Categories Ахбори рӯз

Таърихдони маъруфи Ҷаҳони Ислом даргузашт

Ҷаҳони Ислом чанд рӯз қабл яке аз барҷастатарин муаррихон ва уламои барҷастаи худро аз даст дод.

Шайх Маҳмуд Шокир, нависандаи чирадаст ва таҳлилгари ҳодисаҳои таърихӣ пас аз як умр хидмат ба ҷомеаи исломӣ дар манзили шахсияш дар Риёз бо сабаби беморӣ дунёи фониро тарк гуфт.

Шайхи марҳум, соли 1932 м дар шимолу шарқи Димишқ дида ба ҷаҳон кушудааст. Вай бо аз худ кардани улуми ибтидоӣ дар зодгоҳаш, аз улуми дин низ бархурдор гашта ва назди бархе аз олимони он давр таълимот гирифтааст.

Яке аз бузургтарин хусусиятҳои ӯ ин буда, ки Худованд ба ӯ ҳофизаи қавӣ насиб карда будааст. Тавре мегӯянд, Шайх барои дар хотир нигоҳ доштани рақамҳои телефонӣ зарурат ба доштани дафтарчаи телефонӣ надоштааст, яку якбора тамоми рақамҳоро дар хотирааш нигоҳ медоштааст.

Аз марҳум беш аз 200 асари илмӣ ва китоби гаронқадр боқӣ гузоштааст, ки бештари онҳо дар таърих ва ҳаводиси таърихӣ баҳс менамоянд. Шайх дар улуми ҷуғрофия низ беназир буда ва дар ин самт аз машҳуртарин ҷуғрофиёдонон ба шумор меравад.

More From Author

You May Also Like