Categories ҲНИТ

Умед, ухуват, ҳаракат

Умед, ухуват, ҳаракат

Дар қароргоҳи марказии ҲНИТ давраи омӯзишӣ барои рушди фарҳангӣ – сиёсии масъулин оғоз гардид. Қарор аст дар ин давра масъулин дар мавзӯъҳои мухталиф омӯзиш бинанд ва аз нигоҳи сиёсӣ ва фарҳангӣ огоҳии худро боло бурда, дар фаъолиятҳои сиёсӣ беҳтару хубтар фаъолият намоянд. Равишҳои таблиғоти муосир, вижагиҳои даъватгар, шинохти авлавиятҳо ва ҷомеаи мавриди назари ҲНИТ кадом аст аз ҷумлаи дарсҳои ин давра мебошанд. Имрӯз устод Муҳиддин Кабирӣ дар бораи ҷомеаи мавриди назари ҲНИТ, Муҳаммадалии Ҳаит дар бораи интихобот ва Бобоҷони Қаюмзод дар бораи шеваҳои таблиғ бо гурӯҳи ҷавонон суҳбат намуданд. Ин давра, ки зери шиори “умед, ухувват, ҳаракат” баргузор мешавад то охири ҳафта идома хоҳад дошт.

Умед, ухуват, ҳаракат

Умед, ухуват, ҳаракат

More From Author

You May Also Like