Categories Uncategorized

Шӯҳрат Қудратов аз лату кӯб хабар дод

Шӯҳрат Қудратов ба хабарнигорон аз лату кӯб шуданаш аз сӯйи яке аз бозрасони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар дод.

Ин ҳодиса ба гуфтаи ӯ замоне руй дод, ки ӯ ҳанӯз вакили мудофеъи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшуда буд. Оқои Қудратов, мегӯяд, аз ин ҳодиса ба бахши пулиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шикоят бурдааст.

Қадратов, рӯзи ҷумъаи 5 июл ба Би-би-сӣ аз ҷузъиёти ин ҳодиса гуфт: “Мо он замон тасмим гирифтем, ки ҳимоят аз Зайд Саидов барои мо муҳимтар аст ва аз ин рӯ хомӯширо ихтиёр кардем. Фирдавс Ниёзбадалов, як бозрас баъд аз яке аз мулоқотҳои ман бо оқои Саидов ба ман ҳарфҳои қабеҳ гуфт ва замоне ки ман аз ӯ тақозо кардам фаҳш надиҳад, ӯ маро лату кӯб кард.”

Аммо Фирдавс Ниёзбадалов дар сӯҳбати телефонӣ ба Би-би-сӣ ин иддаъоро рад кард ва аз ироаи ҷузъиёти ҳодиса сарпечӣ кард.

Зайд Саидов, вазири саноеъи вақти Тоҷикистон ки аз 19-уми майи соли ҷорӣ дар боздошт ба сар мебарад, 19 моҳи июни соли ҷорӣ эълом кард, ки аз кумаки ҳуқуқии Шӯҳрат Қудратов, даст кашид.

Ӯ дар ҷараёни мулоқоташ бо оқои Қудратов дар ҳузури бозрасон гуфт, ки дигар ба кумакҳои ҳуқуқии ӯ ниёз надорад. Оқои Қудратов гуфта буд, ки ҳадс мезанад, Зайд Саидов аз кумакҳои ҳуқуқии ӯ, “дар натиҷаи фишор аз сӯйи бозрасонҳо” даст кашида бошад.

Ҳамакнун аз оқои Саидов фақат ду вакили мудофеъ, Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров ҳимоят хоҳанд кард.

More From Author

You May Also Like