“Устод Ҳайит рӯшанфикри ҷасур, мубориз ва журналист аст”

Устод Муҳаммадалии Ҳайит, аз рӯшанфикрони ҷасур ва муборизони обутобёфтааст, ки иншоаллоҳ ин зарбаи ноҷавонмардонаи номардонро мардона пушти сар хоҳад кард ва дубора ба саҳна бархоҳад гашт.

Роҳеро, ки оғозидааст, идома хоҳад дод ва даст аз навиштан нахоҳад кашид ва забон аз гуфтор барнахоҳад баст.

Муҳаммадалӣ, қабл аз ҳама як журналист аст.

Ӯ ба мубориза ва сиёсат аз ин роҳ ворид шудааст.

Ва ҳоло ҳам, ки гаҳ-гоҳе менависад, хелу муҳкам ва бозарба менависад.

Ҳамла ба ӯ нишонаи азамат ва шаҳомати ӯ ва заъфи он номардон аст, ки дар баробари ҳарфи ҳақ, сухани ҳақ ва роҳи ҳақ чизе барои гуфтан надоранд.

Имрӯз 1000-ҳо тан аз аз тоҷикони дохилу хориҷ ва ман ва бастагони ман ва ҳамназарону ҳамраҳони ман, дӯстон, ёру ошноён дасти дуо бардошта аз Худои бузург таманно дорем, ки ҳарчи зудтар Муҳаммадалии азизро шифо диҳад.

Бор Худоё, имсолро соли хатми зулм, ин пойизро анҷоми хориву забунии ин миллат бигардон! Омин! Ё раббал ъоламин!

Абдуқаюм Қаюмзод,

22.04.2013

More From Author

You May Also Like