Categories Uncategorized

Файзинисо Воҳидова: “Замони дуғу пуписа гузашт”

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи шинохтаи тоҷик имрӯз 4 – июл дар саҳифаи иҷтимоии худ навиштааст, ки  аз шуъбаи кадрҳои коллегияи адвокатҳо талаб намуданд, ки парвандаи шахсии ӯ ба ВКД пешниҳод карда шавад ва шахси зангзада худро кадом як корманди УБОП ва ё ВКД муаррифӣ намудааст. “Маълум, ки ин амалкарди масъулин бо навори телевизионии К+ рабт дорад.” – гуфтааст, ҳуқуқшинос.

“Тақдир ин будаст, ки имрӯз аз саҳар танҳо хабарҳои шум ба ман мерасанд ва ба назар чунин мерасад, ки агар сухане мекунӣ ё даҳоне мекушоӣ, ҳатман бояд ризоияти мақомотро бигирӣ.

– Аҷоиб. Ин масъулин кай аз қонунҳои амалкунандаи мурофиавӣ огоҳ мешуда бошанд, ки дигар он замони дуғу пуписа гузаштааст ва ба як талаби онҳо мисли таъма ягон кас ҳуҷҷате барои онҳо пешниҳод нахохад кард, зеро барои ин иҷозаи додгоҳ зарур аст.” – мегӯяд мавсуф.

Бояд гуфт, ки чанд рӯз қабл Файзинисо Воҳидова дар шабакаи К+ бештар як соат суҳбат ва аз адами адолати додгоҳиву нақзи ҳуқуқи сокинони Тоҷикистон шикоят карда буд.

More From Author

You May Also Like