Масъулини корхонаи таъминкунадаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо маводи сӯхт гуфтанд, ки бинобар афзоиш ёфтани маводи сӯхт эҳтимол нархи чипта афзоиш ёбад. Гуфта мешавад, масъулини таъминкунандаи маводи сӯхт бо ирсоли номае ба ширкатҳо тавзеҳ доданд, ки ҳар тона керосин барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ 1 ҳазору ҳафтсад доллар фурӯхта мешавад. Аз боло рафтани нархи чиптаҳо замоне хабар дода мешавад, ки аз ин иқдом беш аз ҳама муҳоҷирини тоҷик зарар мебинанд.
Categories
Ахбори рӯз