Categories Uncategorized

“Кӯдакдуздӣ” вуҷуд дорад?

nahzat.tj

Ахиран ҷасади Шаҳриёри сесолаи сокини ноҳияи Ҳисор, баъд аз ҳаждаҳ рӯзи кофтукоб, дар санаи 27-уми октябр аз дохили рӯдхонаи Хонақоҳ пайдо гардид. Ба гуфтаи мақомоти дохилӣ ин мавзеъ тақрибан 200-метр поёнтар аз хонаашон ёфт шудааст.

Ба гуфтаи масъулини корҳои дохилӣ ҷасади писаракро як кӯдаки ҳамдеҳаашон дар вақти гирифитани об аз дарё дидааст.
Дар робита ба дуздида шикофтани ҷасади кӯдак масъулин мегӯянд, ки дар бадани ин тифл ягон осеб ва ё осори зӯроварӣ  дида намешуд.

Ноаён гардидани тифлак сокинони ноҳияи Ҳисорро ба ҳадде воҳима андохтааст, ки то чанд рӯз фарзандонашонро худашон ба мактаб мебурданд. Ва иддае аз волидон дар  рӯзҳои Иди Қурбон кӯдакҳояшонро нагузоштаанд, ки ид кунанд.
Ёдовар шуд, ки чанде пеш дар матбуот сарусадоҳо дар робита ба масъалаи гум шудани кӯдакон ва гуё иддае аз афрод бо ин кор машғул мебошанд, хабарҳое вирди забони мардум буд. Аммо мақомоти расмии кишвар мегӯянд, ки ин сару садоҳо асоси воқеъӣ надорад.

More From Author

You May Also Like