«Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода яке аз шахсиятҳои
шинохта ва бузурги Наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳони ислом ба ҳисоб
меравад. Ӯ ҳамчун як донишманд, муҳаққиқ ва сиёсатшинос дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи
худро касб намуда, дунболи пиёда кардани ҳадаф аст, ҳадафи олӣ ва муқаддас. Аз
ин ҷост, ки мушкилоти замона ва ҷоҳу ҷалол ҳеҷ гоҳ ӯро аз масири ихтиёркардааш
мунҳариф насохт. Таҳлилу таҳқиқоти ӯ оид ба ҳар мавзӯъ, аз ҷумла мавзӯъҳои сиёсӣ
ва иҷтимоъӣ дақиқу ҷомеъ ва мутобиқ ба воқеъияти рӯз мебошанд. Ишон дар ҳақиқат
як файласуф аст, файласуфи воқеъӣ».
Устод
Сайид Абдуллоҳи Нурӣ
Муҳаммадшариф,
ҳамчун тифли муборакқадам, 6- уми июли соли 1951 дар деҳаи Ғундараи ноҳияи
Тавилдара дар хонадони поку муборак ва пур аз нуру зиё таваллуд ёфтааст.
Албатта,дар чунин як муҳити исломӣ ва маърифат тарбия ёфтан ва чигунагии ба воя
расиданро инсони ангезаманд дарк мекунаду бас. Муҳаммадшариф ҳам дар хурдсолӣ
вориди илм гардид ва таълимоти ибтидоиро ба таври кул аз бар кард. Баъдан дар
назди бисёре аз олимони давр солҳо дунболи дарёфти илм гашта, онро комил кард. Ҳамин
буд, ки ишонро дар сини 20-25- солагӣ ҳамчун як шахсияти маълуму машҳур бо номи
думулло Муҳаммадшариф мешинохтанд ва мадрасаву мактаби хешро дошт дар ноҳияи
имрӯзаи Ваҳдат.
Ҷойгоҳи сиёсии устод Ҳимматзода
Устод
М. Ҳимматзода ҳамроҳ бо устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Тоҷикистон ва баъдан дар
Осиёи Марказӣ мардумро ба бедориҳои миллӣ ва динӣ водор сохта, ҳаракатеро бо
номи Наҳзати Ҷавонони Тоҷикистон таъсис доданд, ки дар ибтидо чандон фарогир
набуд, вале билохира саҳми хешро дар шикасти як давлати қудратманд, вале бедини
Шӯравӣ гузошта тавонист. Дар он замон
тибқи ривоятҳо сиёсати комунистӣ ва бехудоӣ ончунон тарақӣ карда буда, ки
мардум аз тамоми неъматҳои динӣ ва фарҳангии худ маҳрум будаанд, яъне мусулмони
бечора аз тамадуни хеш, ҳамчунин забону дигар муқаддасот ҷудо шуда буд. Вале
арзишҳои динӣ бо вуҷуди ин ҳама мушкилот дар баъзе оилаву хонаводаҳо ба воситаи
таълиму тадриси пинҳонӣ боқӣ монданд. Яъне буданд ҷонбаркафоне, ки дар хонаҳои
худ пинҳонӣ барои фарзандонашон ва ҳамсояҳои ангезаманд дарсҳои динӣ медоданд.
Агар ҷомеъаро зулмати бенамозиву бе масҷиди фаро гирифта бошад, дар баъзе минтақаҳо
мактабҳои тасаввуфӣ ва илмӣ вуҷуд доштанд, мисли мактаби Қорӣ Муҳаммадҷони Қуқандӣ,
Эшони Абдураҳмонҷон ва хонадони Эшони Тураҷон. Маҳз бо хамин василаҳо забон ва
хатти ниёгон нигоҳ дошта шуданд. Бале, ин кори осон набуд нигоҳ доштани муқаддасот
ва арзишҳои динӣ, чун усули ҷудоии дин аз давлат дар зоҳир буд, амалан тамоми
корҳо ба барҳазадани Ислом, ҳатто забони миллат равона буданд. Вале абармардоне
ҳамчун ворисони Пайғамбар(с) дар муқобили ин раванд кору пайкор мекарданд, аз ҷумла,
Қорӣ Муҳаммадҷон, Эшони Абдураҳмонҷон, Эшони Абдухалилҷон, Эшони Абдулазиз,
Эшони Тураҷон, домулло Муҳаммадии Ҳоитӣ, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода,
Неъматуллоҳи Эшон ва дигаре аз ин бузургон бо сабру истиқомати худ исломи
азизро дар минтақа ҳифз карданд.
Солҳои 70-ум аллакай бо ташабуси бевоситаи устодон С. А. Нурӣ ва М. Ҳимматзода, инчунин
иддае аз ҳамфикрон ҳаракате созмон дода шуд, ки хоболудагии мардум такон бахшид
ва дар рӯҳияи онҳо ҳуввияти миллӣ ва соҳибдавлатиро бедор кард. Мардум ба ин фаҳм
расиданд, ки бояд дину оини хешро эҳё намуда, онро обод нигаҳ доранд. Устод М. Ҳимматзода
инсоне буд, ки дар осмони пурғубори низоми Шӯравӣ бо матонату маҳорати
касбкардаи худ, ки асли он равшанфикрист, дар илму фарҳанги исломӣ нуру зиё
бахшида тавонист. Пас бояд исломро аз гуфтору рафтори шахсиятҳои асилаш омӯхт,
на аз онҳое, ки ба дарки асли Ислом нарасидаанд, вале худро намояндаи он
дониста, бо феълу рафтори шуми хеш ба безории ислом сабаб гаштаанд. Аз ин рӯ,
имрӯз василаҳои шинохти муборизони аслии ин роҳи маърифат ва зиндагӣ зиёданд,
танҳо аз ғараз худро канор бурда, онҳоро шинохта бошему дигареро низ бишносем,
аз ҷумла дар радифи бузургони дар боло ёдовар шуда, Эшони Нуриддинҷон ва Маҳмудҷони
Тураҷонзода, Ҳоҷӣ Мирзо ва Ҳоҷӣ Акбари
Тураҷонзода, Муҳиддин Кабирӣ ва домулло Абдураҳими Қазоқонро. Мо бояд аъмоли
худро дар чорчӯбаи гуфтаҳои Худо ва Пайғамбараш (с) қарор дода, фаъолият
намоем. Қофиласолорони ин миллати бо нангу номус ва исломӣ, устодон Нурӣ ва Ҳимматзода
ва даҳҳои дигар қофилаи исломро аз гирдобу тӯфони шадиди нобудӣ ва фаҳшу тирагӣ,
залолату мардумфиребӣ ва манфиъатҷӯйӣ халос карданд. Танҳо ғаразҷӯёнанд, онҳоро
бо ҳарфҳои носазо гоҳо ишора мекунанд. Миллат ҳақиқатро кайҳо дарк карда, ки ин
гуна носазогуиву фитнапароканиҳои пайваста ба чӣ хотиранд. Дар ҳоле ки онҳо
барои дину миллат волотарин хидматро анҷом доданд, он ҳам шинос намудан ба
неруи исломӣ ва илму хиради он.
Устод
Ҳимматзода дар раванди бедории миллат ва густариши ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ
шогирдонеро тарбия кард, ки билохира ба истиқлолият расидем ва неъмати озода
буданро фаҳмидем, агарчи дар ин 20 соли ахир душманони ин миллат тавонистанд
мушкилотеро болои он таҳмил сохта, дар роҳи рушди он садгузорӣ намоянд.
Агар
истиқлолиятро қалбан қабул дорем, ифтихор аз он кунем, ки шахсиятҳое мисли
устод Ҳимматзода буданд, ки чунин як шинохти мустаъқил будану озода зистанро
дар афкори миллат ангеза бахшиданд. Устод бо ақидаҳои тозаи худ қалбҳоро
мунаввар сохта тавонист ва ҳамроҳ бо устод Нурӣ дар айни ҷавонӣ озодбаёнӣ ва
озодандеширо тибқи фармудаҳои исломи ноб шакл бахшиданд.
Устод М. Ҳимматзода
ва тарбияи ҷавонон
Устод
М. Ҳимматзода бо созмон додани мактаби худ ва тарбияи ҷавонону наврасон,
шогирдону мухлисон ҳизби сиёсиеро дар Тоҷикистон
таъсис доданд, ки фаъолтарин ва мардумитарин созмони сиёси кишвар дар дохил ва
хориҷ шинохта мешавад ва ҳазорон ҷавонону духтарони ватандӯстро тарбия
кардааст. Устод ҳам олими динӣ буду ҳам сиёсатмадор ва дар ҳама соҳаҳо таҳқиқу
назари файласуфонаи хешро доштааст. Ин як назари шогирдона ва мухлисона нест,
балки чунин як баҳои баланди илмӣ ва сиёсиро рақибони ӯ ва дигар ҳамкорону ҳамкасбон
дар парлумон иқроранду таъйид мекунанд. Устод Ҳимматзода ҳамроҳ бо устод Нурӣ
дар марҳилаҳои аввале, ки вориди саҳнаи сиёсӣ шуданд, бисёриҳо фикр мекарданд,
ки онҳо аз як «мулло»-е беш нестанд, лекин бо мурури вақт назари хешро дигар
карда, онҳоро беҳтарин сиёсатмадор мегуфтанду мегуянд. Мақому манзалати ишон
дар назди мардум ва ҳамкасбону ҳамкорон, аз ҳама муҳим иншоаллоҳ дар назди
Худованд дӯсдоштатарин қарор гирифтааст. Онҳо маъорифпарварӣ асил буданд, умеду
орзуяшон танҳо як чиз буд, мардум дар парастиши Худо озод бошанд ва насли
наврас бе ягон монеъагузорӣ арзишҳои динӣ ва миллиро шинохта, вориди фарҳангу
тамаддуни хеш бигардад.
Устод
Ҳимматзода аз бунёдгузорони Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон буда, дар
конфронси таъсисии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (соли1990) бо пешниҳод ва
дастгирии устод Нурӣ раиси он интихоб мегардад. Миллат ба хубӣ медонад ва иқрор
аст, ки Наҳзати исломӣ дар овардани сулҳ ба кишвар саҳми бениҳоят бузург дорад.
Устод Ҳимматзода дар раъси ин мубориза қарор ва бахши ҳуқуқии Комиссияи Оштии
Миллиро бар ӯҳда дошт. Дар ду давра вакили Маҷлиси намояндагон буд ва соли 2006
дар анҷумани ҲНИТ роҳбари маънавии ҳизб интихоб гардид.
Устод
Муҳаммадшариф Ҳимматзода, бар асари бемории тӯлонии чандинсола дар синни 59-солагӣ дунёи
фониро тарк гуфта, рисолати хешро ба итмом расонид. Манзили охирати ӯ дар
паҳлӯи оромгоҳи устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҷойгир аст.
Мардуми
шарифи кишвар медонанд ва огоҳ низ ҳастанд, ки устод Ҳимматзода дар баробари
масъулияти ҳизбӣ ва вакилӣ доштанаш ҷиддан дунболи илм ҳам мегашт. Ин аз
масъулиятшиносии ӯ дар пешгоҳи Худо ва Пайғамбараш далолат медод. Шахсият ва чеҳрае
буд, ки ба муқобили ҳар зуҳуроти номатлуб ва онҳое, ки ба дину оин ва фарҳангу
муқаддасоти исломӣ дастдарозӣ мекарданд ҷавоби дандоншикан медод, бешак бо
далоили зиёди илмӣ. Агарчи имрӯз донишманду суханварони дигаре низ ҳастанд,
вале ҷойгоҳу мақоми устоди марҳумро гирифта натавонистанд, ҳатто рӯирост исломи
азизро зери тозиёнаи танқид бигиранд ҳам, касе маҷоли садо баланд карданро
надорад.
МЕРОСИ
ИЛМИИ УСТОД М. ҲИММАТЗОДА
Агарчи
Худованд барои устод М.Ҳиммадзода умри тӯлониеро муқаррар накарда бошад ҳам,
пурбаракаттарин умрро барояш насиб гардонид, падруд гуфтани дунёи фонӣ бо боқӣ
гузоштани рисолаҳои илмист умре, ки онро пурбаракат медонанд. Новобаста ба
бемории тӯлонӣ, лаҳзае қалам аз дасти ишон канор гузошта нашуд ва даҳҳо рисола
ва мақолаву таҳқиқотҳои илмии гаронбаҳоеро ба ёдгор гузошт.
Ин
ҷо ҳоло баъзе аз рисолаҳои илмии устод Ҳимматзодаро дар радифи ҳам қарор медиҳему
танҳо бо номи ҳар кадоме тафаккур мекунем, ки гуҳарҳоеро дар дохил доранд, аз ҷумла,
“Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат”, “Зиндагӣ ва осори Имом Абуҳанифа”, “Ақидаи Имом Абуҳанифа”, “Дидгоҳ ва масоил”, “Таассуби мазҳабӣ-амали номақбул”, “Рисолаи
одоби дуо”, “Расоил ва масоил”, “Ислом мухолифи бисёрҳизбӣ нест”, “Шахсияти Зулқарнайн”, “Аҳкоми мерос аз дидгоҳи
фиқҳи ҳанафӣ ва қонунгузории маданӣ” ва ғайра, ки ҳар кадоме дар ҷойи худ
арзиши воло дорад.
Дидгоҳ
ва масоил
Тамоми
асарҳои Ҳимматзода моҳияту хусусиятҳои хоси худро дошта, мавзӯъҳои гуногуни ҳаёти
имрӯзу фардои ҷомеъаи мусалмониро фаро гирифтаанд ва дар ҳаллу фасли дилхоҳ
масъалаи мушкилу печида даричаеро барои мо боз менамоянд. Алалхусус рисолаи
“Дидгоҳ ва масоил” масъалаҳои рӯзмарраи солҳои охирро мавриди баҳсу
баррасӣ қарор дода, намунаи таълимиест барои мухлисону пайравони мактаби сиёсии
ӯ, балки тамоми толибилму пуштибонони ислом.
Дар
мақолаҳои ҷавобие, ки алайҳи инсонҳои ғаразҷӯ ва бадтинат, инчунин онҳое, ки
дар муқобили исломи азиз ҳарфе доранду сиёҳ кардани онро дунбол мекунанд, устод
Ҳимматзода бо як маърифати олии ба худ хос посух додааст. ҳатто бо истифода аз
далелҳои худашон. Барои мисол, нафаре дар Тоҷикистон худро вориси Зардушту
донандаи «Авасто» гирифта, пайваста бо Ислом ва муқаддасоти он мубориза
мебарад. Ба ин тоифа аз мардум ҷавоби ниҳоят сазовор ва олие додааст устод Ҳимматзода,
ки онро бояд аз аслаш хонд.
Аммо
барои банда мутолиаи китоби “Дидгоҳ ва масоил” бисёр хуш омад, ки дар он як мақолаи
ҷавобияе ба Зиё Абдуллоҳ ҳаст. Дар ин мақола ҷуз далоили илмӣ боз бо зеҳну
заковати илоҳӣ, ки хоси Устод буд, нуктае ҳам ҳаст биёр аҷиб: “Мегӯяд, пайрави
дини Зардушт ҳастед ва пайравӣ ба гуфтаҳои «Авесто» мекунед, ки шиори «Авесто»
ин аст: “гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек» . Агар пайрави Зардушт бошед,
пас чаро ба гуфтаи ӯ амал намекунед?”.
Воқеан,
устод Ҳимматзода дар баробари ҳушёр будан, нуктасанҷ ҳам буд. Агар як нафари
исломӣ заррае хатоӣ кард, дигарон бо ҳамин хатоӣ моро гунаҳгор мекунанд, ки ба
гуфтаи худ амал намекунед. Пас мо бояд ҳар масъаларо бо далел ва бурҳон таъйид
ва таъкид карда тавонем, хомӯш набошем, ки ин аз доштани мутолиаи зиёд ва ғанӣ
будан аз илму фарҳанг мешавад, чизе, ки Устод доштанд. Мисли иддае аз «ҳомиён»-и
дин ҳамаро бидъат ва аз бар кардани илмро куфру дигар чизҳо эълон намоем, ҳамон
кореро мекунем, ки бар зарари ислом анҷом хоҳад шуд.
“Расоил
ва масоил» соли 2013 бо теъдоди 200 нусха ба чоп расидааст, аз се бахш: Расоил,
Масоил ва Мусоҳибаҳоро дар бар мегирад, ки дар онҳо масъалаҳои гуногуни динӣ
мавриди таҳқиқу таҳлил қарор гирифтаанд.
Ду
бахши аввал: Расоил ва масоил мавзӯъҳои сирф диниро дар бар мегиранд ва баҳсҳо
ба масъалаҳои доғи рӯз равона шудаанд, ки ин ҳама дар доираи мазҳаб ва ақидаи ҳанафӣ
ҳаллу фасл пайдо мекунанд. Замоне ин масъала аз нигоҳи илмӣ ҷамъоварӣ ва матраҳ
шуданд, ки дар байни мардум мушкиливу нофаҳмиҳо эҷод шуда буд, ҳатто ба ин
васила ихтилоферо низ барпо кардан мехостанд. Аз ин хотир, устод Ҳимматзода
зарур шуморид, ки болои ин масъалаҳо кор карда, ҳар кадомеро дар асоси оятҳои қуръонӣ
ва суннат, бахусус мазҳаб ва фиқҳи ҳанафӣ ба исбот бирасонад ва зери чунин мавзӯъҳо
таҳия ва нашр намояд:
–
Маърифати бидъат ва анвои он,
–
Бархостан аз ҷой барои икроми меҳмон,
–
Одоби дуо,
–
Дар баёни ғино ва мусиқӣ (мубоҳ, ҳаром ё макруҳ будан),
–
Ислом мухолифи бисёрҳизбӣ нест,
–
Таассуби мазҳабӣ амали номақбул.
Воқеъан,
масъалаҳои мазкур аз ҷумлаи масъалаҳоеанд, ки имрӯз мардум болои ҳар кадоме
мувоҷҷеҳи мушкиланд. Дар ҳоле ки муаллифи рисола ҳар яке аз онҳоро бо
дарназардошти далоили илмӣ ва услуби ниҳоят соддаву фасеҳ барои хонанда баён
кардааст, ки аз асли ислом бар меоянд, яъне дилсӯзӣ нисбати ҷомеъа ва осонӣ
бахшидан барои мардум бар меояд.
Қисмати
дувуми ин китоби илмӣ, «Масоил» ном дошта мавзӯъҳои зеринро дар бар мегирад:
–
Чанд сухан дар бораи асҳоби Расули Худо (с),
–
Исломро аз хурофот бояд тоза кард,
–
Обод кардани масҷид нишонаи имондорист,
–
Оё форсӣ забони дувуми аҳли биҳишт аст?
–
Ҳиҷоб ва исботи он дар Қуръон ва суннат,
–
Озодии эътиқод дахлнопазир аст.
Ин
мавзӯъҳо ҳам аз ҷумлаи мавзӯъҳои ҳассос
мебошанд ва дар ин маврид мушкилот зиёданд. Масъалаи хурофот пайваста доғи
рӯз аст, вале бадии кор ин аст, ки дар кишвари мо ба ҷойи маҳви хурофот ба
дарбандӣ ва вайрон кардани масҷидҳо рӯ овардаанд, ки хилофи фармудаҳои Худо ва
Пайғамбар (с) мебошанд. Вақте «Расоил ва масоил»-ро бодиққат мехонӣ, фикре дар
сарат чарх мезанад, ки Устоди марҳум ҳанӯз чанд сол қабл дурнамои ҷомеъаро
дониста рисолаи хешро ба таълиф расонидааст. Масъалаи ҳиҷоб ҳам яке аз он
масъалаҳоест, ки муаллиф онро бо фасоҳати том баён доштааст.
Ҳамин
тавр, расидем ба бахши сеюми рисола, ки “Мусоҳибаҳо” ном дошта, дар он бештар
ба мавзӯъҳои сиёсӣ далелу бурҳон оварда мешавад, аз ҷумла:
–
Роҳи тайкардаи ҲНИТ ҳамвор набуд,
–
Қудрати муҷоҳиддин ҳукуматро ба музокирот водор кард,
–
Бо сулҳамон мо ифтихор мекунем.
Бо
ҳамин ин асар ё рисолаи пурғановати устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода ба анҷом
мерасад.
Пайғамбар
(с) аз ёронаш доимо талаби дуъо мекарданд ва амалу гуфтори Пайғамбар фарҳанги
мо, мусалмонҳо, гаштааст ва ба дуъои хайри ҳамдигар ниёз дорем. Дуъои беморону
мусофирон ва бандагони солеҳ бештар мақбули боргоҳи Худованд мегардад. Пайғамбари
гиромии Ислом (с) ёронашро таълим медод: дар ҳаққи ҳамдигар дуъои хайр кунед.
Дар ҳоле ки худ низ талаби дуъо мекард.
Худовандо,
макони охирати устод М.Ҳимматзодаро ҷаннатулфирдавс қарор бидеҳ, омин!
АҲКОМИ
МЕРОС АЗ ДИДГОҲИ ФИҚҲИ ҲАНАФӢ ВА ҚОНУНГУЗОРИИ МАДАНӢ
Ин
асар зери чунин ном соли 2013 бо теъдоди 200 нусха ба табъ расидааст, ки бо «ба
ҷойи сарсухан» аз устод А. Боқизода ва муқаддимаи худи муаллиф оғоз мегардад.
Устод
онро бидуни бобу фасл омода карда, ду мавзӯи калон ва зермавзӯъҳоеро он ҷо ҷо
додааст, ки таълифи онҳо дар соли 2002 оғоз гардида, бо сабаби беморӣ ба таъхир
уфтодаанд. Танҳо баъд аз соли 2009 таълифи асар ба охир расидааст, ки баъд аз
маргаш онро шогирдону пайравон ба табъ расонидаанд.
1.
Таърихи мерос дар тамаддунҳои қадим.
2.
Зермавзӯъҳо вобаста ба аҳкоми мерос дар дини мубини ислом.
Шахсияти
Зулқарнайн: Асари мазкур ва таҳқиқотии устод М.Ҳимматзода соли 2013 бо теъдоди
200 нусха ба нашр расидааст. Тавре ишора рафт, он сирф илмӣ буда, мавзӯи таҳқиқ
ва услуби он дар асар возеҳу рушан аст. Дар мавзӯи мазкур сухан аз шинохти шахсияти Зулқарнайн ва
атрофи он меравад, ки бо далелҳои муътамад ва барҷаста ба исбот расидаанд.
Муаллиф дар ин асараш бо санаду далелҳои Қуръон ва дигар сарчашмаҳои муътамади
илмӣ байни Зулқарнайни қуръонӣ, шахсияти таърихии Зулқарнайнро барои хонанда
ошкор кардааст. «Шахсияти Зулқарнайн» ягона асари таҳқиқотиест, ки дар дигар
манобеъ чунин далелро дарёфт намекунӣ.
Ақидаи
Имом Абуҳанифа: Ин асар соли 2008 бо теъдоди 1000 нусха ба табъ расидааст ва
муаллиф сабаби таълифи онро чунин баён медорад: «Маълум аст, ки мусалмонони
диёри мо ҳама аз қадимулайём ҳанафимазҳаб буданду ҳастанд. Аз ин хотир, чанд
сол муқаддам барои муаррифии мазҳаби худамон амали ночизе анҷом дода, китобе бо
номи “Зиндагӣ ва осори Абуҳанифа (р)”-ро тақдими хонанда намудам.
Баъд
аз анҷоми ин кор ҳамеша дар фикри он будам, ки барои муаррифии ақидаи Имом Абуҳанифа
мардуми мо ба як рисолаи алоҳида эҳтиёҷ доранд…
Аз
тарафи дигар, вақтҳои охир гурӯҳҳое пайдо шудааст, ки нисбати ашхос ва
пешвоёни гузаштаи ин уммат забондарозӣ
карда, аз ҳар гуна таън рӯ намегардонанд».
Бале,
устод Ҳимматзода китоби “Зиндагӣ ва осори Абуҳанифа”-ро нашр карда, дар он
бештари ҷанбаҳои илмиро бо санаду далелҳои ашхоси забардаст мавриди таҳқиқ қарор
дода, фикр ва андешаи худро перомуни шахсият ва шинохти осори Абуҳанифа баён
кардааст.
Вале
мавзӯи ақидаи Имом Абуҳанифа дигар аст. Дар ин ҷо муаллиф аз бузургтарину
арзишмандтарин чиз, ки ақида ва асоси шариъатро ташкил медиҳад, кор гирифта,
тафовут ва фарқияти хоси ақидаи Имом Абуҳанифаро ба таври муфассал мавриди
назари хеш қарор додааст.
Барои
муаллиф ин кори сангин буд, вале онро аз ҳама муҳим медонист. Зеро дар он марҳалаҳо
ҷомеаро, мисли имрӯз ақидаҳои мухталиф фаро гирифта буданд. Аз ин хотир устод
дар таълифи чунин як рисола худро назди Худо ва динаш масъул медонистанд.
«Ақидаи
Имом Абдуҳанифа» шаш боби мухтасар дорад, аз ҷумла:
–
Сабаби таълифи китоб,
–
Илми ақида,
–
Баҳс дар илми калом,
–
Мухтасари тарҷумаи ҳоли имом абуҳанифа (р),
–
Фиқҳи акбар,
–
Мухтасари тарҷумаи ҳоли имом таҳовӣ ва абуҳасани ашъарӣ,
Муаллиф
сабаби таълифи китобро муфассал баён карда, аз илми ақида ва калом, фиқҳи
акбару таҳқиқот ва баёни тарҷумаиҳолии се имоми мазҳабро ба баҳс кашидааст.
Асари мазкур воқеан ба мавзуи ҳассос ва мубрами рӯз рабт дорад. Устод дар ҳаллу
фасли ин масъала бисёр кӯшидааст, то дар ҷомеъа сабаби ихтилофи ақидатӣ ва мазҳабӣ
нашавад.
Асар
барои як ҷомеаи исломӣ моҳити баланди мазҳабӣ дошта, мардум ба он ниёзи ҷиддӣ
доранд, аз ин рӯ, чунин як таҳқиқоти илмӣ бояд қадр шавад. Устод Ҳимматзода
тамоми дигар масъулиятҳои хешро канор гузошта, ба ин мавзӯъ пардохта буд, то
барои ояндагони миллат меросе боқӣ гузорад.
«Ислом
мухолифи бисёрҳизбӣ нест»: Ин асари хурд, вале пурмаънои устод Ҳимматзода соли
2008 бо теъдоди 2 000 нусха ба табъ расидааст.
Дар
рисола масъалаҳои ислом ва сиёсат, муносибати ислом бо демократия, ҳизб ва
интихобот бо далелҳои қотеъ матраҳ гардидаанд. Яъне бештар масъалаҳои сиёсӣ- иҷтимоъӣ
ва диниро фаро гирифта, аз ҳафт мавзӯъи иборат мебошад.
–
Ислом мухолифи бисёрҳизбӣ нест,
–
Ислом ва сиёсат,
–
Демократия низоми куфр нест,
–
Дар ислом ҳизб ҳаст,
–
Ислом аз бисёрҳизбӣ ҳимоя мекунад,
–
Бо кадом далел ҳизбро манъ мекунанд,
–
Интихобот-масъулияти динӣ,
Мавзӯъҳои
мавриди баҳс ба мушкилоти вақти сиёсӣ-иҷтимоии Тоҷикистон бахшида шудаанд.
Барои онҳое, ки ба ҳизби моҳияти исломӣ дошта мухолифат меварзанд, ва гузашти
вақт нишон медиҳад, ки баъзе доираҳои исломӣ маҳз ба хотири ғаразҳои хоси
доштаи худ мухолифат мекунанд, ҳамчунин дигар аз доираҳои сиёсӣ, ки ҳароси
рафтан аз қудратро доранд.
Устод
Ҳимматзода бо далелҳои қотеъ нишон медиҳад, ки ислом мухолифи бисёрҳизбӣ нест, ҳатто
мухолиф ба усулҳои демократӣ низ нест. Аммо қавонини хешро дорад.
Китоб
барои ҷомеъаи феълӣ низ зарурӣ буда, моҳияти баланди илмии хешро заррае кам
накардааст. Барои касоне, ки имрӯз ба Наҳзати Исломии Тоҷикистон, умуман як ҳизби
исломӣ мухолифат мекунанд, тамоми ҷанбаҳои сиёсии масъала дар он шарҳу баён
пайдо кардаанд.
Дар
мавриди “Дидгоҳ ва масоил”, ки ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ, фарҳангии ҷомеъаи
кунуниро дар бар дорад, қаблан баъзе чизҳоро гуфтем. Ҳоло гуфтанием, ки он бо
сарсухани устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар бораи шахсияти устод Ҳимматзода
оғоз мешавад: “Метавон гуфт, иқдоми гирдоварии маҷмӯъи мақолаву таҳлилҳо ва таҳқиқотҳои
устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода басо саривақтианд…».
Китоб
аз панҷ қисмат иборат буда, ҳар кадоме мавзӯъҳои гуногуни замонаро фаро
гирифтаанд, бахусус мавзӯъҳои сиёсӣ ва фарҳангиро. Аз ҳама муҳим ва аҷиб ин
аст, ки Устод чанд сол муқаддам масъалаеро ҳаллу фасл карда, ки имрӯз ҷомеаи мо
дучори ин вабо гаштааст. Аммо аз чӣ бошад, ки мутахассисону коршиносон дунболи ҳаллу
фасли мушкилоти ифротгароӣ бошанд ҳам, дар заминаи таассуб аз рисолаи илмии
устод Ҳимматзода истифода намебаранд.
Дар
ҳоле ки Устод дар ин рисола мавзӯеро матраҳ кардаву ба исбот расонида, ки аз
“ифротгароии бонувон чӣ гуна ҷилавгирӣ бояд кард”?
Ин
асари устод Ҳимматзода, на танҳо ба ҳаллу фасли масоили сиёсӣ-иҷтимоии ҷомеаи
Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳониро низ фаро гирифтааст, ки дар замони кунунӣ,
мисли обу оташ лозим аст, бахусус дар мавриди ҳалли буҳронҳои фаромиллӣ ва ҷаҳонӣ.
Дар
мавриди омилони терроризм ҳам ибрози назар шудааст. Вақте мавзӯе ба “авомили
пешгирӣ намудани густариши таъсири экстремизми динӣ аз хориҷ” бахшида шуда, ҷанбаҳои
ин мушкилот ошкор карда мешаванд.
Фикр
мекунам, устод Ҳимматзода як зоҳиди пешбин буданд ва дурнамои Тоҷикистонро ҳисоб
мекарданд. Агар ба фармудаҳои ишон руҷуъ шавад, ҳадди ақал бисёре аз мушкилоти ҷомеъаи
хешро ҳаллу фасл карда метавонем.
(идома дорад,) бознашр аз “Наҷот”