Урдуғон- президенти Туркиё

Ҳанӯз қабл аз ғалабаи ҳизби адолат ва рушд дар интихоботи парлумонии ахири соли 2014 баҳси тағйирот дар низоми давлатдории Туркиё ба вуҷуд омада буд ва гуфта мешуд, ки лидери ҳизби ҳоким бояд президент интихоб гардад. Ҳоло шоҳиди чунин як воқеъият гардидем, ки дар аввалин интихоботи президентии умумимиллӣ Раҷаб Тайиб Урдуғон ба ин мақом шарафёб гардид.
Ҷаноби Урдуғон, 26 феврали соли 1954 дар маҳаллаи Қосимпошоҳи Истамбул ва дар оилае таваллуд ёфта, ки нозири обҳои канории Баҳри Сиёҳ будааст.
Тавре нашрияи «Миллият» менависад, Урдуғон дар яке аз мусоҳибаҳои худ иқрор карда, ки табори онҳо аз Адҷаристон (Гурҷистони имрӯза) буда, ба Ризо кӯч бастаанд ва ин ҷавони озодандеш соли 1965 мактаби ибтидоии «Пиёлапошоҳ» ва соли 1973 Литсейи исломии имом-хатибон дар шаҳри Истамбулро хатм мекунад.
Соли 1976 дар 22-солагӣ дар ноҳияи зисти худ, Бойоғлӣ роҳбари бахши ҷавонони ҳизби наҷоти миллӣ мешавад ва каме баъдтар дар ҳамин сол шуъбаи ҷавонони ҳамин ҳизбро дар шаҳри Истамбул сарварӣ мекунад. Дар ҳамин давра, яъне дар соли 1978 тақдири хешро бо Омина Гулборон мепайвандад.
Ӯ то соли 1980 дар ташкилотҳои нақлиётии Истамбул фаъолият мекунад ва 12-уми сентябри ҳамин сол табаддулоти низомӣ ба вуқуъ мепайвандаду фаъолияти тамоми аҳзоби сиёсӣ манъ дошта мешавад. Баъд аз табаддулоти низомӣ Урдуғон дар яке аз секторҳои хусусӣ ба ҳайси менеджер фаъолияти хешро оғоз намуда, соли 1981 факултаи иктисод ва тиҷорати донишгоҳи Мармарро хатм мекунад.
Ба афкори сиёсии Урдуғон ходими намоёни исломӣ ва сиёсии Туркиё марҳум Наҷмиддини Арбакон таъсири ҷиддӣ мегузорад ва ӯ соли 1984 роҳбари шуъбаи ҳизби исломии «Рафоҳ» дар ноҳияи Бойоғлӣ интихоб мешавад, ки Наҷмиддин Арбакон раҳбари он буд ва як сол баъд ба роҳбарии шуъбаи истамбулӣ ва аъзои раёсати ҳизб шарафёб мегардад.
Урдуғон соли 1994, қабл аз ғалаба ба даст овардани Ҳизби «Рафоҳ», мири шаҳри Истамбул интихоб мегардад. Ҳизби мазкур дар интихоботи парлумонии соли 1996 ғалаба мекунад ва Наҷмиддини Арбакон сарвазири Туркиё интихоб мешавад, вале дар як табаддулоти низомӣ дар соли 1997 фаъолияти ин ҳизб манъ гашта, Урдуғон ҳамчун мири шаҳри Истамбул барои 4 моҳ паси панҷараи маҳбас менишинад.
Баъд аз озод шуданаш дар июли соли 2001 ӯ ҳизби нави Адолат ва рушдро таъсис медиҳад, ки дар интихоботи соли 2002 ғолибиятро ба даст меорад, вале масъалаи доғи судӣ доштанаш намегузорад, ки Урдуғон сарвазир интихоб шавад. Аммо баъд аз оғози амалиёт ба муқобили Ироқ элитаи низомии турки ба ИМА майлдошта барои тағйирот ворид кардан ба қонунҳо розӣ мешавад ва Урдуғон сарварии Ҳукумати Туркиёро ба даст мегирад, ки ин давраи соли 2002-2003 онро бо тавсияи худи ӯ Абдуллоҳ Гул раҳбарӣ мекард.
Раҷаб Таййиб Урдуғон дар форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос, ки соли 2009 баргузор гардид, ширкат намуда, амалкарди Исроилро дар Ғазза зери тозиёнаи танқид кашид, дар канори раҳбари вақти Исроил нишастанро гуноҳ дониста, ҳатто толорро тарк кард.
Дар моҳи июли ҳамин сол зимни ширкат дар нишасти сарони давлатҳои 8-гона дар Аквил ба шиддат Чинро барои саркӯб кардани гирдиҳамоии уйғурҳо дар шаҳри Урумчӣ маҳкум кард.
Ин марди мубориз ва адолатхоҳ соли 2014-ум бори савум сарвазир интихоб мешавад. Аммо ҳоло дар рақобати аввалин интихоботи умумимиллӣ бо номзади ҳизби миллигарои Туркиё аксари овозҳоро ба даст оварда, президент интихоб гардид.

More From Author

You May Also Like