба мардум надиҳанд ва ҳарфе гӯянд, ки воқеан кардаанд. То ҷое матавонанд гӯянд, ки мо то ин ҳад метавонем истеҳсол кунем. Дурӯғ нагӯянд…”, афзуд ин таҳлилгар.
Гуфтаҳои ин таҳлилгар дар ҳолеанд, ки зимистони имсол Вазорати кишоварзӣ аз захира шудани ҳаҷми зиёди картошка иттилоъ дода буд, аммо давоми сол, то ба бозор баромадани ҳосили картошка нархи ин маҳсулоти ниёзи аввали ба ҳадди 5 сомонӣ расида буд….

More From Author

You May Also Like