Фазли олим аз обид

Фазли олим аз обид

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

Иршод ва ҳидоятҳои суннати набавӣ дар мавриди минатдорӣ нисбат ба илми дин ҳақиқати мушаххасеро баён намудааст, ки уммати исломӣ бо меъёр қаpop додани онҳо метавонад ворисони ҳақиқии Исломро бишиносад. Устод Абулҳасани Надавӣ дар китоби «Таърихи ислоҳ ва даъват» баъд аз зикри хидматҳои уламои исломӣ ба нуктаи муҳиме ишора менамояд, «он чи дар таърихи адён ва мазоҳиб мушоҳида мешавад. ин аст, ки аксари инҳирофот ва бурузи фитнаҳо дар ҷомеъаи башарӣ аз ноҳияи эътиқодот ва тафсиру таъвилоти масоили динӣ сурат гирифтааст. Зеро улуми ғайримазҳабӣ аз лиҳози умумӣ набудан ва осон будани ташхиси мавзӯъ ва баҳси масоили аёнӣ камтар мавриди истифодаи харобкорона қарор мегирад. Ҳатто дар мавориде шахсияти мазҳабӣ рӯи ҳифзи манофеъ ва ғаразҳои хос тавонистааст масири рушду такомули ҷомеъаро мутаваққиф кунад ва завлонаи маҳкаме ба ақли мардум ва талоши онҳо бизанад»
Назари ин донишманди муътабари олами Ислом, ки мафҳуман баён шуд, ниёз ба овардани ҳуҷҷату далел надорад. Мутолиаи чанд сатр аз таърихи муслиҳони бузурги Ислом ва таъаммуку андеша дар зиндагии имрӯзаи мусалмонон матлабро равшан мекунад. Барои рафъи ин хатар ва шинохти ворисони ҳақиқии Ислом марҷаъи асосӣ ва баромадгоҳи бехатар дастуроти таъиинкардаи Китобу суннат аст, ки мо намунаҳое аз оёти Қуръони каримро дар ин мавзӯъ зикр кардем. Бинобар ин. лозим медонем, ки ҳидояту раҳнамоиҳои суннати набавиро, ки тафсири оёт ва баёнкунандаи мақосиди он аст, зикр намоем. Чунончи барои донишмандони илми ҳадис маълум аст, аҳодиси шариф дар чорчӯби иршодоти худ хатти амалии аҳдофи диниро, ки ҷузъиёти он мутобиқ ба аҳволу вазоифи мусалмонон аст, баён мекунад. Мо тасмим гирифтем, то аҳодиси шариферо, ки дар боби мавзӯи матраҳшуда аз китоби «Мишкотул масобеҳ», маъруфтарин китобҳои дарсии ҳавзаи илмии Бухорои шариф фароҳам оварем.
Маҷмӯи аҳодисе, ки дар китоби илмии «Мишкотул масобеҳ» ҷамъоварӣ шудааст, воқеъан дарбаргирандаи тамоми ривоётест, ки дар кутуби сиҳоҳ зикр гардидаанд. Ғарази аз бархеи ин матлаб ва ҷамъоварии аҳодиси марбут ба мавзӯи мазкур дар ин мақола ҳифзи амонати динӣ дар ҷавҳару шахсияти уламо мебошад, ки ҳамеша дар таҳаввули замонӣ бо чолишҳои ҷиддие рӯ ба рӯ шуда, сабаби зарару зиёни ғайри мустаъқими боварҳои мусалмонон гардидааст. Мо яқин дорем, ки бо нақл ва баёни аҳодисе, ки чеҳраи воқеъии улламои дин ва ворисони амонати рисолатро баён мекунанд, хатари гумроҳ шудану гумроҳ кардани мардуми мусалмон бартараф ҳоҳад шуд. Аҳамияти шинохти уламои уммат дар он аст, ки тамоми саодату каромат ва иззату қудрати мусалмонон бечуну чаро вобаста ба таълимоти саҳеҳи дини муқаддаси Ислом аст, ки масдари иблоғи он қишре аз инсонҳо мебошанд, ки онҳоро уламои уммати исломӣ мегӯянд.
Аз ин лиҳоз, душманӣ ва дустӣ бо уламои дин ҳамеша дорои ҳадафу барномаест, ки бо мақоми волои онҳо пайвастагии ҷиддӣ дорад. Шавоҳиди таърихӣ, ки оинаи ибрату таҷрибаи ояндагон аст, нишон медиҳад, қурб ва буъди уламо бо қишрҳои мухталифи ҷомеъа аз ҳокимон, сарватмандон ва ашхоси бонуфӯз чӣ натоиҷеро насиби уммати мусалмон гардондааст. Бинобар ин, усулҳои собити исломӣ, Китобу суннат барои уммат меъёре муайян кардааст, ки мусалмонон метавонанд бо он ба амалкарди уламо назорат дошта бошанд ва аз хатоҳои эхтимолӣ ё ғаразноке, ки ҳамеша дар ҷараёни зиндагӣ рух додаву медиҳанд, эмин монанд. Акнун ҳуҷҷати болиға ва фаслулхитоби миллат каломи Худованд ва ҳадиси расули Ӯст ва рафтани роҳи саъодат дар итоъат аз онҳост. «Касе, ки Паёмбарро итоъат мекунад, дар ҳақиқат Худоро итоъат кардааст», (Сураи «Нисо», 80).
Вазифа ва ҷойгоҳи уламо
Аз Абдуллоҳ ибни Амр(р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: Ба уммат дин ва шариъатро аз ҷониби ман бирасонед, агарчи як оят бошад ҳам ва ҳикоят кунеду хабар диҳед он чи аз банӣ Исроил мешунавед ва дар нақл кардан аз онҳо (бо риъояи иттисоли санад ба нақл аз ровии одил ва муътамад) гуноҳе нест. (Қоидаи куллӣ: Чун дар аввали Ислом аз хондан ва навиштани Таврот мусалмонон манъ шуда буданд, дар ин ҷо Расули Худо(с) рухсат дод, ки қисса ва мавъизаву тамсилҳое, ки аз онҳо бишнаванд, бигӯянд, на шариъат ва аҳкоми мансухшудаи онҳоро). Ва ҳар кӣ бар ман дурӯғ бандад (ва он чи нагуфтаам бар ман нисбат диҳад) пас, манзилашро дар ҷаҳаннам фароҳам кардааст (Ривояти Бухорӣ).
Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ, соҳиби «Ламаъот» дар шарҳи ҳадис мегӯяд: Мақсад муболиға аст дар манъ аз вазъи ҳадис ва дурӯғ бастaн бар он ҳазрат, агарчи барои тарғибу тарҳиб ҳам бошад, ҳаром аст ва аз кабоир мебошад.
Аз Сумра ибни Ҷундаб ва Муғира ибни Шуъба (р) нақл аст, ки он Ҳазрат (с) фармуд: Ҳар касе аз ман ҳадисе гӯяд ва гумон барад, ки он ҳадис дурӯғ аст, пас он кас (яъне гӯянда) низ аз дурӯғгӯён ва дар ҳукми ишон аст. Зеро дар дуруғ кӯмак кардааст ва дар наҳн кардами он шарик шудааст (Ривояти Муслим).
Аз Муъовия (р) нақл шудааст, ки Расули Худо (с) фармуд: Касе, ки Худованд барои ӯ хайр ирода кунад,  ӯро  донишманди илми дин мегардонад ва ман фақат қисматкунандаам ва Худованд ато мекунад, ҳар киро хоҳад, (Муттафақун алайҳ). Шореҳ дар шарҳи ин ҳадиси шариф мефармояд: Худованд ӯро дар дин фаҳму доноӣ мебахшад ва мекушояд дидаи басирати ӯро, то дарк мекунад маъонии Китобу суннатро ва ба ҳақиқати мурод ва мақсади он мерасад. Фиқҳ дар асл, ба маънои фаҳму зиракист ва дар таърифи шаръӣ ғолибан бар илми аҳкоми амалӣ итлоқ мешавад.
Аз Ибни Масъуд (р) нақл шуда, ки Расули Худо (с) фармуд: Орзу ва таманно фақат барои ду намунаи аз инсонҳо ҷоиз аст: марде, ки Худованд ба вай мол дода ва он молро ба тамом дар роҳи Ҳақ сарф мекунад ва марде, ки Худованд ба вай ҳикмат (илми дин ва шариъат)-ро додааст, ки бар асоси он ҳукм мекунад ва мардумро таълим медиҳад, (Муттафақун алайҳ).
Аз Абуҳурайра (р) нақл шуда, ки Расули Худо (с) фармуд: Вақте инсон аз дунё реҳлат кунад, аъмоли ӯ қатъ мешавад, магар се амал: яке садақаи ҷория (корҳое, ки манфиъати умумӣ доранд) ва илме, ки аз он нафъу баҳра гирифта шавад, (монанди таснифу тарбияи шогирд) ва фарзанди солеҳе, ки барояш дуъо кунад, (ривояти Муслим). Ҳамчунин аз он кас нақл шуда, ки Расули Худо (с) фармуд: Касе, ки осоиш бахшад ва дур кунад аз инсоне ғаму андӯҳеро аз андӯҳҳои дунё, мебардорад Худованд аз он кас ғаме аз ғамҳои қиёматро. Ва кас душвориеро аз шахсе бартараф кунад, Худованд душвориҳои дунёву охирати ӯро осон мегардонад. Вa касе айби мусалмонеро бипӯшонад, Худованд айбҳои  ӯро  дар дунё ва охират мепӯшонад. Худованд дар кӯмаки бандааш ҳаст, агар банда дар кӯмаки бародари муъминаш бошад. Касе ки дар роҳи талаби илм бошад, Худованд рафтани роҳи ҷаннатро бар вай осон гардонад. Ҷамъ намешаванд қавме дар хонае аз хонаҳои Худованд, ки дар он тиловати Қуръон мекунанд ва ба тадриси он манзиланд, магар ин ки фуруд меояд бар онҳо  оромии ботину итминони қалб ва фаро мегирад онҳоро раҳмат ва тавоф мекунанд бар онҳо фариштагон, Худованд онҳоро дар ҷамъи малоик ёд мекунад. Касе, ки аз лиҳози амал кӯтоҳӣ кунад, насабаш ӯро пешқадам нахоҳад кард, (Ҳар кӣ тақсир кард дар амал, насаби олӣ ҷуброни он накунад), (ривояти Муслим).
Бандаи ишқ  шудӣ, тарки насаб кун, Ҷомӣ,
Ки дар ин роҳ фалон ибни фалон чизе нест.
Аз Абуҳурайра (р) нақл аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: Аввалин касе, ки аз мардум бар вай рӯзи Қиёмат ҳукм карда мешавад (аз чиҳати тарки ихлос дар амал ) касест, ки дар роҳи Худо шаҳид шудааст, пас ӯро  дар маҳзари Худованд оварда шавад. Худованд неьматашро бар ӯ арза мекунад ва ӯ бар он неъматҳо эътироф кунад, пас Худованд мегӯяд: Дар шукри ин неъматҳо чӣ кардӣ?
Он мард гӯяд: Дар роҳи Ту ҷиҳод кардам ва шаҳид гардидам.
Худованд гӯяд: Дурӯғ гуфтӣ, ту ҷанг кардӣ, то туро  далеру қаҳрамон гӯянд ва ин унвонҳо ба ту дода шуд.
Пас амр карда мешавад фариштагонро, ки бикашед ӯро ба сӯи ҷаҳаннам ба рӯй, ҳатто ки партофта мешавад дар оташ. Ва дигар марде, ки таълими илм намуда ва дигаронро низ омӯхтааст ва Қуръонро тиловат карда, оварда мешавад ва неъмати Худованд ба ӯ арза мегардад ва ӯ ба он неъмат эътироф мекунад.
Худованд мегӯяд: дар шукргузории неъматҳо чӣ кор кардӣ?
Он мард мегӯяд: омӯхтам илмро ва дигаронро омӯзондам ва барои ризои Ту тиловати Қуръон кардам. Худованд мегӯяд, дурӯғ гуфтӣ, локин ту илм омӯхтӣ, то туро  донишманду олим гӯянд ва Қуръон хондӣ, то туро қорӣ ва хонандаи Қуръон гӯянд, пас барои ту чунин гуфта шуд (ба мақсад ва ниятат расидӣ). Баъд аз он амр карда шавад барои ӯ, ки кашида шавад ба сӯи ҷаҳаннам ва партофта шавад дар он. Ва дигар марде, ки зиндагии фароху осуда барои ӯ насиб шуда ва додааст Худованд  ӯро  моли зиёд, пас оварда мешавад ӯро ба ҳисобгоҳ. Худованд неъматро ба вай арза мекунад ва ӯ ба он неъмат эътироф менамояд. Худованд гӯяд, чигуна шукргузорӣ кардӣ аз онҳо? Он мард гӯяд, раҳо накардам роҳеро, ки дӯст медоштӣ, то дар он роҳ садақа карда шавад, магар ки моламро дар он роҳ садақа кардам холис барои Ту.
Худованд гӯяд, дурӯғ гуфтӣ, локин анҷом додӣ ин амалро, то гуфта шавад фалонӣ сахӣ ва ҷавонмард аст. Пас ин сухан гуфта шуд, баъд барояш амр содир шавад ва бо зиллату хорӣ ба сӯи ҷаҳаннам кашида ва дар он партофта шавад, (ривояти имом Муслим).
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: Ба ҳақиқат Худованд (дар охири замон) намегирад илмро гирифтане, ки бо кашидан бошад аз бандагон (монанди кашидани ҷон аз бадан), валекин мегирад илмро бо миронидани уламо, ҳатто ки олиме боқӣ намемонад. Баъдан мардум ҷоҳилонро барои худ сарвар интихоб ва аз онҳо масоилро суол мекунанду фатво мепурсанд. Онҳо бидуни дониши динӣ ҷавоб медиҳанд. Пас онҳо (аз сабаби ҷаҳолат дар дин гумроҳ шаванд) ва дигаронро низ гумроҳ кунанд, (Муттаваққун алайҳ).
Аз Касир ибни Қайс ривоят шудааст, ки гуфт: Ман бо Абидардо дар масҷиди Димишқ нишаста будем, марде назди Абидардо омаду гуфт: Ай Абидардо, аз Мадинатур-расул  омадам барои шунидани ҳадисе, ки хабардор шудам ту онро аз Расули Худо ривоят кардаӣ ва ҳоҷати дигаре ғайр аз шунидани он надорам.
Абидардо гуфт: Шунидам Расули Худоро, ки мегуфт, касе равад роҳеро, ки дар он талаби дин кунад, Худованд барад ӯро ба роҳе аз роҳҳои ҷаннат ва ҳақиқат малоик розианд, ки болҳои худро барои толибилмон фарш кунанд. (Шореҳи ҳадис дар «Ламаъот» мегӯяд, вазъи ҷаноҳ, яъне фарши бол киноя аст аз илтифот ва инқиёду руҷуъ ба раҳмат ва инъитоф, олиме, ки ҳамаи аҳволи ӯ мувофиқи тариқи талаби илм ва мутобиқи ризои Ҳақ бошад). Ва ҳақиқат аз барои олим талаби омурзиш мекунад, касоне, ки дар осмонҳо ва замин ҳастанд ва моҳиёне, ки дар қаъри дарё қарор доранд. (Шореҳ мегӯяд, мурод тамоми ҳайвонот аст, валекин тахсис ба зикри моҳиён ишора ба он аст, ки об аз осмон ба баракати уламо меояд, ки зиндагии моҳиён дар он аст. Чуноне воқеъ шудааст, бо сабаби уламо боронҳо ва ба мардум ризқ дода мешавад. Ҳеҷ чизе аз аснофи аҳли олам нест, ки салоҳ ва вуҷуду бақои вай, мақсуд ва манут ба илм набошад).
Дар ҳақиқат фазли олим бар обид мисли фазли моҳи шаби чаҳордаҳ бар ҳамаи ситорагон аст. (Шореҳ мегӯяд, агар гӯянд олим бе ибодат нахоҳад буд ва олими беамалро фазле нест ва ҳамчунин ибодати беилм дуруст набошад, пас фарқи миёни обиду олим чист? Мурод аз олим касест, ки баъди таҳсили илм иктифо ба ибодати зарурӣ аз фароиз ва суннатҳои муакада намуда, вақти худро сарфи таълими илм, тасниф ва дигар масоили илмӣ менамояд, монанди нашри илм ва тарвиҷи дин.
Мақсад аз обид касест, ки баъди таҳсили илм ба ибодат машғул мешавад ва вақти хешро ба он мегузаронад. Чун фоидаи нашри илм ва иштиғол ба он дар дин бар фоидаи умуми мардум аст. Бинобар ин, фазли вай бар обид бештар аст, чуноне ин мазмун аз аҳодиси дигар низ фаҳмида мешавад).
Шайх Саъдӣ ҳам хеле зебо гуфтааст
Соҳибдиле ба Мадраса омад зи хонақоҳ,
Бишкаст суҳбати аҳли тариқро.
Гуфтам: Миёни обиду олим чӣ фарқ буд.
То ихтиёр кардӣ аз он ин фариқро?
Гуфто, ки ӯ гилеми худ ба зур мебарад зи мавҷ.
В-ин ҷаҳд мекунад, то бигирад ғариқро.
Ва дар ҳақиқат уламо вориси паёмбаронанд ва ба ҳақиқат паёмбарон мерос нагузоштанд динору дирҳамеро ва фақат илмро мерос гузоштаанд. Пас «касе илмро ба даст оварад, ҳиссаи комиле аз динро ба даст овардааст», (ривояти Имом Аҳмад ва Тирмизӣ).
Аз Абиумомаи Боҳилӣ накл аст, ки гуфт: Зикр карда шуд дар назди Расули Худо (с) ду нафарро, яке олиму дигapе обид, яъне аз он Ҳазрат(с) пурсида шуд, ки кадоме аз ин ду афзал аст?
Расули Худо (с) фармуд: Фазли олим бар обид, мисли фазли ман бар аднои шумост (шореҳ мегӯяд, таваҷҷуҳ бояд кард, ки ин чи муболиғаест, аввал фазли он Ҳазрат бар ҳамаи паёмбарон аст ва бар саҳоба ва бар он, ки аз ҳама асҳоб дар мартабаи поёнтар қарор доранд). Баъдан Расули Худо (с) фармуданд: Ба ҳақиқат Худованд малоикаҳои Ӯ, бошандагони осмону замин, ҳатто мӯрчагон дар сурохҳояшон то моҳиёни дарё, албатта дуруд мефиристанд муаллимеро, ки мардумро дарси накӯкорӣ меомӯзад, (ривояти Имом Тирмизӣ ).
(Шореҳ мегӯяд, мақсад аз хайр, илму ҳикмат аст ва дар ин ишорат аст бар иллати тафзили олим бар обид. Бар он ки ин фазилат барои олимест, ки таълим мегирад илмро ва ба мардум интиқол медиҳад онро).
Аз Абусаъиди Худрӣ  нақл аст, ки Русули Худо (с) гуфт: Дар ҳакикат мардум шуморо, ( ки ёрони манед, бо ман суҳбат дошта илмро аз ман бевосита гирифтаед) тобеъу пайраванд. Мардумоне аз гӯшаву канори ҷаҳон назди шумо меоянд, дар ҳолате, ки мехоҳанд илми динро аз шумо биомӯзанд. Пас агар ин мардум ба назди шумо омаданд, онҳоро тавсия ба кори хайр кунед ва таълими илми дин намоед, (ривояти Имом Тирмизӣ).
Аз Ибни Абос (р) нақл аст, ки Расули Худо (с) фамуд: Як нафар фақеҳ сахттар аст бар шайтон аз ҳазор обид, (ривояти Имом Тирмизӣ).
(Шореҳ мегӯяд, агар мурод ба фақеҳ шахсест, ки дода шудааст ӯро фаҳм дар дин, дарки мавориду мадорики он, пас вай шахсест, ки ориф аст ба мақоиди шайтон ва мадохили вай, илми хавотир ва тамиз дар он. Ва агар мурод олим ба аҳкоми дин ва шариъат ва тавзеҳи он аст, аз ҷоиз ва ноҷоиз заруратан барҳазар хоҳад буд аз вуқуъ дар муҳаррамот ва ақлаш он ки маъсиятро нодида нахоҳад гирифт ва майл ба ҳалол донистани он нахоҳад кард, то кофар шавад бар хилофи обид, ки дар ин ду дараҷа бо ӯ баробар нест).
Аз Анас (р) накл аст, ки Расули Худо (с) фармуд: Талаби илм ба ҳар як мусалмон фарз аст, (ва дар Муснади Имом Абуҳанифа чунин омадааст: Талаби илм ба ҳар марди мусалмон ва зани мусалмон фарз аст).
(Шореҳ мегӯяд, мақсад аз илм, илми заруриёти ҳаёти муслимин аст. Масалан, касе дар Ислом ворид шуд, омӯхтани ҳама заруриёти динӣ бар ӯ фарз мегардад ва агар кору амалеро интихоб кард, илми он низ фарз мешавад ва бар ҳамин такдир бояд дараҷабандӣ кард).
Илми варосат
Лозим медонем бар асоси он чи дар аҳодиси шариф зикр гардид, таваққуфе дошта бошему мулоҳизоте чанд нисбат ба иршодоти зикргардида дар мутуни ҳадис иброз намоем. Чунончи, барои донишмандон пӯшида нест ва дар ин мавзӯъ низ ибрози назар кардаанд, арзиши ҳар илме алоқаманд ба мавзӯи баҳси он аст. Мавзӯъ ҳар қадар арзишманд ва бузург бошад, дараҷаи илме, ки дар бораи он баҳс мекунад, ба ҳамон андоза оливу болост. Аз ҳамин лиҳоз, мавзӯи дин, ки дар зиндагии инсон ҳадафи усулист, аҳамияти ин илм ва он чи ба он тааллуқ мегирад, то ҷое муҳиму арзишманд аст, ки муаллими он Худованд ва таълимгирандаи аввал ва мударрисаш паёмбаронанд. Ҳифзи ин илм ва таълиму тадриси он, посдорӣ аз ҳарими илми Худованд мебошад, ки ҳамчун дарвозаи раҳмате ба рӯи мардум кушода шудааст. Илми дин таъйинкунандаи мақсади зиндагии башар аст, ки тамоми фаъолияти инсонро пушиши ҳидоятӣ  мебахшад. Дар ҳақиқат, метавонем бо имони комил бигӯем, касоне ин илмро меомӯзанду густариш медиҳанд, дарҳои раҳмати Худовандро ба рӯйи ҷаҳониён мекушоянд ва аз кушода мондани он ҳимоят мекунанд.
Донишманди фарзонаи ҷаҳони Ислом, устоди марҳум Сайид Сулаймони Надавӣ  дар китоби «Рисолати Муҳаммадӣ» баҳсеро перомуни ҳикмати офариниш ва ғоятшиносии ҳаёт ироъа кардааст. Устод баъд аз баёни ғояти хилқат ва ҳикмати он, ки дар даруни ҳар шайе аз ашёи ин ҷаҳон нуҳуфта ва ҳар кадоми он ҳикмат ва ғояро ба шакли муносибе, ки барои он ашё таъйин шудааст, ибрози андеша мекунад. Ва дар мавриди хикмату ғояти вуҷуди инсон чунин менависад: «Инсон ба иллати он ки Худованд ба ӯ ақли саршор, раъйи равшан, андешаи жарфнигар ва дониши латиф бахшидааст, кулборе аз масъулият ва воҷиботро бар уҳдааш гузоштааст. Ин масъулияту воҷибот дар забони шаръ ба номи «таклиф» ёд мешаванд ва ин таколиф ба эътибори қувваи зоҳирӣ ва ботинии одамӣ ба ӯ супурда шудааст. Ин масъулиятҳо, ки дар ҳудуди тавон ва қудрати одамист, бархоста аз бахшишҳои илоҳӣ  бар ӯ мебошанд. Чунончи дар ояти карима омадааст: «Худованд қатъан ҳар нафсеро дар ҳадди тавонаш амр фармудааст »(«Бақара», ояти 286).
Худованд дар ояти дигар аз ин таклиф ба амонат таъбир намуда мефармояд: «Мо арз кардем амонатро бар осмонҳо  ва замин ва кӯҳҳо аз амри он ибо карданд ва тарсиданд ва инсон онро ҳамл кард, дар ҳақиқат ӯ ситамгору нодон аст», (Сураи «Аҳзоб», ояти  72).
Устод тафсири ин ояти шарифро баъдан чунин баён мекунад: “Касе ба зулм ва ҷаҳл муттасиф мешавад, ки мукаллаф ба адлу дониш шуда бошад. Зулму ҷаҳл аз сифоти одамист, ки дигар мавҷудот ба он муттасиф нестанд. Зеро ҷуз инсон дигар ҳеҷ яке ба адлу илм мукаллаф нестанд. Бинобар ин, ду сифат аз сифоти инсон, яке зидди адл асту дигаре зидди илм. Зулм иборат аз таҷовузи инсон аз ҳудуди муайян ва истеъмоли қувваи феълии зохирӣ дар ғайри маҳал аст. Ҷаҳл бошад аз нуқсони қувваи илмиест, ки дар инсон роҳ меёбад. Дар муқобили золимон адл ва дар муқобили ҷоҳилон олим мебошад. Адлу илм ду суфатеанд, ки инсон билқувва бад-он муттасиф мегардад, на ба феъл.
Бинобар ин, инсон ниёзманди адл мегардад, то қувваи амалии худро такмил кунад, ҳамчунин ниёзманди илму маърифат аст, то қувваи илмии худро такмил намояд. Куръони карим гоҳо адлро ба амали солеҳ ва илмро ба исми имон ном бурдааст. Чунончи Худованд мефармояд: «Қасам ба замон, ки ҳароина одамӣ дар зиёни худ аст, магар онҳое, ки имон оварда, амали шоиста карданд».
Биноан касе, ки амали солеҳ накардааст, дар ҳақиқат ба худ зулмро раво дида, касе имон ба Худо наовардааст, дар ҳақиқат ҷаҳл намудааст. Аз зиёну хусрон касе наҷот меёбад, ки имон оварда, амали солеҳ анҷом додааст. Ба ин тартиб, Худованд замонаро дар ин оят шоҳиди зиёнкорон ва аҳли хусрон муаррифӣ намудааст. Он чи аз муҳтавои ин оёт фаҳмида мушавад, он аст, ки мақсад аз замон ҳаводис ва рӯйдодҳоест, ки аз оғози офариниши ҷаҳон рух додаанд. Таърихи ҷаҳон гувоҳи он аст, ки ҳар миллате ба Худо имон наовард ва амали шоиста анҷом надод, дар натиҷа хусрон дида, ҳалок гардидааст”, (Рисолати Муҳаммадӣ, саҳ. 30-32).
Аз ин таҳқиқ чунин натиҷа ба даст меояд, ки Худованд аз миёни ҳамаи махлуқот инсонро зарфи амонати Худ қарор дода, ҳикмати худовандӣ асрори зиёдеро дар он захира намудааст. Илми дин ягона масдару махраҷест, ки захираи ин зарфро ба саҳнаи ҳаёт бо мизони адлу инсоф ҷорӣ намуда, пайвандҳои табииро солим нигаҳ медорад ва пайвандҳои иродиро хидоят намуда, ба онҳо қотеъияту ҷуръати амал мебахшад. Илми дин инсонро аз банди тахмину гумон, ҳадсу фарзия, таваҳҳуму васваса, шакку шубҳа ва дигар ваҳмиёте, ки хоҳу нохоҳ дар зиндагӣ буруз мекунанд, наҷот медиҳад. Ба таъбири Мавлоно:
Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман,
Аз даруни ман наҷуст асрори ман.
Меъёри муносибатҳо замоне тахаюлӣ ва дур аз ҳақиқат бошанд, ҳатман таъвилҳои ғалат ва ҳукмҳои ҷоҳилона дар шинохти моҳияти инсон ва ҳадафи зиндагии ӯ пеш хоҳад омад, ки намунаи он дар тамомии тӯли таърих вуҷуд дорад.
Илми ҳаёт
Мехоҳем ба нуктае ишора кунем ва он нукта ин аст, ки илми дин аз лиҳози ҳифзу амал ба он, аз осебпазиртарин илмҳо маҳсуб мешавад. Осебпазирӣ аз ҳайсияти ҳифзи илми дин он аст, ки дар ҳар кавме он пойдору устувор шавад, нуфузу гаъсиргузории мухолифонаш дар аҳли он қавм душвор, ҳатто номумкин мегардад. Таҳаввулоти таърихӣ нишон додааст, ки мусалмонон замоне рӯ ба инҳитот оварданд, ки илми дин дар байни онҳо заъиф шуд. Аз таҳқиқоти донишмандони исломӣ чунин бармеояд, ки бадхоҳони уммати исломӣ чӣ дар гузашта ва чӣ дар асри ҳозир барномаи мубориза бар алайҳи Ислом ва нуфуз дар кишварҳои мусалмоннишинро аз заиф гардондани дониши динӣ шуруъ намудаанд ва бо тамоми тавонашон болои ин барнома кор кардаанд. Ин ҷо бо овардани назари усгоди марҳум Ғаззолии Мисрӣ иктифо карда, ба баҳси илмии ин мавзӯъ намепардозем. Устод менависад: “Таърихнигорон дар ин мавзӯъ иттифоқи назар доранд, ки пушти ҷараёнҳои сиёсӣ ё низомӣ ногузир бояд фалсафаҳои ақидатӣ, маънавӣ, адабӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоъӣ вуҷуд дошта бошанд. Ҳаракатҳои низомӣ ё сиёсии фоқиди ин навъ фалсафа бештар ҷангали дуздонро мемонад, ки ба зуддӣ поён меёбад. Муғулон якрӯза тамоми ҷаҳонро тасоҳуб карданд, вале ин тасоҳуб тайи ҷангҳои ваҳшиёнаву бошитоб сурат гирифт ва ба ҳамин ҷиҳат ҷаҳон тайи ҷангҳои шитобон аз онҳо  раҳо  ёфт. Муғулҳо осоре аз худ ба ҷо нагузоштанд, зеро чизе дар пушташон вуҷуд надошт, ки онҳоро ба ҳаракат дароварад. Муҳаммад Алӣ Пошо дар остонаи гирифтани хилофати туркони усмонӣ буд, вале аз он ҷо, ки қазия танҳо  пуштибонии низомӣ дошт, ба ҷое нарасид. Аз як ҷиҳат метавон ин қазияро бар давлати Усмонӣ татбиқ дод, барои он ки ин давлат дар оғоз бар асоси Ислом шакл гирифта буд. Муҳаммад Фотеҳ, марди рӯзадор ва ибодатгузор буд, фарзандонашро мудом ба тиловати Қуръон ва кори шоиста ташвиқ ва тавсия мекард. Дар оғоз фалсафаи ақидатӣ  вуҷуд дошт, вале чанде баъд, қазия поён ёфту ҳукумат шакли салтанатӣ ба худ гирифт.
Истеъмори Ғарб низ дар пушти худ фалсафаи иҷтимоӣ дошт. Инқилоби Фаронса ва инқилоби коммунистӣ ҳам дар пушти худ навиштаҳои фикрӣ доштанд. Навиштаҳои Жан Жак Руссо китобҳои Монетескиё ва нивиштаҳои дигар раҳбарони фикрии Аврупо дар пушти инқилоби Фаронса қарор доштанд.
Дар пушти ҳаракати исломӣ ё инқилоби исломӣ Қуръони карим қарор дошт ва ин рози пирӯзии он буд. Ҳамин омил сабаб шуд, ки дар саддаи аввал дар тамоми ҷаҳони шинохташудаи он замон густариш ёбад ва ҳеҷ бахше аз дунёи онрӯзаро боқӣ  нагузорад. Вале бақияи ҷаҳон ба гунае боқӣ монд, ки гӯё дар минтақае соямонанд ба cap мебаранд ва дар даруни уммати исломӣ зери сояи Қуръон ва омӯзаҳояш мезист. Баъд аз он ки фалсафаи Қуръон ва фарохонии он доман барчид ва ранг бохт, уммати исломӣ  табдил ба мардумони шабеҳи муғулон шуданд, ки бе ҳеҷ фалсафае ноогоҳона меҷангиданд ва дар ниҳоят кор ба ҷое кашид, ки инак мушоҳида мешавад”.
Устод Муҳаммади Ғаззолӣ баъди изҳори назари судманд, чунин натиҷа мегирад: “Тамоми уммат ногузир бояд ба қонуни устувори хеш рӯ оварад, аркону пояҳои бузурги ин қонунро лузуман бояд дубора сохт, уммату ҷомеъаҳои дигар низ чунин мекунанд. Ҳеҷ кас нест, ки бигӯяд, ҳизби муҳофизакор, ҳизби коргар ё ҳизби озодагии инглис намунаҳои ҳувийятҳои мустакиланд. Тамоми ин аҳзоб як император доранд, ки онро ба ҷои Худо парастиш мекунанд”, («Таъомули равишманд бо Куръон», саҳ. 345-348).
Иқбол низ дар ашъораш ба ҳамин мавзӯъ ишора мекунад, ки:
Чун шавад андешаи қавме хароб,
Нocapa гардад ба дасташ сими ноб.
Мавҷ аз дарёш кам гардад баланд,
Гавҳари ӯ чун садаф ноарҷманд.
Бинобар ин, илми дин агар аз ҳофизаи миллат зудуда шавад, ҳама арзишҳои вуҷудии уммат, ба хусус уммати мусалмон, ки ҳама қолабҳои миллӣ  ва таърихияш бо Ислом поярезӣ ва такмил шудааст, қимати худро аз даст хоҳад дод. Масалан, оё имкони адабиёти классикро аз адабиёти замонҳои дигар ҷудо кардан вуҷуд дорад? Ба фарзи ин ки агар ҷудо карда шавад, дигар чӣ боқӣ хоҳад монд? Бешак, он усулҳои адабие, ки пояи асосии адабиёт аст, аз ҷумлаи илми арӯз, маъонӣ, баён, бадеъ ва ғайра куллан аз байн хоҳад рафт. Чунончи, муҳаққиқони адабӣ мегӯянд, баъд аз асри 15 адабиёт ба тадриҷ инзиботи худро аз даст дода, то имрӯз ба ҷуз шеъру сурудаҳои парешон дигар ҳеҷ бунёни муҳими адабие зуҳур накардааст.
Ин матлабро барои он ишора намудем, ки тамоми дастовардҳои таърихии миллат, ки илми дин асоситарин такягоҳи он ҳаст, ба ҳамин гуна ҳолат дучор хоҳад омад. Бинобар ин, ҳифзи дониши дин ҳифзи ҳамаи буду набуди миллат ва кафили суботи давлатсози милали мусалмон мебошад.
Хатари амалӣ
Бояд тазаккур дод, ки илми дин пеш аз он ки инсонро вориди майдони зиндагӣ  кунад, таълимоту қоидаҳоеро бар уҳдаи ӯ мегузорад, ки ҳатман бояд амалӣ гарданд. Амалӣ шудани ин қоидаҳо маҳдудияту масъулиятҳоеро ҳам дар пай дорад, ки бо дастуроти динӣ ҳукми он бо ирода ва интихоби инсон татбиқ мешавад. Татбиқи ин дастурот, ки асоси иродӣ ва таъаккулӣ доранд, як навъ мухолифатро бо қувваҳои табиӣ  ва шаҳвонӣ ба вуҷуд меорад, ки дар баъзе мавриду мароҳили ҳаёти башарӣ аз таҳти дастуроти динӣ хориҷ мешаванд. Аз ин лиҳоз илми дин, ки муайянкунандаи ҳадафу мақсади ҳаёти инсонист, монанди ҳамаи масоили ҳаётӣ, мушкилоти амалӣ дорад. Чунончи, бақои ҳаёт аз рӯйи лузуму зарурат ниёзманди шароит ва унсурҳоест, ки бидуни онҳо бақои ҳаёт ва идомаи он имконнопазир мебошад. Дин ҳам бидуни мавҷудияти муқтазиёташ наметавонад дар вуҷуди инсон боқӣ бимонаду идома ёбад. Сирри ҳамеша мавриди таҳдид қарор гирифтани ҳақиқати дини холис он аст, ки бо хоҳишоти гайри машруъ, чӣ дар фард ва чӣ дар ҷомеъа, мухолифат мекунад. Вале диндории махлут бо хурофот ва бидъатҳо чандон мавриди таҳдид қарор намегиранд, балки дар баъзе маврид аз тарафи ниҳоду гурӯҳҳои муайян ҳимоя мешванд.
Бинобар ин, Худованд ҳимояту муҳаббаташро барои афрод ва гурӯҳе, ки дастуроту фармонҳои Ӯро итоъату риъоят мекунанд, эълон доштааст. Чунончи: «Ҳамоно Худованд аз касоне, ки имон овардаанд, ҳимоят мекунад» (сураи «Ҳаҷ», ояти 38). «Худованд муттақиёнро дӯст медорад», «…Худованд накӯкоронро дӯст медорад», «….Худованд адолатпешагонро дӯст медорад» (сураи «Хуҷурот», ояти 9), «…Худованд таввобин (бозгардандагони аз гуноҳ) ва покизагонро дӯст медорад» (сураи «Бақара», ояти 222).
Дар баробари ин, Худованд анҷомдиҳандагони аъмоли мункарро ҳушдор дода, ба ваъдаи азобу дурӣ аз раҳматаш таҳдид намудааст. Чунончи: «Худованд золимонро дӯст намедорад», «Худованд хоинонро дӯст намедоард», «Худованд таҷовузгаронро дӯст намедорад», «Худованд душмани кофирон аст».
Бо таваҷҷуҳ ба маъонии оёти зикргардида равшан мешавад, ки илми дин бо тақвияти ҷанбаҳои инсонӣ  дареро ба рӯи ин ҷаҳон мекушояд, ки воридшавандагони он ҳатман дорои сифоту дараҷоте бояд бошанд, ки назди Худованд писандида аст.
Аллома Иқбол дар ин маънӣ  гуфтааст:
Чу гӯям ман мусалмонам, битарсам.
Ки донам мушкилоти ло илоҳро.
Хулоса, илми дин бино кардани кохи одамият ва ҳимояту ҳифозат аз он аст.
Таҳдиди ҷиддӣ
Акнун лозим медонем аҳодисеро ба тариқи намуна зикр кунем, ки дар он таълимоту раҳнамоиҳое барои уммати исломӣ  баён шудааст. Яъне барои саломат мондани ҳаёти  динӣ  таваҷҷуҳ ба онҳо аз заруриёти мусалмонон ба тумор меравад. Ин аҳодис ангушт рӯи нуктаҳое мегузоранд, ки ғолиби эъиқодот аст, ки таълимоти динӣ аз он мутаҳаммили зараре нашавад. Ин нуктаҳо бештар аз ҳама ба аъмоле тааллуқ доранд, ки анҷомдиҳандагони онҳо ҳомилони илми дин ва сухангӯёни шариъати исломианд. Он чи дар ҳофизаи таърихи муслимин боқӣ монда ва caбт шудааст, гувоҳи он мебошад, ки зарари аз тарафи донандагони илми дин ба мусалмонон воридшуда, то ба ҳаддест, ки қобили ҷуброну ислоҳ нест ва ё ислоҳ ва бартараф кардани он душвориҳои зиёдеро ба ҳамроҳ дорад. Таърих шоҳид acт, гypyҳе бо унвонҳои илмӣ қисмате аз мусалмононро гирифтори каҷравию бадфаҳмӣ  кардаанд ё ба истилоҳи шаръӣ,  бидъатҳоеро асос гузоштаанд, ки чандин насле аз муслимин зарару заҳмати онро чашидаву мечашанд. Чунончи, аллома Иқбол мегӯяд:
Ба масҷид муллои кофаргаре гуфт,
Ҳадиси хуштар аз вай кофаре гуфт,
Надонист он ғулом аҳволи худро,
Ки дузахро макони дигаре гуфт.
Бояд тазаккур дод, ки ин аҳодиси ҳидоятгар замоне аз забони ҳазрати Расули гиромӣ (с) баён шуданд, ки аз ин мусибатҳои дар сахифаҳои таърихи уммати исломӣ  сабтшуда хабаре набуд. Аммо ҳикмати нубувват аҳволи ояндаи умматро дар маърази андеша ва аҳамияти ворисони ҳақиқӣ ва муъминони содиқ қарор дод, то худ барҳазар бошанд ва дигаронро низ барҳазар доранд, ки набояд як чунин ҳолате барои мусалмонон пеш биёяд, бахусус уламо гирифтори он гарданд.
Уммие буд, ки мо аз асари ҳикмати ӯ,
Огаҳ аз сирри ниҳонхонаи тақдир шудем.
Дар ҷаҳон як шарари бохтаранге будем,
Назаре карду хуршеди ҷаҳонгир шудем.
Нуктаи ишқ фуру шуст зи дил пири ҳарам,
Дар ҷаҳон хор ба андозаи тақсир шудем.
Оре, ҳақ ҳамин аст, ки аллома Иқбол гуфтааст, тақсири мо сабаби асосӣ дар таҳқири мо гардид. Нуктаеро мехоҳем ин ҷо ишора кунем ва он нукта ин аст, ки Ислом даъвати худро дар тамос ба зиндагии мардум оғоз кард ва касоне, ки динро мепазируфтанд, бо он зиндагӣ  мекарданд. Ҳамин тамоси мустақими Ислом бо ҳаёт илми дин, ҳадис ва оётро таҷассум мекард. Мусалмонони садри Ислом таълимоти динро аввал фаро мегирифтанд, сипас онро дар зиндагӣ татбиқ менамуданд ва баъд аз ин онро китобат мекарданд. Ин равиш, ки асоси суннати Расули Худо (с)-ст, яқинан ҳидоятгари он буд, ки муслимин дар шинохти ақшори ҷомеъа дучори иштибоҳ нашаванд, ҳаққонияти диндориро бо маълумоти аз дин яксон надонанд. Ин масъала ба ҳадде муҳим дониста мешуд, ки котибон ва ҷамъоварандагони аҳодиси шариф дар нақли ҳадис диёнати ровиёнро ҳамеша мадди назар қарор медоданд ва ҳар ровие, ки камтарин шубҳае дар зиндагии динияш вуҷуд дошта бошад, ривояташро муътабар намедонистанд.
Аҳодиси шарифе, ки зикр хоҳем кард, барои рафъи хатарот ва ҳолатест, ки набояд миллати мусалмон гирифгори он гарданд ва агар як чунин ҳолате пеш ояд, барои бартараф кардами он талошу фидокорӣ намоянд.
Аз Зиёд ибни Валид нақл аст, ки Расули Худо (с) чизеро (аз фитна ва ибтило) зикр карданд, баъд фармуданд: “Ин фитна замоне воқеъ мешавад, ки илм аз уламо биравад”. (Ровӣ  мегӯяд: ”Гуфгам: Эй Расули Худо, илм чигуна аз уламо меравад ва ҳол он ки мо Қуръон мехонем ва ахкоми онро медонем ва фарзандонамонро таълим мекунем ва фарзандони мо низ фарзандонашонро меомӯзонанд, то рӯзи Қиёмат силсилаи илм идома меёбад. Пас Расули Худо фармуданд:), “Модарат бар ту гиря кунад эй Зиёд, ман туро аз донишмандону фақеҳони Мадина мешуморидам. (Аҷаб, мафҳуми сухани маро нафаҳмидӣ, гумон бурдӣ, ки хондани Куръон ва омӯхтани илм бидуни амал чизе ҳаёт ё ҳар касе омӯхт, амал кард? Чунин нест). Оё ҳамин тоифаи яҳуду насоро Таврот ва Инҷилро намехонанд? Ҳол он ки ба чизе аз ин китобҳо амал намекунанд, (Ривояти имом Аҳмад ва Ибни Моҷа).
Аз ҳазрати Алӣ  (р) нақл аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Наздик аст биёяд бар мардум рӯзгоре, ки боқӣ намемонад аз Ислом фақат номаш (аз амал асаре нест), боқӣ  намемонад аз Қуръон, магар расмаш. (Шореҳ мегӯяд: мегӯяд мурод ба расми Қуръони маҷид ҳуруф ва дуруст хондани лафз бетафаккуру тадаббур дар маъно ва амал ва навоҳияш мебошад). Масҷидҳо ободанд (Шореҳ мегӯяд: “Гурӯҳе оянд дар ваӣ на аз барои ибодат ва зикри ҳақу дарси илм) ва ҳол он ки он масҷид вайрона аст аз ҳидоят (аз илм ва ибодат), донишмандони онҳо  бадтарин инсонҳои зери осмонанд, аз назди ишон фитнаву бало хориҷ мешавад. (Шореҳ мегӯяд: ин фитна ва бало ба сабаби кӯмаки золимон ва ситамгарон аст). Ва ҳамин фитна бар болои фитнагарон бармегардад. (Шореҳ мегӯяд: ин фитна ночор бар болои фитнагар бо ғолиб гардондани золимон бар онҳо бармегардад. Чунончи гуфтаанд: “Ҳар кӣ халқи Худоро биёзорад, то дили махлуқе ба даст орад, Худои таъоло ҳамон золимро бар ӯ мусаллат кунад, то димор аз рӯзгораш бароварад), (Ривояти Байҳақӣ дар «Шаъбул имон»).
Аз ҳазрати Ҳузайфа (р) нақл аст, ки Расули Худо фармуданд: “Эй гурӯҳи қориён (олимони илми Куръон!), дар роҳи рост собитқадам бошед, яъне дар роҳи шариъат. (Шореҳ мегӯяд: мурод аз он уламои Қуръон ва суннат аст), пас шумо дарёфтаед аввали Исломро. (Шореҳ мегӯяд: шумо дар роҳи рост ҳаракат кунед, зеро аввали Исломро дарёфтаед. Пас ба Китобу суннат чаш бизанед, ба сӯи хайрот шитоб кунед. Касоне, ки баъди шумо меоянд, агарчи амали шуморо анҷом диҳанд, ба манзалати шумо намерасанд аз ҷиҳати собиқ буданатон дар Ислом). Ва агар ба тарафи чап ва ё рост майл мекунед (роҳи ростро раҳо карда), шумо дар гумроҳии ҷиддӣ қарор мегиред. (Шореҳ мегӯяд: сабақтум ба сиғаи маҷҳул низ хонда шудааст. яъне субиқтум.
Маъно чунин мешавад, ки дигарон ба истиқомат аз шумо пешӣ гирифтаанд, чигуна шумо барои худатон ба тахаллуф ба сӯи чапу рост розӣ мешавед, ки сабаби ҳалоки абадист) (Ривояти Имом Бухорӣ).
Аз ҳазрати Ҳасани Басрӣ нақл аст, ки гуфт: “Илм ду навъ аст, илме, ки дар дил аст. пас ин илм илми манфиъатдор мебошад. (Шореҳ мегӯяд: ин илм илми судманд аст барои мардум ва дар дуъоҳои маъсур онро аз Худо хоста шудааст) ва дигар илмест, ки дар забон мебошад (дар дил таъсир надорад ва ӯро нуронӣ намекунад), пас ин илми забонӣ ҳуҷҷати Худованд болои фарзандони одам аст. (Шореҳ мегӯяд: Худованд хоҳад гуфт: Шуморо илм додам, чаро ба он амал накардед? Аз ин лиҳоз гуфта мешавад як вой бар ҷоҳил ва ҳафтод вой бар олим…).
Аз Зиёд ибни Ҳудайр нақл аст, ки гуфт: “Барои ман Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: Оё медонӣ, чӣ чиз бинои Исломро мешиканаду вайрон мекунад?
Зиёд гуфт: Намедонам”.
Умар (р) гуфт: Мешиканад бинои Исломро лағжиши олим ва гуноҳ кардани он, ҷидолу низоъи мунофиқ бо китоби Худо. (Шореҳ мегӯяд: Ҷидолу низоъи бидъаткорон ва шубҳа афкандани ботилкорону таъвилҳои гумроҳкунанда, ки сабаби шакку тардид дар дин мешавад) ва ҳукумати амирону пешвоёни гумроҳкунанда (ва ҳукми амирони ситамгар, ки гумроҳкунандаи халқанд бар вафқи ҳаво ва шаҳавоти худ), (Ривояти Дорамӣ).
Аз Абидардо нақл аст, ки гуфт: Ба таҳқиқ бадтарини мардум назди Худованд аз рӯи қадру манзалат рӯзи Қиёмат олиме ҳаст, ки фоида намегирад аз илми худ ва амал ба он намекунад. Ба сиғаи маҷҳул олиме, ки нафъ бурда намешавад ба илмаш ба сабаби тарки таълиму тадрис ва тасниф ё ба тарки амри маъруф ва наҳйи аз мункар» (Ривояти Дорамӣ).
Аз Аҳвас ибни Ҳаким аз падараш Ҳаким ибни Умайр, ки гуфт Умайр: “Марде Набии Худо (с)-ро пурсид аз бадӣ ё мардуми бад.
Ҳазрати Расул (с) гуфт: “Маро аз бадӣ  напурсед, аз хайр пурсед”.
Ин калимаро се бор такрор кард, пас аз он гуфт: “Доно ва огоҳ бошед, бадтарини бадон олимони баданд ва нектарини некон олимони неканд”.
(Шореҳ мегӯяд: Зеро уламо пешво ва мардум пайраванд, бадӣ ва некии ишон ба мардум бештар сироят мекунад) (Ривояти Дорамӣ).
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд нақл аст, ки гуфт: Агар аҳли илм нигоҳ медоштанд илмро ва қадри онро медонистанду назди аҳлаш мегузоштанд, албатта, саиди аҳли замони худ мешуданд, (зеро ҳар кӣ иззати илм нигаҳ дорад, илм низ иззати ӯ нигаҳ медорад). Валокин илмро дар баробари аҳли дунё бохтанд, то аз дунёи онҳо чизе насибашон шавад. Пас хор шуданд назди аҳли дунё ва камарзиш гардиданд назди онҳо. Шунидам Пайғамбари шуморо, ки мегуфт: “Касе гардонад ҳамаи мақсадашро як мақсад, ки он касди охират аст, мақсадҳои дунёии ӯро Худованд бароварда кунад, касе мутафарриқ ва парешон гардонад ӯро қасдҳояш, ки аҳвол ва парешониҳои дунёст, Худованд бок надорад, ки дар кадом водӣ аз водиҳои дунё ҳалок шавад, (яъне аз назари раҳмати Худо дур мемонад).
Аз Ибни Абос (р) нақл аст, ки Расули Худо (с) фармуд: “Мардумоне аз уммати ман  дар оянда фақеҳони динӣ ва қориёни Қуръон хоҳанд шуд, онҳо мегӯянд, мо назди амирону ҳокимон меравем ва аз дунёи онҳо баҳраманд шуда, динамонро аз шарри онҳо нигаҳ медорем, (яъне дар корҳои гуноҳи онҳо шарик намешавем), ин кор шуданӣ нест, (яъне ҷамъ кардан байни фақеҳи динӣ ва тақарруби амирону ҳокимон натиҷа намедиҳад, магap зарар ва хусронро). Ҳамчуноне чинда намешавад аз қаттот, магар хорро, (қаттот дарахтест, ки ғайр аз хор чизи дигapе надорад), ҳамчунин ҳосил карда намешавад аз ҳамнишинии ҳокимон, магар зиёну вуболро. (Шореҳ мегӯяд: дар ин ҳадиси шариф, мустасно ҳазф шудааст, ба қаринаи мақом, дар ин сурат маъно чунин мешавад, ки зиёну зараре, ки аз ин ҳамнишинӣ ба вуҷуд меояд, забон аз таъбири он кӯтоҳ аст), (Ривояти Ибни Моҷа).
Аҳодиси шарифе, ки барои намуна ва тазаккур баён гардид, санаду ҳуҷҷати қавӣ ва инкорнопазир барои ҳамаи мусалмонон аст, вале аз ҷиҳати такмили бахс гузари кӯтоҳе ба таърих хоҳем дошт. Шавоҳиди таърихӣ ҳикоят аз он доранд, ки дар ҳар мақтаъе аз замон мусалмонон шукуҳу шавкате доштанд, сабаб он будааст, ки олимони ботақво ва шуҷоъу боғайрат тавонистанд ҳокимони замони хешро водор ба адолат ва амали солеҳ ва риъояи ҳуқуқи мардум намоянд, ки дар асари он илм ривоҷу равнақ ёфта, пешрафт насиби мардум гардидааст.
Устод Абулҳасани Надавӣ дар китоби арзимшанди хеш, “Таърихи ислоҳ ва даъват» зери сарлавҳаи «Инҳирофҳои ҷоҳилонаи даврони умавӣ” чунин менависад: Поёни ҳукумати рошида ва и

More From Author

You May Also Like