Categories Ахбори рӯз

Урдуғон: мактабҳои туркӣ дар Тоҷикистон баста шаванд

Раисҷумҳури Туркия мактабҳои туркиро дар бархе кишварҳо, ки ба Фатҳулло Гулен марбут мебошанд, дархост намудааст, то баста шаванд.

Ба гузориши хабаргузории “tajik.irib.ir”, ба нақл аз рӯзномаи туркии “Дайли сабаҳ”, Раҷаб Тайиб Урдуғон бо ирсоли паёмҳое ба сарони кишварҳои Озарбойҷон, Ҷопон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва бархе дигар аз кишварҳо аз онҳо хостааст, ки то фаъолияти мактабҳои туркии вобаста ба ширкати “Хидмат” мутааллиқ ба Фатҳуллоҳ Гулен манъ карда шаванд.

Фатҳуллоҳ Гулен, ки айни замон дар Амрико ба сар мебарад, аз тарафи мақомоти давлати Туркия ба даст доштан ва талош барои барандозии ҳукумати феълии Анкара муттаҳам аст.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон дар оғози соли ҷорӣ эълом карда буд, ки иҷозаи идомаи фаъолияти мактабҳои туркӣ дар ин кишвар тамдид нахоҳад шуд.Аммо мудирияти туркии ин мактабҳо гуфтааст, ки иҷозати онҳо дар Тоҷикистон, дар моҳи апрел ба поён расидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар Тоҷикистон мактабҳои туркӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа ва Турсунзода фаъолият мекунанд, ки аз соли 1993 ифтитоҳ шудаанд.

Дар оғози таҳсил ин мактабҳо ройгон буд, аммо дар солҳои ахир бояд ҳар донишомӯз барои як соли таҳсил дар ин мактабҳо маблағи 1000 доллар пардохт мекард.

More From Author

You May Also Like