Инак, моҳи Рамазон моҳи нузули Қуръон ва фариштаи ваҳй, моҳи кушода шудани дарҳои раҳмати Офаридгор ва моҳи банданавозӣ ва нузули соири хайру баракот дар остонаи видоъ бо рӯзадорони ин моҳ қарор дорад. Аз як тараф, фарорасии иди саиди Фитр дилҳоро аз фараҳ лабрез менамояду аз сӯи дигар видоъи ин моҳи раҳмонӣ барои бандагони содиқу солеҳ басо сангину душвор тамом мешавад. Бо истифода аз ин фурсатҳои ғанимат дар робита ба рӯза доштани 6 рӯзе аз моҳи Шаввол сӯҳбате доштем бо донишманди ҷавон ва умедбахш, донандаи улуми исломӣ Ҷаннатуллоҳи Комил, ки онро тақдими хонандаи азиз хоҳем кард.
Домуллои мӯҳтарам, лутфан нахуст оид ба ҷойгоҳ ва фазилати рӯза доштани моҳи Шаввол, ки дар истқболаш қарор дорем, чӣ гуфтаниҳое доред?
Аввалан, банда бо арзи адаб ва эҳтиром тамоми мусалмонони азизи кишвар ва кӯраи заминро бо фарорасии иди саъиди Фитр табрику таҳният арз намуда, аз Парвардигори мутаъол қабули тоатҳо ва ибодоти бандагонашро дар тули ин як моҳ оҷизона хоҳонам.
Бешак, ҳар амали мухлисонае, ки барои ба даст овардани ризои Парвардигор аз ҷониби бандааш анҷом мепазирад, ҳарчанд он амал ба миқдори зарраи хурдтарин бошад ҳам, дар пешгоҳи Худованд холӣ аз аҷру савоб ва подош нест. Чӣ расад ба ин ки бандаи муъмин тули як рӯзи дароз барои қариби ҷустан бо Худои хеш аз хурдану нӯшидан ва ҳамбистарӣ бо ҳамсараш иҷтиноб меварзад.
Паёмбари гиромӣ дар ҳадиси шариф мефармояд: «Касе моҳи Рамазонро рӯза дорад ва пас аз он, 6 рӯзи Шавволро низ ба он тобеъ намояд, он ва мисли рӯзаи даҳр (тамоми умр) мебошад». (Саҳеҳ Муслим)
Оё рӯза доштан дар моҳи Шаввол ҳатмист?
Албатта, рӯза доштан дар ин моҳ на фарз аст ва на воҷиб, вале барои инсон аҷру савоб ва фоидаҳои зиёде дорад, ки қаблан зикр гирдид.
Шаш рӯз дар аввали моҳи Шаввол пай дар пай рӯза гирифта шавад ва ё дар давоми моҳ ҳар вақт метавон гирифт?
Шарт нест, ки он 6 рӯз дар аввали моҳ бевосита пас аз рӯзи Ид рӯза дошта шавад, балки метавонад баъдтар низ шаш рӯзе аз он моҳро рӯза бидорад, аммо беҳтар дар пайдарпай будани ин 6 рӯз аст.
Оё шахси рӯзадор дар моҳи Шаввол метавонад, дар меҳмонӣ ва даъватҳо ифтор намояд?
Аз назари Ислом, вақте ба хонаи шахси рӯзадор меҳмоне ояд, вай метавонад ба эҳтироми меҳмон рӯзаи нафлӣ, мисли 6 Шавволро ҳамроҳи меҳмон бихурад ва пас аз он дар фурсати муносибе қазои онро ба ҷой оварад.
Оё метавон ҳикматеро аз рӯза доштан дар ин моҳ зикр намуд?
Дар зарфи як моҳ бандаи муъмин ба иҷрои амр ва итоати Парвардигораш машғул буда, дар асоси барномаҳои рамазонӣ зиндагонӣ мекунад. Тибқи ин барнома, фаъолиятҳои ҷисмии худро ба танзим медарорад. Лиҳозо кори тамоми бадан, дастгоҳи гувориш яъне меъда, дил, ҷигар ва ғйра дигар мешавад.
Бинобар ин, пас аз поёни моҳи Рамазон бояд шахси рӯзадошта меъёри муайнеро дар хурду хӯроки худ риъоя намояд. Зеро истифодаи аз ҳад зиёди маводи ғизоӣ метавонад ба меъда зарари ҷиддӣ ворид намояд. Барои пешгирӣ аз чунин беморӣ Паёмбари акрам (с) рӯза доштани 6 рӯзи моҳи Шавволро низ тавсия намудааст. Валлоҳу аълам бисаввоб.
Ташаккур барои сӯҳбат.
Манбаъ: Сомонаи Наҳзат