Маросими савгандёдкунии президенти нави Туркияро агарчӣ расонаҳо онқадар пушиши зиёд надода бошанд ҳам, дар бораи ӯ аллакай, ба пахши таҳлилҳои тахрибкунанда оғоз кардаанд. Пирӯзии қотеъ ва қудратмандонаи Урдуғон ва ҳизби исломгарои ӯ хелеҳоро нигарон кардааст. Нигарон аз пайдоиши як низоми алтернативии нав дар муқобили низоми капиталистӣ ё ҳамон демократияи мавриди назари ғарб. Демократияие, ки бар хилофи иддаои сардамдоронаш дар чанд соли охир нишон дод, ки манфиатмеҳвар аст, на арзишмеҳвар. Аммо намунаи дигаре аз демократия бо хониши дигар метавонад ҷойгоҳи бархеҳоро ба хатар биандозад.
Ба ҳамин хотир имрӯз бархе неруҳои исломии муътадилро ҳатто муттаҳам ба он мекунанд, ки гуё пойбандиашон ба демократия як амри тактикӣ ва муваққатӣ мебошад. Дар ҳоле, ки арзишҳо ва меъёрҳои аслии демократия ҷузъе аз исломанд ва ислом бо онҳо мушкиле надорад. Урдуғон ва ҳизбаш дар 10 соли ҳукумат карданаш дар кишвари Туркия исбот кард, ки исломгароӣ натанҳо сабаби ақибмондагӣ нест, балки метавонад омили пешрафту рушди сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳо низ бошад.
Аммо ҳаракат ба суи як низоми мубтани бар қудрати раисҷумҳурӣ дар Туркия ҳамеша мушкилотеро ба ҳамроҳ доштааст. Дар чанд даҳаи гузашта низомиёни Туркия ҳукуматҳои зиёдеро сарнагун кардаанд ва нагузоштаанд, ки қудраташон болотар аз қудрати артиши ин кишвар бошад. Аммо Урдуғон ба иловаи бахши диндори мардуми ин кишвар тавонистааст ҳимояти натсионалистҳо ва курдҳоро низ ҷалб кунад, ки нуфузашро боз ҳам бештар кардааст. Ҳамчунин вазири амнияти ин кишвар низ аз миёни мушовирони Урдуғон таъйин шудааст, ки бисёри тавтеаҳову барномаҳои харобкоранаи зидди уро ба хубӣ пешгирӣ кардааст.
Тағйироти эҳтимолӣ дар низоми Туркия баъд аз интихоботи парлумонии соли 2015 оғоз хоҳад шуд. Барои муваффақияти баъдии Урдуғон ва ҳизбаш дар интихоботи баъдӣ фаъолияти Довудуғлу дар мақоми нахуствазир аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.
Ба ҳар сурат байни Урдуғон ва Ототурк тафовути зиёде вуҷуд дорад. Ототурк бо истифода аз арзишҳои миллигароёна бо дин мубориза кард, вале Урдуғон бо истифода аз арзишҳои динӣ бо истеъмор ва ҷаҳлу фақр мубориза мекунад. Ҳатто миллигароҳо низ дар таъбири Урдуғон арзишҳои худро пайдо мекунанд ва уро дар муқобили худ намебинанд. Аз тарафи дигар Урдуғон тавонистааст ба меҳвари ваҳдати тамоми миллатҳои мавҷуди Туркия табдил шавад ва то онҷо муваффақ шавад, ки курдҳои ин кишвар аз даъвои ҷудоиталабиашон даст бардоранд ва дар андешаву барномаи ояндаи Урдуғон ва ҳизбаш мақоми худро баробар бо туркҳо тасаввур намоянд. Пас метавон гӯфт, ки ин ду нафар бо ҳамдигар тафовутҳои асосӣ доранд.
Categories
ТАҲЛИЛ