Categories Ахбори рӯз

Ёвари Мулло Абулло кушта шудааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни интишори як баёния гуфта, ки дар рӯзҳои охир дар ҷараёни амалиёти вижаи нерӯҳои қудрати дар ноҳияи Рашт як нафар ҷангҷу кушта шуда, 3 тани нафари дигар асир афтодаанд. Гуфта мешавад, ки ин амалиётиҳо дар минтақаи Шӯлмаку Сангималики ноҳияи Рашт иттифоқ афтодааст. Бино ба таъйиди Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохила ҳамаи афроди куштаву асир афтода, аъзои гурӯҳҳои фаъоли Аловуддин Давлатов ва Мулло Абдулло будаанд. Сомонаи «Озодӣ» бо нақли қавл аз забони сухангӯи ВКД Маҳмадулло Асадуллоев иттиллоъ дода, ки нафари кушташуда сокини 22-солаи ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод Раҳимов Зиёмаҳмад буда, боздоштшудагон Ҷамшед Роибов, сокини шаҳри Турсунзода, Ҷамшед Носиров, зодаи шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рашт ва Ҳайдар Бобоев, сокини шаҳри Исфара мебошанд. Ҳамзамон Вазорати корҳои дохилӣ ҳуввияти 5 нафари қаблан кушта шударо низ эълон намудааст. Дар ин иттиллоия гуфта мешавад, ки як тани кушташудангон Деҳқонбой Давлатов, сокини ҷамоати Лахши ноҳияи Ҷиргатол буда, ВКД аз ӯ ба унвони ёвари Мулло Абдулло ёд намудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки чаҳор нафари дигар Рамил Сафиуллин, зодаи шаҳри Маскави Русия, бародарон Абдулҳафиз ва Субҳониддин Маноновҳо, сокинони ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод ва Меҳроҷиддин Муродов, аз Шербегиёни Нуробод будаанд. Тибқи охирин хабарҳо амалиёти нерӯҳои қудратӣ дар баробари ҷангҷуёни мусаллаҳ дар ноҳияи Рашт идома дорад. Собиқ қумондонҳои ИНОТ Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандар ба нерӯҳои Ҳукуматӣ барои безарар гардонидани гурӯҳҳои мусаллаҳ ёрмандӣ менамояд.

More From Author

You May Also Like